Медицинский работник и пациенты во временном госпитале для пациентов с COVID-19 в ледовом дворце Крылатское.

Дод аз дасти коронавирус: афзоиши бесобиқаи гирифторони COVID-19 дар Осиёи Марказӣ

437
(Таҷдидшуда 11:41 26.10.2020)
Қаблан намояндаи СУТ дар минтақа низ изҳор дошта буд, ки бемории коронавирус дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар баёнияе бо таъйиди ибтилои 582 нафари дигар аз шаҳрвандони ин кишвар ба вируси куруно эълом кард, шиносоии ин теъдод мубтало аз замони шуюи вируси куруно дар Қирғизистон бесобиқа будааст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон афзуд, аз маҷмӯи ҳудӯди 47 ҳазор мубтало ба вируси куруно дар ин кишвар, ҳазору 126 нафар ҷон бохтаанд.

Вазорати беҳдошти Қазоқистон ҳам бо эъломи шиносоии 179 мавриди ҷадиди ибтило ба куруно, омори фавтидаҳо дар 24 соати гузашта бар асари ин бемориро 5 тан эълом кард.

Теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Эрон аз 32 ҳазор нафар гузашт

Ба ин тартиб, теъдоди кули афроди мубтало ба куруно дар Қазоқистон то кунун ба 110 ҳазору 86 нафар ва шумори ҷонбохтагон ба 1811 нафар расидааст.

Вазорати беҳдошти Ӯзбекистон ҳам эълом кард, бо ибтилои 115 тани дигар шумори мубталоён ба куруно дар ин кишвар ба 64 ҳазору 633 нафар расидааст.

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

Ин вазоратхона ҳамчунин марги 541 шаҳрванди узбакистонӣ бар асари ибтило ба куруноро таъйид кардааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам аз ибтилои беш аз 10 ҳазору 653 нафар ба куруно дар ин кишвар ва марги 81 тан бар асари ин беморӣ хабар додааст.

437
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

429
(Таҷдидшуда 13:41 02.12.2020)
Маълум шуд, президенти Тоҷикистон дар нишасти Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ чӣ мавзуъҳоеро баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Нишасти навбатии СПАД рӯзи чоршанбе, 2 декабр таҳти раҳбарии президенти Русия, Владимир Путин тариқи видеоӣ баргузор мешавад.

Бино ба эълони Кремл, имрӯз дар музокирот диққати асосӣ ба рушди нерӯи посдори сулҳ дар кишварҳои иттиҳод дода мешавад.

Тоҷикистонро дар ин нишаст президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекунад. Соли 2021 Тоҷикистон раисии СПАД - ро бар дӯш мегирад.

Чуноне ТАСС бо такя ба сардори хадамоти матбуотии Вазорати дифоъ, Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад, Тоҷикистон самтҳои асосии рушд дар соли ояндаро баррасӣ хоҳад кард.

Володин: СААД бояд феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дошта бошад

Дар навбати аввал Тоҷикистон хостори таҳкими амният дар минтақа аст ва дар назар аст, ки дар ин музокирот масъалаи вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ баррасӣ шавад. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи баргузории тамриноти муштараки низомиро, ки соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мекунад.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Интизор меравад, ки дар ин нишаст президенти Белорус Александр Лукашенко, кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас ширкат мекунанд.

429
Барчаспҳо:
нишаст, ширкат, Эмомалӣ Раҳмон, СПАД
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

58
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

58
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон
Глава Согда вручает стипендии студентам и аспирантам

Стипендияи раиси Суғд ба маблағи 134 ҳазор сомонӣ супорида шуд

0
(Таҷдидшуда 18:50 03.12.2020)
Стипендияи раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ супорида шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ба 130 нафар донишҷӯёну магистрантон ва аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмуъ ба маблағи 134 ҳазору 500 сомонӣ стипендия супорид.

Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, барандаҳои стипендия аз ҷониби комиссия интихоб ва пешбарӣ мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси вилоят алҳол 7 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд, ки дар ин муассисаҳо аз рӯи 130 ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад.  

Котиботи ҳукумати Суғд афзуд, дар соли хониши 2020-2021 шумораи умумии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят дар маҷмӯъ беш аз 69 ҳазору 642 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин зикр шуд, ки дар ҳудуди вилоят имрӯз 1267 нафар магистрант ва 82 нафар аспирантон ба таҳсилу таҳқиқ машғуланд.

0
Барчаспҳо:
сомонӣ, маориф, Тоҷикистон