Иранские женщины сидят на автобусной остановке

Мақомоти Эрон барои пешгирӣ аз вируси корона дар 25 остон маҳдудиятҳои ҷадид ҷорӣ кард

72
(Таҷдидшуда 20:10 05.11.2020)
Раисҷумҳури Эрон гуфт, бо тасвиби ситоди миллии мубориза бо корона ба муддати 10 рӯз маҳдудиятҳои ҷадид дар марказҳои 25 остон ва 46 шаҳристон иҷро хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар ҷаласаи ситоди миллии мубориза бо вируси корона гуфт, ки дар чорчӯби ин маҳдудият, тамоми иқдомоте, ки умдатан ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва таҷаммӯъ дар муносибатҳои мухталиф марбут мешавад, аз рӯзи чаҳоршанбеи ба муддати 10 рӯз мамнӯъ мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

“Маҳдудиятҳое ҳам, ки пеш аз ин барои 43 шаҳристон тасвиб шуда буд, дар ин ҷаласа тамдид шудааст”, - гуфт Руҳонӣ.

Раисҷумҳури Эрон дар идома бо баёни ин ки барои мавқеият дар муқобила бо вируси корона ҳама бояд ба вазоифи мушаххаси худ амал кунанд гуфт, ки мардум бояд бо ҳама тавон ба саҳна биёянд ва бо риояти комили дастурамалҳои беҳдоштӣ ба давлат дар муқобила бо вируси корона кӯмак кунаннд.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон то зуҳри рӯзи шанбе 36 ҳазору 579 нафар бар асари бемории Ковид -19 ҷон бохтаанд.

Ҳамчунин дар 24 соати ахир 8 ҳазору 52 бемори ҷадиди Ковид -19 шиносоӣ шуданд ва 852 бемор низ ҷони худро аз даст доданд.

Маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 646 ҳазору 164  нафар расидааст.

Токунун афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 48 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 221 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 34 миллиону 403 ҳазор нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

72
Барчаспҳо:
мақомот, тиҷорӣ, достон, вируси корона, маҳдудият, Эрон
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

42
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

42
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон

Ҳамлаи террористии даҳшатбор дар Ғазнии Афғонистон: 30 сарбоз кушта шуд

181
(Таҷдидшуда 15:40 29.11.2020)
Эҳтимол дорад амали террористӣ аз сӯи маргталаб анҷом гирифт. Таркиши мошини маргталаб дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ғазнии Афғонистон дар натиҷаи як амали террористӣ дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расид ва 24 нафари дигар маҷруҳ шуданд, иттилоъ додааст Ariana News дар истинод ба роҳбари беморхонаи маҳаллӣ.

Ба иттилои пизишкони вилояти Ғазни ҳамаи нафарони ҳалокшуда низомӣ мебошанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳалӣ бомбе, ки дар дохилӣ мошин насб шуда буд, дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон таркидааст. Пеш ва баъд аз таркиш садои тирандозӣ низ шунида мешуд.

Боздошти 13 полис дар Афғонистон вобаста парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул

Мақомот бар онаст, ки амали террористӣ аз сӯи як маргталаб сурат гирифтааст.

Баъд аз таркиш ба осмон дуди сиёҳ баромад ва мардуми маҳалли Қалаи Ҷозро нигарон кард. Дар ҳоли ҳозир, ба ҷои ҳодиса нирӯҳои иловагии артиши Афғонистон равон шуданд.

Зимнан, то ҳол ҳеҷ як гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Афғонистон фаъоланд, ин амалро бар дӯш нагирифтанд.

181
Барчаспҳо:
низомиён, кушта, сарбоз, пойгоҳ, маргталаб, таркиш, Афғонистон

Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи ноябр

0
(Таҷдидшуда 19:12 01.12.2020)
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон гирифторони коронавирус рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ҳамин ҳол, шумораи ҳолатҳои ошкоргардида дар як рӯз назар ба моҳи гузашта кам шудааст
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори ноябрӣ
© Sputnik

Бино бар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифтори корнавирус дар кишвар дар як рӯз дар моҳи ноябр рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Рӯзҳои ахири ҳафта дар ҷумҳурӣ на зиёд аз 45 нафар бемор дар як рӯз ошкор мегардид. Дар ҳамин ҳол шумораи сиҳатёфтагон азCOVID-19 дар ҳар як рӯзи аввали моҳи ноябр аз 50 то 60 нафар гуфта мешуд, охирҳои моҳ ин нишондод то 40 кас кам гардид.

Ҳамчунин, дар як моҳи ахир аз коронавирус дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок шуданд.

Ҳамагӣ аз оғози ҳамагирӣ аз инфексияи намуди нав дар Тоҷикистон 12 194 тан сироят ёфта, 11599 кас шифо ёфтаанд ва аз ин маризӣ 86 тан ҳалок шудаанд.

Вазорат омори навро гуфт: шумораи мубталоёни коронавирус дар Тоҷикистон аз 12 ҳазор гузашт

Ҷумҳурӣ чун пештара аз рӯи шумораи гирифторони коронавирус дар Осиёи Марказӣ ҷои чорумро мегирад. Дар ҷои авал Қазоқистон(131 659), дувум Қирғизистон (72 807), севум - Ӯзбекистон (72 920).

Туркманистон то ҳол ягона кишварест дар Осиёи Макразӣ, ки расман ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Тоҷикистон маҳдудиятҳои ҷоришуда дар пайи пандемия идома доранд. Чанде пеш Сироди мубориза бо коронавирус қарор дод, ки таҷлили Соли нав дар кишвар лағв мешавад. 

Мурда зинда шуд: пирамарде пас аз "марг" аз коронавирус ба манзилаш баргашт

Дар ҳамин ҳол, моҳи ноябр дар зиндонҳои Тоҷикистон иҷозат шуд, ки маҳбусон бо наздиконашон дидор кунанд.

Аз 29 ноябр дар кишвар парвозҳои дохилӣ бақарор карда шуданд. Дар Русия бошад муҳоҷирон метавонад ба хатсайрҳои чартерӣ бидуни номнавис шудан аз нуқтаҳои билетфурӯшӣ озодона чипта харанд.

0