Полицейские возле места взрыва в Кабуле, Афганистан. 7 августа 2019 года

Ҳамлаи террористон ба мошини чеҳраи намоён: куштори боз як мақомдор дар Афғонистон

677
(Таҷдидшуда 11:38 24.12.2020)
Дар Афғонистон роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон дар як ҳамлаи террористӣ кушта шуд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ахиран роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон, Юсуф Рашид дар Кобул кушта шуд, иттилоъ додааст сомонаи afghanistan.ru.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳодиса мазкур санаи 23 декабр тақрибан соати 8:30 ба вақти маҳаллӣ рух додааст.

Бародари Юсуф Рашид ба хабарнигорон хабар додааст, ки роҳбари Бунёди интихоботи озод ва шаффофи Афғонистон ба сӯи дафтари кориаш равон буд ва  афроди мусаллаҳи номаълум ба мошини ӯ ҳамла карданд. Бар асари захмҳо Рашид ва ронандааш дар ин ҳамла ҷон бохтаанд.

Таъкид шудааст, ки ҳеҷ гурӯҳе аз мухолифони мусаллаҳи оштинопазир то ҳол масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Бояд қайд кард, ки рӯзноманигор Раҳматуллоҳ Некзод рӯзи душанбеи гузашта дар вилояти Ғазнӣ кушта шуд. Журналисти телевизион Малола Майванд чанд рӯз пеш дар Ҷалолобод қатл шуд. Ҳамлаҳо алайҳи  кормандони ВАО ва ҳомиёни ҳуқуқ ҷомеаи Афғонистонро ба изтироб овардаанд.

677
Барчаспҳо:
ҳамла, террорист, куштор, қатл, Афғонистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

884
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

884
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

117
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

117
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон

Клинтон Трампро дар робита бо Путин айбдор кард. Чаро? - навор

0
Дар ИМА боз “изи русӣ” меҷӯянд. Ин дафъа дар ҳамла ба Капитолия. Собиқ котиби давлатии ИМА, Хилларӣ Клинтон гуфт, гӯиё Русия дар ҳамла даст дорад.

Тибқи ин ривоят, Доналд Трамп дар ин рӯз бо Владимир Путин тамоси телефонӣ дошт. Хилларӣ Клинтон равобити Трампу Путинро санҷиданист. Клинтон гумон дорад, ки Трамп қабл аз ҳамлаи 6 январ ба Капитолия бо Путин суҳбати телефонӣ дошт.

Ҷонибдорони ҷумҳурихоҳ ҷаласаи якҷояи Конгрессро халалдор карданд, ки дар он пирӯзии демократ Ҷо Байдент дар интихобот тасвиб мешуд.

Собиқ котиби давлатии ИМА хостори сабтҳои суҳбатҳои телефонии Трамп дар 6 январ шуд. Ӯ аз гумону нақшаҳояш дар подкасти  You and Me Both гуфт. Хилларӣ Клинтон, ректори донишгоҳи Квинс, собиқ котиби давлатии ИМА: “Мо дар бораи низоми идориямон тайи чор соли охир – аҳди президенте, ки демократияро хуш надорад, зиёд фаҳмидем”.

Бо Клинтон роҳбари Конгресс, Ненсӣ Пелосӣ суҳбат дошт, ки бетартибӣ дар Вашингтонро “туҳфаи Путин” хонд.

Владимир Ҷабборов, ноиби аввали Кумитаи байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, мегӯяд,  Клинтон – хонуми хеле қасосгир аст.

“Трампро, ки замоне барои президентшавияш монеа шуд, намебахшад... Ин чеҳраи рафта аст, бигзор дар бораи чизҳои шахсияш фикр кунад. Вақташ дар сиёсат гузашт”, - изҳор дошт ӯ. . 

Соли 2016 дар ИМА чунин иттиҳомот садо дода буданд. Аз ҷумла бе далел Русияро ба дахолат дар интихобти президентӣ айбдор карданд.

Вашингтон зиёд мушкилоти дохилияшро бори нерӯҳои набудаи хориҷӣ мекунад.

0
Барчаспҳо:
ИМА, Русия