ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ӯзбекистон аз 21 декабри соли 2020 то 10 январи соли 2021 иртиботи ҳавоӣ (парвозҳои воридотӣ, содиротӣ ва транзитӣ) -ро бо Бритониёи Кабир, Италиё, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ мебандад.
Ин тасмим бо сабаби шиддати босуръати вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва инчунин пешгирии пайдоиши манбаъҳои нави сирояти коронавирус дар кишвар қабул шудааст.
"Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тавассути кишварҳои сеюм ба Ӯзбекистон меоянд ва дар тӯли 14 рӯзи охир дар ритониёи Кабир, Италиё, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ будаанд, бояд карантини ҳатмии 14-рӯзаро дар меҳмонхона гузаранд", - менависад "Ховар" дар истинод ба расонаҳои кишвар.
Илова бар ин, шаҳрвандони кишварҳои зикршуда, шахсони бешаҳрвандӣ, ки доимо дар ин давлатҳо зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандони кишвари сеюм, ки дар ин давлатҳо истиқомат мекунанд ё давоми 14 рӯзи охир дар онҷо будаанд, зери таъсири ин маҳдудият қарор мегиранд ва ба онҳо иҷозат дода намешавад, ки дар тамоми ин муддат ба Ӯзбекистон ворид шаванд.
Кашфи шакли нави коронавирус дар Бритониё: “70% сироятёбандатар аз пешӣ”
Маҳдудият тадриҷан ҳангоми ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ин кишварҳо бардошта хоҳад шуд.
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба гузориши дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Шамхонӣ дар ин дидоре, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шудааст, бо ишора ба собиқаи шарорату ҷангафрӯзии Амрико дар минтақа гуфт, ки ИМА намоиши музокироти сулҳро бо ҳадафи эҷоди бунбаст дар музокироти миёни тарафҳои мухталифи афғонистонӣ дунбол мекунад то онҳоро муқассири ноамнӣ ва бесаботӣ нишон диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳечгоҳ ҷараёнеро, ки бихоҳад бо ҷанг дар Афғонистон ба ҳокимият бирасад, ба расмият нахоҳад шинохт, бар зарурати мушорикати ҳамаи ақвом дар таъйини сарнавишти Афғонистон дар раванде комилан мусолиматомез таъкид кард.
Шамхонӣ амнияти Афғонистон, ба вижа дар устонҳои ҳаммарз бо Эронро амре ғайриқобили чашмпӯшӣ барои Эрон донист ва бар ҳамкории Толибон бо давлати Афғонистон барои мубориза бо ҳар гуна ноамнӣ ва муқобила бо таҳаррукоти ДИИШ таъкид кард.
Ёдрас мешавем, ки ахиран вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе эълом кард: "давлати Эрон дар мавриди сафари ҳайати Толибон ба Эрон давлати Афғонистонро огоҳ намуда ва дар ин маврид назариёти давлати Афғонистонро қаблан мутолиба ва дарёфт кардааст".
Бар асоси ин эълом, ҳадаф аз танзими сафари ҳайати Толибон ба Эрон ин аст то Эрон, афзун бар шарҳи дидгоҳҳои худ, "Толибон" - ро дар мавриди иҷмоъи минтақаӣ дар бораи таъмини оташбаси фаврӣ, дастёбӣ ба як тавофуқи ҷомеъи сулҳ дар чорчӯби низоми ҷумҳурӣ ва ҳифзи арзишҳои қонӯни асосии Афғонистон, огоҳ созад.
Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳамчунин таъкид кард, Эрон мехоҳад итминон ҳосил кунад, ки Афғонистон пасомунозиа бори дигар ба пойгоҳи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил нахоҳад шуд ва ҳамчун маркази иттифоқ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов расман ба иҷрои вазифа сар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, маросими савгандёдкунии Ҷабборов дар толори Филармонияи милли ин кишвар бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон сурат гирифт.
Гуфта мешавад, миёни меҳмонон ҳамчунин собиқ кишвардор Сооронбой Жээнбеков, ки бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, низ ҳузур дорад.
Манбаъ меафзояд, ҳамаи меҳмонон қабл аз иштирок дар маросими мазкур, аз ташхиси коронавирус гузаштанд.
Ҷабборов пас аз адои савганд дар муроҷиат ба тамоми шаҳрвандони Қирғизистон ваъда дод, ки софдилона ба халқу ватан хизмат мекунад.
Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд
Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон рӯзи 10 январи соли ҷорӣ интихоботи фаврии президентӣ баргузор шуд ва Содир Ҷабборов бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.
Ҷабборов моҳи декабр дар паи нотинҷ шудани вазъият дар Қирғизистон аз зиндон баромад ва сарвазир таъин шуда буд.
Шаршараҳои Ниагара маҷмааи шаршараҳо дар дарёи Ниагара, иёлоти Ню-Йорки Амрикоро аз вилояти Онтариои Канада ҷудо мекунад.
Гарчанде ки ин шаршараҳо баландии на он қадар калон доранд, аммо онҳо хеле васеъанд ва аз ҷиҳати ҳаҷми обе, ки аз он мегузарад, шаршараи Ниагара пуриқтидортарин дар Амрикои Шимолӣ аст.
Баландии шаршараҳо 53 метр аст. Таҳкурсии шаршараи амрикоиро тӯдаи сангҳо пинҳон мекунанд, ки барои ҳамин баландии он ҳамагӣ 21 метрро ташкил медиҳад. Паҳноии шаршараҳои амрикоӣ 323 метр, шаршараҳои наъл 792 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби афтидан ба 5700 ва аз он ҳам бештар аст.
Зебоии ин мӯъҷизаи табиӣ сайёҳони зиёдеро аз тамоми ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад, ки ин ба ободии шаҳрҳои дар соҳилҳои шаршараҳо ҷойгирбуда мусоидат мекунад.
Қасри шоҳон, маъбад ва хонае болои шаршара : меросҳои нави ЮНЕСКО - акс
Дар фасли сармо шаршараи Ниагара боз ҳам зеботар мешавад. Тамоми буттаву дарахтони гирду атрофи он яхпӯш мешаванд. Сафи сайёҳону хоҳишмандон барои тамошо ва аксбардорӣ аз чунин манзараи зебо новобаста аз хунукӣ ҳам коҳиш намеёбад.
Зебогӣ ва манзараи фасонавии шаршараи Ниагараро аз тасвирбаён тамошо кунед.
Аксбардории духтаре дар назди шаршараи Хорсшу - Фолс
Тасвири зебои шаршараи Хорсшу - Фолс
Ин шаршара дар фасли сармои зебистон боз зеботар мешавад
Ҳазор нафар барои бевосита шоҳиди чунин тасвирҳои зебо шудан, ба шаршараи Хорсшу - Фолс ташриф меоранд
Оби яхкардаи шаршара ҳар гуна шаклу намудҳои ғайримуқаррариро касб мекунад
Хоҳишмандон дар назди ин зебогиҳо акс мебардоранд
Новобаста ба ҳавои сард сафи хоҳишмандони чунин табиати зебо кам нест
Буттаҳои атрофи шаршара ҳама ях бастаанд
Шаршараи Хорсшу - Фолс дар Канада ҷойгир аст
Мард дар пеши шаршараи Хорсшу - Фолс аксбардорӣ мекунад