ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Расонаҳои покистонӣ ахиран навиштанд ба дунболи шиддат ёфтани исломҳаросӣ дар Фаронса ва иқдомоти тавҳиномези нашрияи Шарли Эбдо, Имрон Xон нахуствазири Покистон тасмим гирифтааст то бо сарони кишварҳои исломӣ дар бора қатъи равобит бо Порисро баррасӣ кунад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳар ҳамин асос, вазири умури хориҷаи Покистон аз тарафи Имронхон маъмур шуда то бо кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ тамос бигираду натиҷаи онро ба иттилоъи кобинаи давлати Покистон бирасонад.
Давлати Покистони 17 ноябри гузашта даъвои аслии ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ин кишварро, ки дар эътироз ба тавҳини нашрияи Шарли Эбдо ба соҳати муқаддаси Паёмбари Акрам (с) таҷаммӯъ карда буданд, пазируфт ва қавл дод мавзӯи ихроҷи сафири Фаронса аз ин кишварро баррасӣ хоҳад кард.
Мақомоти Исломиобод тасмим гирифтааст, коҳиши равобити дипломатӣ бо Порирсо дар порлумони миллӣ матраҳ кунад.
Ҳамзамон фарохондани сафири Исломобод аз Порис ва таҳрими расмии молҳои фаронсавӣ дар шаҳрҳои Покистон аз дигар хостаҳои муътаризон буд.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст
Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст, муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.
Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи “Кув Эрон баракат” 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ эълом кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида тавофуқ бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА.
Пештар Антони Блинкин, ки аз сӯи Байден номзади ҳидояти вазорати хориҷа шуд, дар ҷаласаи пурсишу посух бо намояндагон дар маҷлиси Сенати ин кишвар гуфта буд, ки тавофуқи давлати Трамп бо Толибонро баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳоле аст, ки манобее аз давлати Афғонистону Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои тавофуқи давлати Трамп бо Толибон, мунтазири вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоти ӯ огоҳ шаванд.
Рӯзи 20 феврали соли гузашта мақомҳои Амрико ва Афғонистон эълом карданд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО нерӯҳояшонро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистони хориҷ хоҳанд кард, дар сурате ки Толибон ба таъаҳҳудоташ бар асоси тавофуқе, ки дар Давҳа имзо карданд, пойбанд бошад.
Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлат муддаӣ аст шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.
Тавофуқномаи сулҳи Амрико ва ниманизомиёни Толибон баъд аз 11 даври музокирот дар ҳоле ба имзо расид, ки бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон, Амрико ба гурӯҳи Толибон дар умури дохилии ин кишвар иҷозаи мудохила додааст.
ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Ахиран дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.
Таъкид шудааст, ки зимни ҷаласа татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо баррасӣ шуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа қайд гардидидааст, ки барои рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.
Дар ин ҷаласа Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон, Давлаталӣ Саид барои ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас додааст.