Фурудгоҳи Кобул ҳадафи ҳамлаи террористӣ қарор гирифт

161
(Таҷдидшуда 13:49 13.12.2020)
Фурудгоҳи Кобул субҳи имрӯз ҳадафи шиллики 10 мӯшаки террористҳо қарор гирифт

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ин мушакҳо ба таъсисоти фурудгоҳӣ осебе нарасондааст, аммо тасовири мунташиршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки таркишҳои ракет ба як ҳавопаймои истодаи ширкати ҳавоии “Ком Эйр” таъсир расонидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Садо ва симо".

Идораи ҳавонавардии ғайринизомии Афғонистон эълом кард, ки парвозҳои фурудгоҳи Кобул субҳи рӯзи шанбе пас аз партоби чанд мушак ба атрофи фурӯдгоҳ мутаваққиф ва пас аз ду соат азсар гирифта шуд.

То кунун шахс ё гурӯҳе масъӯляти ин ҳамларо бар ӯҳда нагирифтааст.

Парвозҳои фурудгоҳи Кобул пас аз ду соат аз ин ҳамла аз сар гирифта шуд.

Амруллоҳ Солеҳ дар вокуниш ба ҳамалоти ракетии рӯзи шанбе ба манотиқи мухталифи Кобул, аз ҷумла фурудгоҳи ин шаҳр гуфт, давлати Ашраф Ғанӣ ба ин гуна ҳамалот посухи лозимро хоҳад дод.

20 рӯзи пеш ҳам 20 мушак ба нуқоти мухталифи Кобул партоб шуд, ки дар натиҷа 10 ғайринизомӣ кушта ва беш аз 20 тани дигар низ захмӣ шуданд.

161
Барчаспҳо:
террористӣ, ҳамла, фурудгоҳ, Кобул
Студенты на лекции

Вокуниши донишҷӯёни тоҷики донишгоҳи низомии Қазоқистон ба ихроҷи худ аз ин донишгоҳ

206
(Таҷдидшуда 13:18 18.01.2021)
Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ду донишҷӯии тоҷикистонии риштаи афсарӣ, ки ахиран аз донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Петропавловск, дар шимоли ин кишвар ихроҷ шудаанд, ин иқдомро ғайриинсофона унвон кардаанд.

Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

Зиёратшоҳ Қурбонов ва  Аваз Қурбонов, ки ахиран дар паи муноқиша бо донишҷӯёни қазоқ ва ба иттиҳоми нақзи муқаррароти дохилӣ аз ин маркази омӯзишӣ ихроҷ шудаанд, муддаӣ ҳастанд ки омилони даргирӣ донишҷӯёни қазоқ будаанд ва раёсати донишгоҳ ба иштибоҳ ин ду афсари тоҷикро гунаҳкор дониста аст.

Ин ду тоҷик бар асоси созшнома миёни вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои таҳсилоти такмилӣ ба донишгоҳи Горди миллии Қазоқистон эъзом шуда буданд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

Гуфта мешавад дар ин донишгоҳ 37 донишҷӯи тоҷик бо квотаи давлати Қазоқистон таҳсил мекунанд.

Созишномаи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи низомии Горди миллии Қазоқистон дар соли 2009 миёни мақомоти вазоратҳои корҳои дохилаи Тоҷикистон ва Қазоқистон имзо шуда аст.

206
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд Душанберо дақиқ кард

672
(Таҷдидшуда 12:31 17.01.2021)
Ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон аллакай рӯз ва соати парвозҳо дар масири Тошканд – Душанберо  эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири  Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.

Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".

672
Барчаспҳо:
парвоз, ҷадвал, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Центр города Душанбе

Пеш аз паёми раисҷумҳур: Рустами Эмомалӣ вакилонро ба маҷлис даъват кард

0
Иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 январ дар шаҳри Душанбе доир карда мешавад

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ вакилони маҷлисро ба ҷаласаи навбатӣ даъват кардааст.

Тавре котиботи Маҷлиси миллӣ гузориш медиҳад, дар ин бора қарори вижаи Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Тибқи қарори мазкур иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум 25 январ, соати 11:00 дар Душанбе баргузор карда хоҳад шуд.

"Мутобиқи моддаи 52 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор мекунам: иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 25 январи соли 2021, соати 11-00 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад", - омадааст дар қарори раис.

Ёдрас мешавад, дар ҳамин ҳол пештар раиси Маҷлиси намоянагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода қарореро имзо кард, ки мувофиқи он рӯзи 26 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, даъвати шашум баргузор мегардад.

Ҷаласаи якҷоя: рӯзи паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи муштарак Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми солонаашро ба парлумон ироа кунад. Ҳамасола раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷияшро баён медорад.

Одатан паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон охири декабр сурат мегирифт, аммо паёми имсола ба моҳи январ гузаронда шуд.

0