ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, ахиран дар саҳифаи "Твиттир" -и худ навиштааст, ки ваксинаи ғайрифаъоли ширкати "Шифо Формад" ба унвони аввалин ваксинаи эронии Ковид-19 бо дарёфт коди ахлоқ, вориди марҳалаи мутолиаи болинӣ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, пажӯҳишгари аслии ин тарҳ доктор Минӯ Муҳраз, устоди донишгоҳ ва узви Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон аст.
Саъиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон ахиран эълом карда буд, ба зудди Эрон ба унвони яке аз кишварҳои пешрав дар сохти ваксинаи корона дар ҷаҳон шинохта хоҳад шуд.
Christoph Hamelmann, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Эрон, 16 ноябр дар нишасти баррасии пешрафти тавлиди ваксинаи корона дар Эрон аз пешрафтҳои илмӣ ва доруӣ дар Эрон ибрози хушҳолӣ карду гуфт, истифодаи муҳаққиқони Эрон аз ҳамаи равишҳо барои сохти ваксинаи корона, нишонаи он аст, ки эҷоди маҳдудиятҳои сиёсӣ таъсир дар масири пешрафти илмии Эрон надоштааст.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз ахиран хабар додааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ, муовини шӯро ва ду муҳофизи ӯ дар натиҷаи таркиш захмӣ шудаанд.
Гуфта шудааст, ки ҳодиса дар шаҳри Кундуз замоне рух дод, ки Сафиаллоҳ Амирӣ аз хонааш баромада ба мошин савор шуд, иттилоъ сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.
Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилоятии Кундуз, Сафиаллоҳ Амирӣ ва ду посбонаш ба бемористон интиқол ёфтанд, вале шоми ҳамон рӯз Сафиаллоҳ Амирӣ дар беморхона фавтидааст.
Раббони Раббонӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, тасдиқ кард, ки маводи тарканда дар дучарха ҷойсозӣ шуда буд ва ҳангоми убури Сафиаллоҳ Амирӣ аз назди он ба таври фосилавӣ тарконида шуд.
Мақомоти вилояти Кундуз ин ҳамларо ваҳшиёна номид ва аз ҳукумат марказӣ хостанд, ки ҷинояткоронро муайян ва ҷазо диҳад.
Таъкид шудааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ яке аз ҷавонтарин аъзои шӯрои вилоятӣ дар кишвар буд.
Бояд қайд кард, ки дар чанд моҳи ахир дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ афзоиш ёфтаааст. Мақомот дар ин ҳамлаҳо гурӯҳи Толибонро масъул медонад. Аммо Толибон ин иддаоро комилан рад мекунанд.
ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии кишардори навинтихоб Содир Ҷабборов даъват шудааст. Ин хабарро сухангӯи президент Галина Байтерек таъйид кард.
Ба гуфти ӯ, ба маросим савгандёдкунӣ Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба мақоми президентӣ даъват шудаанд.
Жээнбеков, ки се сол дар сари қудрати Қирғизистон буд, пас аз ҳодисоти моҳи октябри соли 2020 ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи президент буд, қарор дар бораи собиқ президенти кишвар будани Жээнбековро имзо кард.
Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири ин кишвар таъйин гардид.
Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид
Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Акнун маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ҳисоботи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз натиҷаҳои фаъолияти шаҳрдорӣ дар соли 2020 шунида шуд.
Ба гузориши Рустами момалӣ, соли 2020 дар пойтахт 33 корхонаи нави истеҳсолӣ ва дар маҷмӯъ 32 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфт, ҳамзамон барои эъмори 10 корхонаи нав санги асос гузошта шудааст.
Раиси шаҳри Душанбе таъкид кардааст, ки алҳол дар пойтахт бунёди 450 иншооти муосири иҷтимоию истеҳсолӣ идома дорад.
Тибқи иттилои манбаъ, бунёди 34 километр роҳи замонавӣ, 47 истгоҳи нав, банақшагирии боз 16 километр роҳи нав ва 21 истгоҳи дигар, харидории 50 адад автобуси истеҳсоли ватании ширкати “АКИА” ва 100 адад троллейбуси замонавӣ аз Беларус, навсозии 22 километр шабакаҳо ва 10 бунгоҳи гармидиҳӣ, таъмини 2560 манзили истиқоматӣ бо гармӣ, ҷалби 1 миллиарду 760 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ дар як сол ва ба 11 миллиард сомонӣ расонидани сармоягузорӣ дар чор соли охир аз нишондиҳандаҳои эътимодбахшу бобарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе арзёбӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар пас аз шунидани ҳисоботи Рустами момалӣ бо сипосу қаноатмандӣ ба шаҳрдорӣ ва сокинони пойтахт аз дастовардҳои назаррас дар соли сипаришуда, изҳори эътимод намудааст.
“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021
Раисиҷумҳур ҳамзамон изҳори итминон кардааст, ки дар соли таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ симои шаҳри Душанбе комилан дигар шуда, ҳамчун кошонаи умеду ифтихори тоҷикони дунё шукуфову дилработар мегардад.