Навруз в Мазари Шариф

Маконҳои исломии Афғонистон дар феҳристи мероси ҷаҳонӣ

173
(Таҷдидшуда 12:41 18.12.2020)
Созмони Ҷаҳонии Исломӣ барои омӯзиш ва парвариш, улум ва фаҳанг (ICESCO) маконҳои исломии Афғонистонро ба феҳристи исломии ҷаҳонӣ изофа кард

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Шафақнои Афғонистон, Созмони Ҷаҳонии Исломӣ барои омӯзиш ва парвариш, улум ва фарҳанг (ICESCO) бо интишори баёнияе эълом кард, ки 66 макони таърихӣ-мазҳабии Афғонистонро ба феҳристи мероси ҷаҳони ислом афзудааст.

Мақари (ICESCO) дар Работ пойтахти Мағриб қарор дорад ва 57 кишвари исломӣ, аз ҷумла Эрон узви ин созмон ҳастанд.

Ин созмон то кунун мубодират ба ифтитоҳи ду дафтари минтақаӣ дар Шарҷаи Иморот ва Теҳрон кардааст.

Едрас мешавем, ки дар Афғонистон бештар аз 15 ҳазор мас­ҷид фаъолият дорад ва мардум ба 20 ҳазор мазор ва ма­конҳои муқаддас назру ниёз мекунанд.

Аз ҷумла, ором­гоҳи ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (дар Мазори Шариф), макони нигоҳдории хирқаи ҳаз­рати Муҳам­мад (с) (дар Қандаҳор), Масҷиди Сахӣ (Кобул), Мақба­раи Охундзода (Ҷалолобод), Масҷиди Ҷомеъ (Ҳирот) зиё­ратгоҳи мардуманд.

173
Барчаспҳо:
феҳрист, созмон, исломӣ, макон, Афғонистон

“Фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ”: чаро ронандаҳои афғон аз дарёфти рақами 39 худдорӣ мекунанд

1507
(Таҷдидшуда 12:58 16.01.2021)
Ривояте хурофотӣ аз иртибот доштани фасоди ахлоқӣ бо адади 39 боис шуд, ки давлати Афғонистон тасмим бигирад то ин ададро ба сурати комил аз раванди сабти рақами мошинҳо ҳазф кунад

ДУШАНБЕ, 16 январ - Sputnik. Тайи солҳои ахир хурофоте, ки адади 39 - ро намоди “фасоди ахлоқӣ ва беғайратӣ” унвон мекунад, сабаби мушкилоти фаровоне дар Афғонистон шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Дар Афғонистон мошинҳои дорои рақами 39 афзун бар он ки ба ронандаҳо ба чашми афроди фосид нигоҳ мешавад, ҳангоми харидуфурӯш низ ба далели доштани ин адад дар пилок, як сеюми қиматро аз даст медиҳанд.

Худдории шаҳрвандон аз дарёфти рақами дорои адади 39 фурсатро барои фасод дар идораҳои ронандагӣ дар Афғонистон ба вуҷуд овард, ба тавре ки гоҳе маъмурони судҷӯ ва фосид ба муштариҳое, ки барои гирифтани рақам ба идораи ронандагӣ муроҷиа мекарданд, эълом мекарданд, ки навбати онҳо ба адади 39 расидаву онон маҷбур ҳастанд пилоке бо ин адад бигиранд.

Аммо муштариён аз гирифтани ин навъ рақам худдорӣ кардаву ба маъмурон пешниҳоди ришва мекарданд, ки боиси густариши фасод дар ин идора гардиду аз тарафи дигар осеби ҷиддӣ ба буҷети давлат низ ворид кард.

Акнун давлати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки барои ҷилавгирӣ аз фасод ва гирифтани ришва аз муроҷиин дар идораи роҳнамоӣ - ронандагӣ аз рӯзи шанбеи 16 январ адади 39 - ро ба таври комил аз чархаи сабт дар пилокҳои худравҳо ҳазф ва заминаи ришваву фасодро аз байн бибарад.

1507
Барчаспҳо:
ронанда, мошин, рақам, Афғонистон
Юношеская сборная Таджикистана

Як сол инизорӣ: Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв шуд

23
(Таҷдидшуда 12:46 16.01.2021)
КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Имсол Чемпионати Осиё миёни наврасону ҷавонон лағв карда шуд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) чемпионатҳои Осиё оид ба футбол миёни наврасон (U-16), ҷавонон (U-19), ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзал имсол доир намешаванд. 

"КФО ин тасмимро бо дарназардошти номуайянӣ ва хавфҳои марбут ба пандемияи COVID-19, ҳифзи саломатӣ ва амнияти иштирокчиён гирифтааст. Баҳрайн ва Ӯзбекистон ҳуқуқи мизбонии марҳилаҳои ниҳоии Ҷоми Осиёро байни наврасон (U-17) ва ҷавонон (U-20) дар соли 2023 ҳифз кардаанд", - менависад манбаъ.

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

КФО, ҳамчунин Чемпионати Осиё оид ба футзалро, ки мебоист аз 23 март то 3 апрели соли равон дар Кувайт доир мешуд, барҳам дод. Тибқи қарори КФО, Кувайт низ ҳуқуқи баргузор кардани 16-ум Ҷоми Осиё оид ба футзалро дар соли 2022, ки мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат мекунад, ҳифз кард.

Чемпионати Осиё-2021 оид ба футзал, ки бояд дар Тайланд доир мегардид, ба соли 2023 гузаронида шуд.

23
В московском Музее Востока открылась выставка В тени вершин

Ифтитоҳи намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар Душанбе

0
(Таҷдидшуда 20:10 16.01.2021)
Намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Маҳсулоти 27 ширкати афғонистонӣ ва корҳои дастии афғонҳои муқими Тоҷикистон дар 40 ғурфаи ин намоишгоҳ арза шудааст, иттилоъ додааст АМИТ  “Ховар”.

Бино бар иттилои манбаъ, ширкатҳои афғонистонӣ дар ин намоишгоҳ колоҳое монанди саноати дастӣ, фарши дастбоф, зарфҳои суфолӣ ва мисӣ, либосҳои суннатӣ ва маҳсулоти кишоварзиро дар маърази диди умум қарор додаанд.

Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Душанбе дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ гуфт, ки дар ояндаи наздик низ намоишгоҳи сангҳои қимматӣ ва нимақиматии кишвараш дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вай таъкид кард, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо мӯҷиби тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистону Тоҷикистон хоҳад шуд.

Сафирон ва масъулони теъдоде аз кишварҳои хориҷии муқими Душанбе, намояндагони утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон ва фаъолони бахши хусусии ин кишвар аз намоишгоҳи саноати дастӣ ва маҳсулоти кишоварзии Афғонистон боздид карданд.

0
Барчаспҳо:
баргузор, саноат, Душанбе, намоишгоҳ, Афғонистон