Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Нахустин иқдоми Содир Ҷабборов: 230 зиндониро аз маҳбас раҳо кард

462
(Таҷдидшуда 16:02 20.11.2020)
Ҳамчунин 1800 аризаи маҳбусон ба Котиботи Афв ирсол гардидааст ва мавриди баррасӣ қарор доранд. Гуфта мешавад, натоиҷи баррасии аризаҳои мазкур, дар ояндаи наздик эълон мешавад

ДУШАНБЕ, 20 ноя - Sputnik. Содир Ҷабборов иҷрокунандаи вазифаи кишвардори Қирғизистон фармони афви маҳбусонро имзо кард, хабар медиҳад котиботи Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ин кишвар.

Бар хабари манбаъ, Ҷабборов 230 маҳбусро озод намуда, ҳамчунин мӯҳлати 38 маҳкумшударо кам кард.

Гуфта мешавад, то 18 ноябр ба Котиботи Афв дасти кам 1800 аризаи маҳбусон ворид гардид.

"Кор дар ин самт идома дорад ва мо мунтазири натоиҷи қарор барои дархостҳои боқимонда ҳастем", - таъкид мешавад дар хабари Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо.

Содир Ҷабборов номзадияшро барои дарёфти курсии президенти Қирғизистон гузошт

Қаблан дар як нишасти матбуотӣ, Содир Ҷабборов изҳор дошт, ки омодааст афродеро афв кунад, ки аз рӯи беадолатӣ боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи ӯ, афроди бегуноҳ аз ҳисоби "подстава" -и  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба колонияҳои ислоҳӣ меоянд.

462
Барчаспҳо:
афв, маҳбусон, Қирғизистон
Вакцина

Эрон то тобистони соли оянда ваксинаи COVID -19 - ро вориди бозор хоҳад кард

151
(Таҷдидшуда 14:18 24.11.2020)
Эрон дар сохти ваксинаи COVID - 19 ба дастовардҳои хубе расидааст ва ба эҳтимоли қавӣ ваксинаи эронии корона то тобистони соли оянда вориди бозор мешавад

ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Кайҳони Озодманиш, Мудири гурӯҳи таҳқиқоти вирусшиносии институти Постури Эрон афзуд, дониши сохти ваксина дар Эрон қадимӣ аст ва кишвари мо таҷрибаи фаровоне дар ин замина дорад, аммо дар шароити кунунӣ ва бо тавваҷуҳ ба раванди тавлиди ваксинаи корона дар чанд ширкати эронӣ эҳтимолан марҳалаи тавлиди анбӯҳи он то тобистони 2021 тӯл хоҳад кашид,  иттилоъ додааст хабаргузории садо ва симо.

Вай дар айни ҳол таъкид кард, ки агар дар ин муддат аз кишвари дигаре битавон ваксинаро арзонтару беҳтар, бамавқеу ба мизони кофӣ харидорӣ кард, ин корро хоҳем кард, зеро бояд аз ҳар роҳе ки метавонем мушкили кишвару мардумро ҳал кунем.

Муассисоти пизишкии Постур ва Розии Эрон дар тавлиди ваксина ҳудуди 70 сол собиқаи фаъолият доранд.

Дар рӯзҳои ахир ҳамзамон бо эъломи муваффақияти 90 дарсадии ваксинаи ширкати Файзер баъд аз 10 моҳи нигаронӣ аз ҳамагирии корона умедвории мутахассисон ба халосии башар аз корона бештар шудааст.

151
Барчаспҳо:
эҳтимол, дастовард, тобистон, бозор, соли оянда, Эрон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Фотография учеников школы №43 Андижана, которая распространилась по сети

Хонандагон дар берун бе либоси гарм: барканории раҳбарияти мактаб дар Андиҷон

589
(Таҷдидшуда 16:18 23.11.2020)
Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбат карда муайян намудаанд, ки онҳо барои аксбардорӣ дар ҳавои -2 дараҷа сардӣ бе болопӯш дар берун қарор доштаанд

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Директори мактаби рақами 43-юм Д. Насирдинов ва муовини директор оид ба корҳои маънавӣ ва тарбиявӣ С. Исмонов бо сабаби баромадани хонандагон дар сармо бе либоси гарм ба берун аз вазифаҳояшон барканор карда шуданд.

Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Раёсати маорифи халқи вилояти Андиҷон хабар медиҳад.

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе паҳн шуд, ки дар он хонандагони мактаби рақами 43 бидуни пӯшоки гарм ба берун баромадаанд. Блогерон ин мавзӯъро даррав пайгирӣ карданд. Яке аз онҳо Нозим Сафаров гуфт, ки кӯдаконро дар доираи барномаи тарғиботӣ ба берун баровардаанд. 

Барои омӯзиши ин ҳодиса комиссияи вижа ташкил шудааст.

Дар Раёсат қайд карданд, ки ин акс рӯзи 19 ноябри соли равон дар доираи сафари расмии гурӯҳи тарғиботӣ, ки аз олимон, кормандони фарҳангу санъат ва ҳамчунин фаъолони ҷомеъа иборат буд, гирифта шудаст.

Қайд мешавад, ки хонандагон барои тамошои онҳо ба долони мактаб баромадаанд. 

Раисҷумҳури Узбакистон шеваи бархӯрди вазирон бо хабарнигоронро шадидан интиқод кард

Мутахассисони гурӯҳи корӣ бо хонандагон суҳбат карда муайян намудаанд, ки онҳо барои аксбардорӣ дар ҳавои -2 дараҷа сардӣ бидуни либоси гарм дар берун қарор дошта ва баъдан муаллимон онҳоро ба синфхонаҳо даровардаанд.

Маъмурият аз роҳбарон, муаллимон ва кормандони маориф даъват кард, ки ба ҳар як донишомӯз ба мисли фарзанди худ муносибат кунанд ва нагузоранд, ки чунин ҳолатҳо ба саломатӣ ва амнияти онҳо таъсир расонанд.

589
Барчаспҳо:
раҳбар, барканорӣ, гармӣ, либос, Андиҷон
Глава парламента Таджикистана Рустам Эмомали

Имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 ва анҷоми сафари Рустами Эмомалӣ

0
Сафари нахустини раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба шаҳри Маскав, бо имзои Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 миёни шаҳрдориҳои Душанбе ва Маскав анҷом ёфт

ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Русия дар бинои Ҳукумати шаҳри Маскав бо ҳамтояш раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мулоқот кард, хабар Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон.

Мазмуни асосии вохӯрӣ муҳокимаи маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Маскав ва дар ин робита муайян намудани самтҳои афзалиятноки робитаҳои минбаъда будааст.

Вобаста ба ин иштирокчиёни вохӯрӣ ҷиҳати бо мазмуни нав пурра намудани сатҳи ҳамкориҳои судманд ва дар ин замина ба имзо расонидани Барномаи нави ҳамкорӣ байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав барои солҳои 2020-2023 мубодилаи афкор намудаанд.

Бино ба гузориши манбаъ, дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи короновирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

"Дар фарҷоми мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Сергей Собянин Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020-2023 - ро байни Мақомоти шаҳри Душанбе ва Ҳукумати шаҳри Маскав, имзо карданд", - омадааст дар хабарнома.

Барнома бо мақсади тавсеаи робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Маскав равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, ободонии ҳудуди шаҳр, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.

Аз як даст садо намебарояд: Матвиенко ба Рустами Эмомалӣ зарбулмасали тоҷикӣ гуфт

Манбаъ афзуда, ки раиси шаҳри Душанбе аз раиси шаҳри Маскав даъват кардааст, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд.

Манбаъ афзуда, ки бо ҳамин нахустин сафари расмии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Русия ба анҷом расид.

0
Барчаспҳо:
имзо, барнома, Рустами Эмомалӣ, Сергей Собянин, Маскав, Маскав