Боз як амали террористӣ дар Кобул: миёни ҷонбохтагон хабарнигори маъруфи афғон

404
(Таҷдидшуда 14:35 07.11.2020)
Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани се ғайринизомӣ бар асари як таркиши бомб дар шаҳри Кобул хабар доданд

ДУШАНБЕ, 7 ноя – Sputnik. Фирдавси Фаромарз, сухангуи полиси Кобул эълом кард, ки бомби магнитӣ субҳи имрӯз, шанбе дар масири худрав дар минтақаи Макруриён аз тавобеи ҳавзаи аввали амниятии шаҳри Кобул таркид, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи амниятии афғон гуфт, ки Юмо Сиёвуш, аз гардонандагони пешини яке аз шабакаҳои хусусии Афғонистон ва хабарнигори маъруфи афғон низ дар миёни ҷонбохтагони ин таркиш аст.

То кунун шахс ё гуруҳе масъулияти ин таркиши террористиро бар уҳда нагирифтааст.

Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон дар ҳафтаҳои ахир шоҳиди таркишҳои паёпай буда, ки даҳҳо куштаву захмӣ барҷо гузоштааст.

Бархе аз ин таркишҳоро гуруҳи Толибон (мамнуъ дар қаламрави Русия)  ва бархе дигарро гуруҳи террористии ДОИШ (мамнуъ дар қаламрави Русия) бар ӯҳда гирифтааст.

Ин дар ҳолест, ки музокироти сулҳи Афғонистон байни давлати ин кишвар ва гуруҳи Толибон дар Қатар ҳамчунон бидуни натиҷа идома дорад.

404
Барчаспҳо:
хабарнигор, Кобул, бомб, низомӣ, кушта, Афғонистон
Вакцина

Нахустин ваксинаи эронӣ бар зидди вируси корона муҷаввизи озмоиши инсонӣ гирифт

72
(Таҷдидшуда 13:38 05.12.2020)
Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилорасонии вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз эътои коди ахлоқ дар пажӯҳиш ба аввалин ваксинаи эронии корона ва вурӯди ин ваксина ба марҳалаи озмоиши инсонӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур,  ахиран дар саҳифаи "Твиттир" -и худ навиштааст, ки ваксинаи ғайрифаъоли ширкати "Шифо Формад" ба унвони аввалин ваксинаи эронии Ковид-19 бо дарёфт коди ахлоқ, вориди марҳалаи мутолиаи болинӣ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, пажӯҳишгари аслии ин тарҳ доктор Минӯ Муҳраз, устоди донишгоҳ ва узви Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон аст.

Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран эълом карда буд, ба зудди Эрон ба унвони яке аз кишварҳои пешрав дар сохти ваксинаи корона дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд.

Christoph Hamelmann, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон, 16 ноябр дар нишасти баррасии пешрафти тавлиди ваксинаи корона дар Эрон аз пешрафтҳои илмӣ ва доруӣ дар Эрон ибрози хушҳолӣ карду гуфт, истифодаи муҳаққиқони Эрон аз ҳамаи равишҳо барои сохти ваксинаи корона, нишонаи он аст, ки эҷоди маҳдудиятҳои сиёсӣ таъсир дар масири пешрафти илмии Эрон надоштааст.

72
Барчаспҳо:
дармон, беҳдошт, вазорат, Эрон
Премьер-министр Казахстана Аскар Мамин

Қазоқистон аз рушди нишондодҳои иқтисодии Иттиҳоди УрОсиё гуфт

58
(Таҷдидшуда 15:47 04.12.2020)
Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дар нишасти Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисоди УрОсиё ширкат кард

ДУШАНБЕ, 4 дек – Sputnik. Нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ дар Иттиҳоди иқтисодии УрОсиё тадриҷан беҳтар мешаванд, гуфт сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии УрОсиё.

Дар баробари ин сарвазир қайд кард, ки хавфҳо барои барқарорсозии пурраи иқтисод то ҳол дар сатҳи баланд аст.

"Дар заминаи тадбирҳои андешидаи ҳукумати кишварҳои мо, чӣ дар сатҳи миллӣ ва чӣ дар сатҳи ИИУО, тадриҷан беҳтар шудани нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ба назар мерасад. Дар паи мутобиқ шудани иқтисодиёт ба оқибатҳои бӯҳрон, донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ тадриҷан пешгӯиҳои худро дар бораи беҳтар мекунанд", -  гуфт Мамин.

Вай диққати ҳозиринро ба динамикаи мусбати мубодилаи молу амвол миёни кишварҳои узви ИИУО ҷалб кард.

Путин ҷонибдорӣ кард: Русия ба муҳоҷирони кишварҳои узви ИИУО нафақа медиҳад

"Аз ҷумла, суръати гардиши савдои байни кишварҳоямон аз рӯи натиҷаҳои нӯҳ моҳ охир коҳиш ёфтааст", - гуфт сарвазири Қазоқистон.

Бурду бохти ҶТ аз узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё

Ёдрас мешавем, ки 4 декабр ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии УрОсиё ифтитоҳ ёфт.

58
Барчаспҳо:
иқтисод, Нишондодҳо, пайвастан ба ИИУ

Ин “Пирӯзӣ” аст: сомонаи замин ба ҳавоии С-400 тамоми нишонҳоро ба ҳадаф расонд видео

0
(Таҷдидшуда 13:26 05.12.2020)
Вазорати дифои Русия навори ҷолиберо нашр кардааст, ки дар он санҷиши сомонаи замин ба ҳавоии С-400 “Триумф” ё “Пирӯзӣ” ба навор гирифта шудааст

Санҷишҳои бо муваффақи системаи С-400 дар пойгоҳи озмоишии Капустин Яри вилояти Астрахани Русия сурат гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати дифои Русия.

“Низоми С-400 бо муваффақ ҳамаи нишонҳоро ба ҳадаф расонд. Мушаки озмоишии “Кабан” дар баландии 15 киломтр нобуд карда шуд”, - таъкид доштааст вазорати дифои Русия.

Русия дар Тоҷикистон мушакҳои С-300-ро наздикии марзи Афғонистон насб кард

Пеш аз ба артиши Русия додани С-400, ин охирин имтиҳони он буд. Сипас С-400 барои дифои фазои минтақаи Самара равон карда мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр мушакпартоии санҷишии “Триумф” дар пойгоҳи Ашулуки вилояти Астрахан сурат гирифта буд.

0
Барчаспҳо:
ҳадаф, нишон, санҷиш, С-400 "Триумф", Русия