Афганские талибы, архивное фото

Толибон 21 мусофир аз ҳазораҳои Афғонистонро рабуданд

151
(Таҷдидшуда 13:15 30.12.2020)
Толибон бори дигар 21 мусофир аз ҳазораҳои Афғонистонро дар вилояти Ғазнӣ рабуданд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Гурӯҳи Толибон ахиран чанд мошин мусофирони ҳазораро дар Дашти Қарабоғ, масири Қарабоғ – Ҷоғурӣ мутаваққиф кардаву тамоми 21 сарнишини ин мошинҳоро ба гаравгон гирифтанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба сомонаи “Шафақно”.

ЮНИСЕФ: Толибон ба бозкушоии садҳо мактаби ибтидоӣ дар Афғонистон розигӣ доданд

Бино бар иттилои манбаъ, як рӯз қабл аз он низ Толибон беш аз 10 мусофири ҳазора аз манотиқи Тамки, Найқалъа ва Говмурдаро ба гаравгон гирифтанд.

Гуфта шудааст, ки то кунун  аз вазъияту ҳувияти онҳо гузорише мунташир нашудааст.

Толибон раиси як минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро рабуданд

Бархе аз ҷодаҳову бузургроҳҳои Афғонистон, ки таҳти кантроли Толибон қарор дорад, барои мусофирон бисёр хатарнок аст ва гоҳе авқот Толибон бо ҳамла ба мошинҳои мусофирбарӣ, сарнишинони онҳоро мерабоянд, ки ин мавзуъ боиси нигарониву хашми мардум шудааст.

151
Барчаспҳо:
мусофир, Ғазнӣ, рабудан, Толибон, Афғонистон

Кохи сафед эълон кардааст, ки тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард

213
(Таҷдидшуда 13:46 23.01.2021)
Кохи сафед дар баёнияе эълом кард, ки мушовири амнияти миллии Ҷо Байден, раисҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ итилоъ дода аст, ки Амрико тавофуқи Трамп бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ҷек Соливон, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико ба ҳамтоии афғонистонии худ эълом кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида тавофуқ бо Толибонро бознигарӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА.

Пеш‌тар Антони Блинкин, ки аз сӯи Байден номзади ҳидояти вазорати хориҷа шуд, дар ҷаласаи пурсишу посух бо намояндагон дар маҷлиси Сенати ин кишвар гуфта буд, ки тавофуқи давлати Трамп бо Толибонро баррасӣ ва бознигарӣ хоҳад кард.

Ин дар ҳоле аст, ки манобее аз давлати Афғонистону Толибон пештар гуфта буданд, ки ду тараф барои тавофуқи давлати Трамп бо Толибон, мунтазири вуруди Ҷо Байден ба Кохи сафед ҳастанд, то аз мавозеъи ӯ дар қиболи ин тавофуқ ва иқдомоти ӯ огоҳ шаванд.

Рӯзи 20 феврали соли гузашта мақомҳои Амрико ва Афғонистон эълом карданд, ки Амрико ва муттаҳидонаш дар НАТО нерӯҳояшонро дар муддати 14 моҳ аз Афғонистони хориҷ хоҳанд кард, дар сурате ки Толибон ба таъаҳҳудоташ бар асоси тавофуқе, ки дар Давҳа имзо карданд, пойбанд бошад.

Панҷ ҳазор зиндонии гурӯҳи Толибон низ бар асоси ҳамин тавофуқнома аз зиндонҳои давлати Афғонистон озод шуданд, ки акнун давлат муддаӣ аст шумори зиёде аз онҳо ба майдони ҷанг баргаштаанд.

Тавофуқномаи сулҳи Амрико ва ниманизомиёни Толибон баъд аз 11 даври музокирот дар ҳоле ба имзо расид, ки бо вуҷуди давлати қонунии Афғонистон, Амрико ба гурӯҳи Толибон дар умури дохилии ин кишвар иҷозаи мудохила додааст.

213
Барчаспҳо:
тавофуқ, бознигарӣ, Толибон, Трамп, Афғонистон, Амрико
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

2000
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

2000
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Бокс, архивное фото

Воҳидов камарбанди WBO-ро гирифт: набарди дидании муштзани шикастнадидаи тоҷик-видео

0
(Таҷдидшуда 00:27 24.01.2021)
Асрор Воҳидов, муштзани шикастнадидаи тоҷик, дар мусобиқаи байналмиллалии “RCC Boxing Promotions” камарбанди WBO (Созмони ҷаҳонии бокс)-ро соҳиб гашт

ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Ин рақобати нуҳуми Воҳидов буд, ки бидуни шикаст поён ёфт.

Мусобиқот шоми имрӯз дар шаҳи Екатеринбург баргузор гардида, Воҳид Асроров намояндаи Африқои Ҷанубӣ Тато Бонокоанеро шикаст дод.

Мавриди зикр аст, ки рақобат барои ҳарду варзишкор шадид оғоз шуд, аммо Воҳидов майдондориро аз даст намедод ва ин буд, ки пас аз зарбаҳои шадиди пайиҳам ҳарифашро дар даври 9-ум нокаут кард.

Гуфта мешавад, ин рақобат барои Воҳидов зарурӣ буд, зеро он барои камарбанди WBO Oriental баргузор шуда буд.

Видеои муштзании Воҳидови шикастнадида бо “Ракета”-и қазоқ: пирӯзӣ баъди нокдаун-навор

Ҳамакнун Воҳидови 26-сола дар 9 сабқати касбӣ 9 пирӯзӣ ба даст овард.

Асрор Воҳидов 20 октябри соли 1995 дар Исфара таваллуд шудааст. Варзишгар дар вазнҳои то 52 кг ва то 56 кг баромад мекунад.

0