Музей Шерлока Холмса на Бейкер-стрит, 221Б

Times: хонаи машҳури Шерлок Холмс моли хонаводаи Назарбоев аст

302
(Таҷдидшуда 18:33 11.11.2020)
Гузориши таҳлилие, ки монанди румони Артур Конан Дойл аст – ҳамин тавр расонаҳои бритониёӣ кушиш караднд, ки молики асосии бинои машҳур дар кӯчаи Бейкер-стрит 221Б -ро ошкор намоянд

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Овозаҳо дар бораи молики хонаи машҳури Шерок Холмс дер вақт аст, ки дар забони мардум аст. Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорони The Times маълум карданд, ки бино ҳамроҳ бо дигар амвол ва замине, ки миёни хонаҳои 215 ва 237 дар кӯчаи Бекер-стрит аст, моли духтари собиқ раисҷуҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва писару ӯ будааст.  

Арзиши умумии ин амвол 140 миллион фунти бритониёиро ташкил додааст.

Хабари ба ки марбут будани ин бино тасодуфан аз санадҳои чопшуда аз сӯи моликони Лондон ба даст омадааст.

Тибқ санади мазкур бино ба ширкати Farmont Baker Street Limited таалуқ дорад ва дар соли 2005 бо арзиши 140 миллион фунт стерлинг харидорӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир, Farmont Baker Street Limited моли як ширкати дар Аморати Муттаҳидаи Араб аст.

Ширкати ҳуқуқие, ки хонаводаи Назарбоевҳоро муаррифӣ мекунад ба дархости рӯзномаи The Times, дар бораи он ки оё духтари Нурсултон Назарбоев Дариға Назарбоева ва писари ӯ моликии хонаи Шерлок Холм хастанд ё на ҷавоб надодааст.

Тибқи иттилои созмони ғайридавлатии Global Witness, ки ҷонибдори шаффофият аст, наздик ба 87 ҳазор амвол дар Англия ва Уэлс моли ширкатҳои офшорӣ мебошанд. Дар аксари вақт пайдо кардани молики асосии он ғайри имкон аст.

Қарор аст, дар соли оянда ҳукумат Англия қонунеро ба тасвиб расонад, ки тибқи он тамоми ширкатҳо бояд исми моликони асосиашонро ифшо намоянд.

302
Барчаспҳо:
амвол, Нурсутон Назарбоев, Дориға Назарбоева, Назарбоев, Лондон
Фрагмент мечети Юсуфа Хамадани (XVI в.) в древнем городе Мерве, Туркменистан

Дари масоҷид дар Туркманистон ҳамоно баста мемонад

55
(Таҷдидшуда 15:11 01.12.2020)
Ба хотири пешгирӣ аз густариши ҳамагирии коронавирус дар Туркманистон дари масоҷид то 1 январи соли 2021 баст боқӣ мемонад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар Туркманистон, ки то ҳол расман вируси корона ба қайд гирифта нушадааст, дари масҷидҳо ва зиёратгоҳҳо "то охири сол" бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ "баста хоҳад буд", - менависад торномаи "Туркменпортал" бо истинод ба муфтиёти кишвар.

"Маҳдудиятҳо барои масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ карда шудаанд, то 1 январи соли 2021 тамдид карда мешаванд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар масҷидҳо ҳар рӯз панҷ маротиба азон садо дода, мусалмононро барои адои намоз даъват мекунад.

Манбаъ таъкид мекунад, ки "ин чораҳо тибқи қарори Комиссияи Фавқулодаи Туркманистон оид ба мубориза бо бемориҳо аз 26 августи соли 2020 андешида шудаанд".

Масҷидҳо ва зиёратгоҳҳои Туркманистон ҳанӯз рӯзи 13 июл баста шуданд.

Тибқи гузориши ҳукумат, дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, дар кишвар пӯшидани ниқоб ҷорӣ шуда ва як қатор маҳдудиятҳо, аз ҷумла барои муассисаҳои динӣ ҷорӣ карда шудаанд.

