Президент Ирана Хасан Рухани, архивное фото

Истиқболи Эрон аз имзои созишномаи сулҳ миёни Арманистону Озарбойҷон

125
(Таҷдидшуда 14:13 11.11.2020)
Раисҷумҳурии Эрон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай аз тавофуқи Арманистон ва Озарбойҷон бо ҳимояти Русия, барои поён додан ба даргириҳои низомӣ ибрози хурсандӣ кард

ДУШАНБЕ, 11 ноя – Sputnik. Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии Эрон ахиран дар бистумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, ки ба сурати маҷозӣ ва бо мизбонии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баргузор шуд, бо ибрози хурсандӣ аз тасмими ахири мақомоти Боку ва Ереван барои поён додан ба даргириҳои низомӣ ва шурӯи фароянди ҳаллу фасли дипломатии муноқишаи Қарабоғ ёдовар шуд.

“Эрон аз ҳар талоше барои коҳиши танишу ихтилофот ва барқарории субот, амният ва сулҳи пойдору одилона дар минтақа истиқбол мекунад”, - гуфт Руҳонӣ.

Раисҷумҳури Эрон ба ҳамкорӣ бо шарикони худ ва Созмони Ҳамкории Шанхай барои муқобилаи муассир бо терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир идома хоҳад дод.

Раисҷумҳури Эрон ба сиёсати усулии Теҳрон дар тақвияти ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҷоди эътимоду гуфтугӯ бо ҳамсоягон низ ишора карду гуфт: “Эрон ба унвони яке аз шоҳроҳҳои васлкунанда дар ғарби Осиё, қодир ба таъмини ниёзҳои зербиноии бисёре аз кишварҳои минтақа ва аъзои СҲШ аст”.

Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфт, ифтитоҳи роҳи оҳани Хофи Эрон - Ҳироти Афғонистон ҳам дар рӯзҳои оянда ҳадяву кумаки бисёр арзишманде ба Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастрасии камҳазина ба обҳои озод ва Аврупо ва бозори Эрону кишварҳои минтақа аст.

125
Барчаспҳо:
низом, Озарбойҷон, Арманистон, сулҳ, Эрон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СПАД ширкат мекунад

365
(Таҷдидшуда 13:41 02.12.2020)
Маълум шуд, президенти Тоҷикистон дар нишасти Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъӣ чӣ мавзуъҳоеро баррасӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Нишасти навбатии СПАД рӯзи чоршанбе, 2 декабр таҳти раҳбарии президенти Русия, Владимир Путин тариқи видеоӣ баргузор мешавад.

Бино ба эълони Кремл, имрӯз дар музокирот диққати асосӣ ба рушди нерӯи посдори сулҳ дар кишварҳои иттиҳод дода мешавад.

Тоҷикистонро дар ин нишаст президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон намояндагӣ мекунад. Соли 2021 Тоҷикистон раисии СПАД - ро бар дӯш мегирад.

Чуноне ТАСС бо такя ба сардори хадамоти матбуотии Вазорати дифоъ, Фаридун Маҳмадализода хабар медиҳад, Тоҷикистон самтҳои асосии рушд дар соли ояндаро баррасӣ хоҳад кард.

Володин: СААД бояд феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ дошта бошад

Дар навбати аввал Тоҷикистон хостори таҳкими амният дар минтақа аст ва дар назар аст, ки дар ин музокирот масъалаи вазъият дар марзи Тоҷикистону Афғонистон низ баррасӣ шавад. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаи баргузории тамриноти муштараки низомиро, ки соли 2021 дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд, баррасӣ мекунад.

Мақомдорони СААД вазъи муҳоҷират дар пандемияро баррасӣ кардаанд

Интизор меравад, ки дар ин нишаст президенти Белорус Александр Лукашенко, кишвардори Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев, иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Талант Мамитов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва дабири кулли СПАД Станислав Зас ширкат мекунанд.

365
Барчаспҳо:
нишаст, ширкат, Эмомалӣ Раҳмон, СПАД
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

55
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

55
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон
Дорога с машинами в Душанбе

Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад

0
(Таҷдидшуда 16:08 02.12.2020)
Ҳамчунин имрӯз дар Душанбе тарҳи қонунҳо оид ба ислоҳи қонунҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон баррасӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад.

"Аз 31 декабри соли равон мутобиқи сархати сеюми моддаи 252-и  Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард бекор карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Бино ба гузорииши АМИТ "Ховар" ин матлаб зимни баргузории  ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, баён гардидааст.

Гуфта мешавад, ар ҷаласаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои қонунҳо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" мавриди баррасии вакилон қарор гирифтааст.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Ғиёсиддин Ашуров  зикр намудаанд, ки лоиҳаи Қонун "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумат барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Иқтисоди пинҳонию боҷу аксизҳо: вазир гуфт, аз куҷо дар соли 2021 даромадро зиёд мекунанд?

Манбаъ афзуда, ки ин тарҳ бо мақсади тамдид намудани муҳлати амали андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард таҳия гардидааст.

Дар ҷаласа вакилон ҳамчунин тарҳи қонунҳо "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ",  "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ" ва "Оид ба ислоҳи Қонун "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" - ро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

0
Барчаспҳо:
роҳи мошингард, бекор кардан, андоз, Тоҷикистон