Мақомоти Афғонистон: Толибон музокироти сулҳро ба бунбаст кашондаанд

© AFP 2023 / Karim JaafarДелегация движения "Талибан" (запрещено в РФ), прибывшая в Катар на переговоры с правительством Афганистана
Делегация движения Талибан (запрещено в РФ), прибывшая в Катар на переговоры с правительством Афганистана - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини дувуми раиси ҷумҳурии Афғонистон гуфт, Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия) бо пофишорӣ бар гунҷонидани мавзӯоти хос дар музокироти сулҳ, раванди гуфтугӯҳоро ба бунбаст кашондааст

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Сарвар Дониш, муовини дувуми раиси ҷумҳурии Афғонистон ахиран дар Кобул гутф, ки Толибон (гурӯҳи мамнуъ дар қаламрави Русия) бо ташдиди ҷанг, напазируфтани оташбас ва исрор бар гунҷонидани мавзӯоти хос дар дастури кори музокироти байни афғонҳо, сабаби шикасти музокироти Қатар шудааст.

Афганский полицейский В Кабуле за день до парламентских выборов - Sputnik Тоҷикистон
Даҳҳо куштаву захмӣ: боз як ҳамлаи хунини террористӣ дар Афғонистон

Вай бо ишора ба ихтилофи назари давлати Афғонистон ва Толибон барои таъйини дастури кори музокирот афзуд, Толибон исрор дорда тавофуқномаи ин гурӯҳ бо Амрико дар Доҳа мабнову марҷаи ҳамачиз бошад, дар ҳоле, ки давлат пешниҳод кардааст, ки мабнои ҳама чиз Қуръону суннат ё шариат бошад, аммо онҳо акнун барои касби қудрат аз шариат ҳам шона холӣ мекунад. 

Сарвар Дониш пеш аз ин низ бо таъкид бар идғоми Толибон дар низоми Афғонистон гуфйта буд, ки ин гурӯҳ метавонад аз тариқи интихоботи парлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ ба аҳдофи сиёсиаш даст пайдо кунад

Музокироти байналафғонӣ ҳудуди як моҳ пеш дар Қатар оғоз шуда, аммо то кунун натиҷае надоштаву ҷанг миёни тарафҳо даргир ташдид шудааст. 

Лентаи хабарҳо
0