ДУШАНБЕ, 27 ноя – Sputnik. Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раисҷумҳури Афғонистон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Кобул афзудааст, ки далели бунбасти музокироти Давҳа, баҳонаҷӯиҳои Толибон аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
“Толибон хостаҳои хилофи қонунро матраҳ мекунанд, ки на раисиҷумҳур, на ҳукумат ва на мардуми Афғонистон онро мепазиранд”, - гуфт Сиддиқӣ.
Пеш аз ин бархе манобеъ эълом карда буданд, ки бунбаст дар музокирот миёни ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Толибон дар Давҳа шикастааст ва тарафҳо ба тавофуқҳое даст ёфтаанд.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ: музокироти сулҳи Афғонистон ба кундӣ пеш меравад
Музокироти сулҳи байналафғонӣ 12 сентябри 2020 дар Давҳа оғоз шуд, аммо токунун ду тараф рӯи дастури кори музокирот низ ба тавофуқ нарасидаанд.
ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik. Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи хати интиқоли нерӯ аз шаҳри Каркии Туркманистон ба Шибирғони Афғонистон, ки бо ҳузури маҷозии сарони ду кишвар баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурии Афғонистон аз давлати Туркманистон барои коҳиши қимати барқ аз 6 сент ба 3,5 сент қадрдонӣ кард, иттилоъ додааст ИРНА.
"Ин тарҳ таъсири мусбате дар таъмини барқи қобили итминон дар устонҳои шимолии Афғонистон ва беҳбуди авзоъ дар ин минтақа хоҳад дошт ва Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад", - таъкид доштааст Ашраф Ғанӣ.
Гуфта шудааст, ки бо роҳандозии хати интиқоли 500 киловат, теъдоди афроде ки аз барқ дар Афғонистон истифода мекунанд, ба 9 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки гоме муҳим дар таъмини барқи қобили эътимод дар ин кишвар аст.
Дар марҳалаи аввал, Туркманистон барқи шаҳрҳои Андхӯй, Шибирғон ва Мазори Шарифро таъмин мекунад ва дар марҳалаи дувум то авоили соли 2022 барқро ба Пули Хумрӣ ва Кобул ва сипас бо дастрасии бештар ба шаҳрҳои Покистон хоҳад расонд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.
Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.
"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.
Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.
Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.
Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.
Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова
Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бонки марказии Ӯзбекистон дар гузорише аз афзоиши даромади ин кишвар аз ирсоли маблағҳои коргарони муҳоҷир хабар дод, гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс.
Бонки марказии Ӯзбекистон таъкид кардааст, ки бо вуҷуди пандемия даромади гирифта аз муҳоҷирони кишвар афзоишро нишон додааст.
“Бо вуҷуди густариши корона дар кишварҳои мухталиф дар соли 2020 коргарони муҳоҷири ӯзбек 6 миллиарду 30 миллион доллар ба дохили кишвар мунтақил кардаанд”, - навиштааст манбаъ.
Бонки марказии Ӯзбекистон пешбинӣ кардааст имсол ҳам раванди интиқоли пули коргарони муҳоҷири ин кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад буд.
Ӯзбекистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирони корияш дар Русия яке аз ҷойҳои аввалро мегирад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз Русия ба ватан коҳиш ёфтааст.