Глава МИД Турции Мевлют Чавушоглу, архивное фото

Мавлуд Човушоғлу: Туркия ба тамомияти сарзаминии Эрон эҳтироми комил дорад

489
(Таҷдидшуда 13:20 13.12.2020)
Дар пайи вокунишҳои густардаи эрониён ба изҳороти ахири Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Боку, вазири умури хориҷаи Туркия дар тамос бо ҳамтои эрониаш бар равобити наздику дӯстона миёни ду кишвар ва сиёсати қатъии ҳусни ҳамҷавории Анкара таъкид кард

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия шанбешаб бо  Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар тамоси телефонӣ гуфт: “раисиҷумҳури Туркия ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзӣ ва сарзаминии Эрон эҳтироми комил гузошта ва аз ҳассосиятҳо перомуни шеъри қироат шуда низ огоҳ набуда ва онро фақат дар иртибот бо Лочин ва Қарабоғ медонист ва ба ҳамин далел онро дар маросими гузашти низомӣ Боку хонда аст”, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Зариф низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо таъкид бар аҳаммияти равобити дӯстона ва ҳокӣ аз эҳтироми ду кишвар ва низ равобити самимона миёни раисиҷумҳури Туркия ва мақомоти Эрон ибрози умедворӣ кард: “равобити дуҷониба дар бистари эътимоди мутақобил беш аз пеш густариш ёбад”.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия 10 декабр дар ҷашни пирӯзии ҷанги Қарабоғ дар Бокӯ шеъре дар робита бо рӯди Арас хонд, ки алайҳи тамомияти арзии Эрон маҳсӯб мешуд.

Вазорати умури хориҷаи Эрон низ рӯзи ҷумъа бо эҳзори сафири Туркия дар Теҳрон ва эъломи маротиби эътирози шадиди Ҷумҳурии исломӣ ба изҳороти ҷудоиталабонаи Эрдуғон, посухи фаврии давлати Туркия дар ин бораро хостор шуд.

Ин изҳороти Эрдуғон бо мухолифатҳои густардаи мардуми Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо рӯ ба рӯ шуд.

489
Барчаспҳо:
сиёсӣ, тамос, Боку, Эрон, Туркия
Линии электропередачи, архивное фото

Туркманистон қимати барқро барои Афғонистон 50 дарсад арзон кард

204
(Таҷдидшуда 16:36 19.01.2021)
Қимати барқи содиротии Туркманистон ба Афғонистон 50 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik.  Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи хати интиқоли нерӯ аз шаҳри Каркии Туркманистон ба Шибирғони Афғонистон, ки бо ҳузури маҷозии сарони ду кишвар баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурии Афғонистон аз давлати Туркманистон барои коҳиши қимати барқ аз 6 сент ба 3,5 сент қадрдонӣ кард, иттилоъ додааст ИРНА.

"Ин тарҳ таъсири мусбате дар таъмини барқи қобили итминон дар устонҳои шимолии Афғонистон ва беҳбуди авзоъ дар ин минтақа хоҳад дошт ва Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад", - таъкид доштааст Ашраф Ғанӣ.

Гуфта шудааст, ки бо роҳандозии хати интиқоли 500 киловат, теъдоди афроде ки аз барқ дар Афғонистон истифода мекунанд, ба 9 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки гоме муҳим дар таъмини барқи қобили эътимод дар ин кишвар аст.

Дар марҳалаи аввал, Туркманистон барқи шаҳрҳои Андхӯй, Шибирғон ва Мазори Шарифро таъмин мекунад ва дар марҳалаи дувум то авоили соли 2022 барқро ба Пули Хумрӣ ва Кобул ва сипас бо дастрасии бештар ба шаҳрҳои Покистон хоҳад расонд.

204
Барчаспҳо:
коҳиш, арзон, қиматшавӣ, Туркманистон, Афғонистон
Заслуженный артист Узбекистана и Каракалпакстана Рахматжон Курбонов

Даргузашти шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон Раҳматҷон Қурбонов

99
(Таҷдидшуда 17:56 18.01.2021)
Дар Ӯзбекистон шашмақомхон, ки солҳои дароз раҳбарии ансамбли "Лазги" - машҳур дар ҷаҳонро бар дӯш дошт, аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.

"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.

Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.

Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.

Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова

Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.

99
Барчаспҳо:
шашмақом, Шашмақом, ҳунарманд, Ӯзбекистон, даргузашт

Вазъ дар Маскав беҳтар мешавад: Собянин як қатор маҳдудиятҳоро лағв кард

0
(Таҷдидшуда 12:20 21.01.2021)
Раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин мегӯяд, вазъи коронавирус дар Маскав рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст ва аз ин рӯ як қатор маҳдудиятҳои ҷорибуда бекор мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Сар аз 22 январ дар шаҳри Маскав аксар маҳдудиятҳое, ки дар робита ба паҳншавии маризии коронавирус ҷорӣ гардида буданд, бекор мешаванд. Дар ин бора раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин хабар додааст.

Бо қарори Собянин сар аз фардо кори муассисаҳои таълимӣ, маконҳои фароғатӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ аз сар гирифта мешавад.

Ӯ мегӯяд, вазъи коронавирус дар пойтахти Русия хушбинкунанда аст, "аз ин рӯ метавонем маҳдудиятҳои мавҷударо ба таври назаррас коҳиш диҳем".

Ҳамин тариқ, аз 22 январ кори осорхонаву китобхонаҳо ва дигар муассисаҳои фарҳангӣ ҷоннок мешавад ва ба баргузории чорабиниҳои фароғатӣ низ иҷозат дода мешавад.

Собянин: сокинони Маскав бояд аз нав ба ҳаёти муқаррарӣ одат кунанд

Аммо шаҳрдор таъкид намудааст, ки шумораи тамошобинон набояд аз 50 дарсад зиёдтар бошад.

Зимнан, коллеҷҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, мактабҳои варзишӣ ва муассисаҳои истироҳати кӯдакон низ ба кори муқаррарӣ бармегарданд, вале донишҷӯёни донишгоҳҳои Маскав ҳамоно то 6 феврал ба таҳсили фосилавии худ идома медиҳанд.

Собянин изҳори умедворӣ намудааст, ки дар ояндаи наздик вазъият боз ҳам беҳтар мешавад ва маҳдудиятҳо марҳила ба марҳила бекор мегарданд.

0
Барчаспҳо:
лағв, маҳдудият, Сергей Собянин, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон