Таъкид бар меҳварияти қонуни асосӣ дар музокироти сулҳи давлати Афғонистон бо Толибон

124
(Таҷдидшуда 17:44 31.12.2020)
Тими музокиракунандаи давлати Афғонистон эълом кард, барои ташреҳи низоми исломӣ дар музокирот бо Толибон ба қонӯни асосии ин кишвар муроҷиа ме‌шавад.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тими музокиракунандаи давлати Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, ҳайати музокиракунанда, ки дар таркиби он ҳуқуқдонону уламои барҷаста ҳузур доранд, дар сӯрати ниёз ба ташреҳи низоми исломӣ, ба қонӯни асосӣ муроҷиа мекунанд ва аз зарфиятҳои дигар низ машварат мегирад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Бар асоси асноди фош шуда аз дастури кори пешниҳодии Толибон барои музокироти сулҳ, меҳвари асосии пешниҳоди Толибон барқарории"низоми исломӣ" ва соири аҷзои асосии он, аз ҷумла навъи заъомат(раҳбарӣ), Шӯрои исломӣ, Қонуни асосӣ ва низ ҳуқуқи занон ва озодии баён дар "партави ислом" аст. Толибон низоми кунӯнии Афғонистонро ғайри исломӣ медонад ва муддаии талош барои эҷоди як низоми исломӣ аст.

Баёнияи тими музокиракунандаи давлати Афғонистон дар бораи онки дар сӯрати ниёз ба ташреҳи абъоди низоми исломӣ ва коркардҳои он ба қонуни асосии ин кишвар муроҷиа хоҳад шуд, гӯёи вурӯди гуфтугӯҳои сулҳ ба марҳалае пурчолиш аст, ки метавонад нуқтаи атфи раванди сулҳи Афғонистон бошад.

Толибон, ки аз 12 сентябри 2020 вориди фароянди музокироти сулҳ бо давлат Афғонистон шудааст, ба мувозоти таъкид бар лузӯми хурӯҷи ҳамаи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар бар ташкили низоми исломӣ бо мухтасоти мавриди иддаоии худ исрор дорад.

124
Барчаспҳо:
музокирот, қонун, Толибон, сулҳ, Афғонистон
Линии электропередачи, архивное фото

Туркманистон қимати барқро барои Афғонистон 50 дарсад арзон кард

153
(Таҷдидшуда 16:36 19.01.2021)
Қимати барқи содиротии Туркманистон ба Афғонистон 50 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 19 янв – Sputnik.  Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи хати интиқоли нерӯ аз шаҳри Каркии Туркманистон ба Шибирғони Афғонистон, ки бо ҳузури маҷозии сарони ду кишвар баргузор шуд, Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳурии Афғонистон аз давлати Туркманистон барои коҳиши қимати барқ аз 6 сент ба 3,5 сент қадрдонӣ кард, иттилоъ додааст ИРНА.

"Ин тарҳ таъсири мусбате дар таъмини барқи қобили итминон дар устонҳои шимолии Афғонистон ва беҳбуди авзоъ дар ин минтақа хоҳад дошт ва Ишқобод зерсохтҳои лозимро барои афзоиши масрафи барқ дар Афғонистон фароҳам мекунад", - таъкид доштааст Ашраф Ғанӣ.

Гуфта шудааст, ки бо роҳандозии хати интиқоли 500 киловат, теъдоди афроде ки аз барқ дар Афғонистон истифода мекунанд, ба 9 миллион нафар афзоиш хоҳад ёфт, ки гоме муҳим дар таъмини барқи қобили эътимод дар ин кишвар аст.

Дар марҳалаи аввал, Туркманистон барқи шаҳрҳои Андхӯй, Шибирғон ва Мазори Шарифро таъмин мекунад ва дар марҳалаи дувум то авоили соли 2022 барқро ба Пули Хумрӣ ва Кобул ва сипас бо дастрасии бештар ба шаҳрҳои Покистон хоҳад расонд.

153
Барчаспҳо:
коҳиш, арзон, қиматшавӣ, Туркманистон, Афғонистон
Заслуженный артист Узбекистана и Каракалпакстана Рахматжон Курбонов

Даргузашти шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон Раҳматҷон Қурбонов

97
(Таҷдидшуда 17:56 18.01.2021)
Дар Ӯзбекистон шашмақомхон, ки солҳои дароз раҳбарии ансамбли "Лазги" - машҳур дар ҷаҳонро бар дӯш дошт, аз олам даргузашт

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Раҳматҷон Қурбонов - шашмақомсарои машҳури Ӯзбекистон, ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон ва Қароқалпакистон даргузашт, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги кишвар.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек назарбеков ба аҳли хонавода ва ёру дӯстони марҳум изҳори таслият кард. Сабаби даргузашти ҳунарманд гуфта нушдааст.

"Дар робита ба даргузашти Раҳматҷон Қурбонов, директори Филармонияи вилоятии Хоразм, муаллими беназир, яке аз рукнҳои санъати Хоразм, мо ба оила ва дӯстони марҳум таъзияи амиқи худро баён мекунем", - гуфт роҳбари Вазорати фарҳанг.

Қурбонов дар тӯли фаъолияти тӯлонии эҷодӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз он низ дар байни дӯстдорони санъати классикии ӯзбек сазовори муҳаббати тамошобинон гаштааст.

Курбонов ба забонхои ӯзбеки, точикӣ, озарбойчонй, туркманй ва туркй сурудхо сароидааст. Вай бо эҷоди худ дар рушди санъати сарояндагии миллӣ саҳми сазовор гузошт ва дар тӯли солҳои роҳбарии худ ба ансамбли суруд ва рақси "Лазги" санъати хоразмӣ махсусан дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон паҳн гардид.

Раҳматҷон Қурбонов бо ордени Шарафи Меҳнат мукофотонида шудааст. Шоҳасарҳои мусиқии ӯ, ба мисли сурудҳои "Чоргох", "Талкини Рост", "Катта Сувора", "Чапандози Сувора" ва дигарщо ҳастанд.

Даргузашти ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Клара Ҷалилова

Дар замонҳои гуногун, Раҳматҷон Қурбонов ба даҳҳо кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Ҷопон, Чин, Малайзия, Олмон, Фаронса, Англия, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Русия тсафарҳои ҳунарӣ доштааст.

97
Барчаспҳо:
шашмақом, Шашмақом, ҳунарманд, Ӯзбекистон, даргузашт
Даст ба дуо, акс аз бойгонӣ

Афзоиши фавти эрониён аз COVID-19

0
(Таҷдидшуда 20:57 19.01.2021)
Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон мегӯяд, дар 24 соати гузашта бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ 83 нафар ҷон доданд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шумори қурбониёни коронавирус дар Эрон, ки 83 миллион нафар аҳолӣ дорад, то имрӯз ба 56 ҳазору 973 тан расид. Дар шабонарӯзи гузашта 83 ҳолати фавт аз ин маризӣ сабт шудаанд.

Ба гузориши Вазорати беҳдошт ва дармони Эрон, дар 24 соати гузашта 5 ҳазору 917 бемори ҷадиди мубтало ба COVID-19 дар Эрон шиносоӣ ва аз ин теъдод 518 нафар бистарӣ шуданд, навиштааст сомонаи Парстудей.

Боз 300 ҳазор ваксина "Спутник V" дастраси мардуми Аргентина шуд - видео

Манбаъ афзуд,  маҷмӯи беморони мубтало ба вируси корона дар Эрон ба як миллиону 342 ҳазору 134 нафар расидааст, ки ҳудуди як миллиону 132 ҳазор нафар аз мубталоён ба ин вирус беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 96 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз ду миллион нафари ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 69 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

0
Барчаспҳо:
беморӣ, вируси корона, Эрон