Рэп-исполнитель Моргенштерн

Моргенштернро дар Ӯзбекистон бо оши палав меҳмондорӣ карданд - видео

370
(Таҷдидшуда 16:31 11.12.2020)
Рэпсарои русиягӣ Моргенштерн, ки барои супоридани калиди мошин ба як ҳаводораш ба Ӯзбекистон сафар кард, феълан дар Самарқанд қарор дорад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Рэпери машҳури русиягӣ Моргенштерн (Алишер Валеев) бо сафари корӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад.

Ахиран сароянда дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори кӯтоҳеро аз Самарқанд нашр кард. Ин ҷо Моргенштернро бо ғизои миллӣ - оши палав меҳмондорӣ карданд.

Дар баробари ин дар саҳифаи сароянда як акси дигар аз назди мақбараи Темури Ланг нашр шудааст.

Ёдрас мешавем, ки рэпер барои супоридани ҷоиза ба мухлисе, ки дар озмуни ӯ ғолиб омадааст, ба Ӯзбекистон сафар кард. Тӯҳфа Mercedes-Benz E200 буд.

Барои пардохти боҷи гумрукии мошин, Моргенштерн 2 миллион рубл сарф кард.

Баъди Рамазон: Ҳабиб санаи баругзории GFC 20 дар Ӯзбекистонро гуфт

Аксҳо аз маросими тақдими тӯҳфа дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ пайдо шуданд. Чорабинӣ сокинони маҳаллиро, ки барои дидани рэпер омада буданду аз бурди Mercedes-Benz -и сафед шодмонӣ мекарданд, бетараф нагузошт.

Хотиррасон мекунем, ки Моргенштерн моҳи октябр дар пахши мустақим дар саҳифаи Инстаграми худ ҳамин мошини хориҷиро ба бозӣ гузошта буд. Рэпер ҳатто сурудеро ба ин худрав бахшидааст, ки навораш дар Youtube беш аз 88 миллион бинанда дорад.

370
Барчаспҳо:
Ӯзбекистон, меҳмондорӣ, сафар, оши палав
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

21
(Таҷдидшуда 14:09 22.01.2021)
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

21
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

112
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

112
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон