Школа для девочек в Афганистане, архивное фото

ЮНИСЕФ: Толибон ба бозкушоии садҳо мактаби ибтидоӣ дар Афғонистон розигӣ доданд

198
(Таҷдидшуда 15:54 21.12.2020)
Сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Афғонистон эълом кардааст, ки бо гурӯҳи Толибон барои бозкушоии садҳо мактаб ва шурӯъ ба таҳсили ҳудуди 140 ҳазор донишомӯзи афғон ба тавофуқ расидааст

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Бар асоси ин тавофуқ, ҳудуди чаҳор ҳазор мактаби ғайрирасмӣ дар манотиқи таҳти назорати Толибон ба зудӣ бозкушоӣ мешавад, иттилоъ додааст ИРНА.

Раиси бахши омӯзиши ЮНИСЕФ гуфт, ки бо Толибон тавофуқ шудааст, ки духтарону писарон то поёни давраи ибтидоӣ – то синфи шашум, дар ин мактабҳо дарс бихонанд.

Ба гуфтаи Ларина Диа, хароҷоти сохтмони ин мактабҳо аз ҷониби Ниҳоди Ҳамкории Ҷаҳонӣ оид ба омӯзиш пардохт карда мешавад.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Дар айни ҳол нигарониҳо аз афзоиши хушунат ва қурбонӣ шудани ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон дар Афғонистон ҳамчунон идома дорад ба тавре, ки инфиҷори рӯзи ҷумъа дар маросими хатми Қуръон дар Ғазнӣ ҷони 15 нафарро гирифт, ки 12 тан аз онон кӯдак буданд.

Фиристодаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон гуфтааст, ки дар се моҳи сеюми соли 2020 талафоти кӯдакон 25 дарсад афзоиш ёфта ва ҳамла ба мадорис низ чаҳор баробар шудааст.

198
Барчаспҳо:
афғонӣ, бозкушоӣ, мактаб, ЮНИСЕФ, Толибон, Афғонистон
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

11
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

11
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

"Сомон Эйр" парвозҳоро бо Тошканд барқарор мекунад

17
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” иҷрои парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Тошканд-Душанбе аз нав оғоз менамояд. Парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа иҷро мешаванд

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Парвози нахустин санаи 29-уми январ ба нақша гирифта шудааст. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Тошканд 13:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад, хабар дод ширкати ҳавоӣ ба Sputnik Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши парвоз ба Тошкандро доранд, бояд бо худ маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (PCR-тест), ки давоми 72 соат пеш аз вуруд дода шудааст, дошта бошанд.

"Маълумотнома бояд аслӣ бошад, ҳатман ҳама навиштаҷоти он дар компютер ҳуруфчинӣ шуда бошанд (дастхат набошад) ва аз ҷониби лабораторияе, ки дар давлати хуруҷ акредитатсия дорад, бо забони русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад", - таъкид мекунад манбаъ.

Кӯдакони то 12-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Шахсоне, ки нишонаҳои COVID-19-ро доранд ва ашхосе, ки натиҷаи санҷиши ПСР-тесташон мусбат мебошад ба парвоз роҳ дода намешаванд, меаязояд "Сомон Эйр".

Тибқи Қарори Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии Ӯзбекистон то 1-уми феврали соли 2021 парвозҳои байналмилалӣ бо Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ қатъ карда шуданд.

Шаҳрвандони муқими ин кишварҳо, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ ва шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки дар тӯли 14 рӯзи охир дар ин кишварҳо буданд, иҷозаи вуруд ба Ҷумҳурии Ӯзбекистонро надоранд.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон ворид мешаванду дар давоми 14 рӯзи охир дар Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ буданд, пас аз вуруд ба Ӯзбекистон дар маҷмааи муваққатии карантинӣ ё меҳмонхонаи марбута давоми 14 рӯз ба карантин гирифта мешаванд.

Ҳамаи мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мешаванд, бояд барои муайян кардани сирояти коронавирус тавассути экспресс-тест аз ташхис гузаранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳи Тошканд аз ҳисоби мусофирон гузаронида мешавад. Мусофироне, ки натиҷаи тесташон мусбат аст, барои табобат ба беморхона равона карда мешаванд.

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд – Душанберо дақиқ кард

Кулли мусофироне, ки вориди Душанбе мешаванд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мубтало набудан ба коронавирус (COVID-19) - натиҷаи манфии ПСР-тестро, ки давоми 72 соат пеш аз вуруд ба Тоҷикистон гирифта шудааст, дошта бошанд.

Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотномаи мазкур озод мебошанд. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки азми сафар ба Душанбе доранд, доштани иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ бобати вуруд ба қаламрави Тоҷикистон, раводид (агар лозим бошад) ва маълумотномаи эмин будан аз COVID-19 (натиҷаи манфии ПСР-тест), ки давоми 72 соат қабл аз вуруд ба Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад.

Ба шаҳрвандони Ӯзбекистон барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозатномаи мақомоти ваколатдори ҶТ лозим нест.

Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?

Мусофироне, ки таби баланд ё аломатҳои гирифторӣ ба коронавирусро доранд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд.

Давоми парвоз мусофирон бояд ниқоб ва дастпӯши ҳифозатӣ дошта бошанд. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва хариди чипта лутфан ба маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоӣ, намояндагии ширкат дар Тошканд – ширкати «APG UZBEKISTAN» ва Агентии алоқаи ҳавоӣ муроҷиат намоед.

17