Афганские студенты на уроке, архивное фото

Донишҷӯёни Афғонистон аз ин ва баъд метавонанд дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил кунанд

91
(Таҷдидшуда 13:46 23.11.2020)
Вазорати таҳсилоти миёна ва олии Ӯзбекистон ва вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дар шаҳри Тошканд созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Донишҷӯёни Афғонистон аз ин ва баъд метавонанд, дар донишгоҳҳои Ӯзбекистон таҳсил кунанд, ду донишгоҳ ҳамчунин дар бораи баргузории барномаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

Бино ба гузориши манбаъ, Вазорати таҳсилоти миёна ва олии Ӯзбекистон ва вазорати таҳсилоти олии Афғонистон дар шаҳри Тошканд созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.

"Меморандуми имзошуда таҳсили донишҷӯёни Афғонистон дар Ӯзбекистонро дар назар дорад", - омадааст дар хабарнома.

Дар ин санад инчунин тартиби мубодилаи маводҳои таълимию методӣ байни донишгоҳҳои ду кишвар, иштироки мутахассисон дар чорабиниҳои таълимӣ, ҳамкорӣ дар корҳои илмӣ ва омодасозии якҷояи мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмӣ муайян карда шудааст.

Манбаъ ёдоварӣ карда, ки моҳи январи соли 2018 дар вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон барои таҳсилоти шаҳрвандони Афғонистон маркази вижа ифтитоҳ гардида буд.

Дар ин марказ кадрҳо барои барномаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус, касбӣ, инчунин бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар соҳаҳои гуманитарӣ, педагогӣ ва муҳандисӣ-техникӣ омода карда мешаванд.

Тибқи иттилоъи Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, дар давоми ду сол дар ин марказ 96 нафар донишҷӯёни афғон таълим гирифтаанд. Ҳоло дар ин ҷо 172 нафар шаҳрвандони Афғонистон таҳсил мекунанд.

"Ғайр аз ин, қарор аст, бо дастгирӣ ва маблағгузории Иттиҳоди Урупо моҳи декабри соли равон боз 10 донишҷӯи дигар аз Афғонистон барои таҳсил дар соҳаи кишоварзӣ ба Ӯзбекистон оянд", - афзуд манбаъ.

91
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳҳои олӣ, афғонӣ, донишҷӯён, Афғонистон, Ӯзбекистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

735
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

735
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

116
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

116
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон
Место взрыва на нефтяном предприятии в Татарстане

Таркиши мудҳиш дар Татаристон ду кушта ва як захмӣ бар ҷой гузошт

0
(Таҷдидшуда 16:22 22.01.2021)
Дар як корхонаи истеҳсоли нафти Тотористон таркиш ба амал омад. Феълан аз чанд кушта хабар дода мешавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Дар як корхонаи нафти воқеъ дар деҳаи Болшое Нуркеевои Тотористон, таркиш рух дод. Дар ин бора ТАСС ва "Интерфакс" бо такя ба манобеъи худ хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ки то ҳол дар паи ин таркиш ду нафар ҷон бохта як нафари дигар захмӣ шудааст.

Тибқи иттилои манобеъ, як контейнер бо ҳавои фишурдашуда таркидааст. Ҳодиса ҳангоми санҷиши ҳавоии партоби об рух додааст.

Ногуфта намонад, ки Болшое Нуркеево дар ноҳияи Сармановски Тотористон ҷойгир аст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии кишвар, ҷарбдида дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шудааст.

Хадамоти матбуоти прокуратураи Тотористон марги ду нафарро тасдиқ кард.

Таркиши шадид дар бозори Бағдод: ду маргталаб 28 нафарро куштанду 75 касро захмӣ карданд

Ҳамзамон, шӯъба қайд кард, ки дар ҷои ҳодиса таркиш ба амал наомадааст.

"Ин ҷо контейнер кафида буд, таркиш ба амал наомадааст", - гуфт намояндаи прокуратура.

Манбаъ афзуда, ки ин ҳодиса дар корхонаи ҶДММ "Ширкатҳои хурди нафтии Тотористон" соати 09:50 ба вақти Маскав ҳангоми озмоиши ҳавоии агрегати партоби об дар минтақаи кушод рух додааст.

0
Барчаспҳо:
захмӣ, кушта, таркиш, Татаристон