55
Барчаспҳо:
вируси корона, маҳдудият, бастан, баста, масҷид, масҷид, Туркманистон

Ҳамлаи террористии даҳшатбор дар Ғазнии Афғонистон: 30 сарбоз кушта шуд

181
(Таҷдидшуда 15:40 29.11.2020)
Эҳтимол дорад амали террористӣ аз сӯи маргталаб анҷом гирифт. Таркиши мошини маргталаб дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон сурат гирифтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар вилояти Ғазнии Афғонистон дар натиҷаи як амали террористӣ дасти кам 30 нафар ба ҳалокат расид ва 24 нафари дигар маҷруҳ шуданд, иттилоъ додааст Ariana News дар истинод ба роҳбари беморхонаи маҳаллӣ.

Ба иттилои пизишкони вилояти Ғазни ҳамаи нафарони ҳалокшуда низомӣ мебошанд.

Тибқи иттилои расонаҳои маҳалӣ бомбе, ки дар дохилӣ мошин насб шуда буд, дар наздикии пойгоҳи низомиёни Афғонистон таркидааст. Пеш ва баъд аз таркиш садои тирандозӣ низ шунида мешуд.

Боздошти 13 полис дар Афғонистон вобаста парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Донишгоҳи Кобул

Мақомот бар онаст, ки амали террористӣ аз сӯи як маргталаб сурат гирифтааст.

Баъд аз таркиш ба осмон дуди сиёҳ баромад ва мардуми маҳалли Қалаи Ҷозро нигарон кард. Дар ҳоли ҳозир, ба ҷои ҳодиса нирӯҳои иловагии артиши Афғонистон равон шуданд.

Зимнан, то ҳол ҳеҷ як гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Афғонистон фаъоланд, ин амалро бар дӯш нагирифтанд.

181
Барчаспҳо:
низомиён, кушта, сарбоз, пойгоҳ, маргталаб, таркиш, Афғонистон
День 2 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:32 01.12.2020)
Рӯзи дуюми декабр Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот, Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ ва дар Яман –Рӯзи истиқлолият ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 2 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1731 дар натиҷаи заминҷунбӣ қисмати зиёди Пекин хароб гардида, бештар аз 100 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1804 — Наполеон I Бонапарт худро подшоҳи Фаронса эълон кард.

Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века
© Sputnik / Александр Поляков
Репродукция портрета Наполеона, написанного неизвестным художником в конце XIX века

Соли 1872 дар шаҳри Глазгои Шотландия аввалин мусобиқаи расмии байналмилалӣ оид ба футбол баргузор гардид.

День 1 декабря
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1876 соҳибкор ва ихтироъкор Павел Николаевич Яблочков барои ихтироъ кардани трансфроматор патент ба даст овард.

 

Соли 1922 Ташкилоти байналмилалии кумак ба ҷанговарони инқилобӣ таъсис дода шуд.

Соли 1966 Барбадос истиқлолият ба даст овард.

Соли 2001 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия саммити ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Фаронса дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим, ки ба мушкили бузурги сайёра — тағйирёбии иқлим бахшида шуд, суханронӣ карданд.

День 29 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон баъд аз анҷом додани боздиди корӣ дар шаҳри Будапешти Венгрия бо сафари расмӣ ба шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия рафтанд.

Соли 2012 котибони матбуотӣ ва роҳбарони маркази матбуотии вазорату идораҳои мамлакат ташкилоти ҷамъиятии худ – Шӯрои котибони матбуотии Тоҷикистонро таъсис доданд.

Соли 2017 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри  Минск иштирок намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 2 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳифзи иттилоот
  • Рӯзи байналмилалии ҳайвоноти хонагӣ
  • Дар Яман –Рӯзи истиқлолият

Рӯзи 2 декабр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1894 года – гурғулисарои тоҷик Ҳикмат Ризо.

Соли 1933 года – ҳунарманди сирк, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Пирназар Юсуфов.

Рӯзи 2 декабр кӣ даргузашт

Соли 1940 — Николай Колтсов (соли таваллуд 1872), биолог, асосгузор ва директори Донишгоҳи биологияи озмоишӣ.

Соли 1969 — Климент Ворошилов (соли таваллуд 1881), корманди низомӣ, ходими давлатӣ, яке аз аввалин маршалҳои Иттиҳоди Шӯравӣ.

0
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Ҷаҳон, ҷашн