Продукты российского производства на витрине магазина в Душанбе

Шароби Қирғизистон 12 ӯзбекро заҳролуд кард: ду нафар ба ҳалокат расиданд

416
(Таҷдидшуда 12:06 05.01.2021)
Прокуратураи вилояти Намангони Ӯзбекистон алайҳи ҳодисаи заҳролудшавии 12 нафар мард парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард

ДУШАНБЕ, 05 янв — Sputnik. Дувоздаҳ нафар дар вилояти Намонгони Ӯзбекистон пас аз истеъмоли арақ заҳролуд шуданд, хабар медиҳад котиботи Прокуратураи ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, 12 сокини ноҳияи Тӯрақурғанди вилояти Намангон бо нишонаҳои шадиди заҳролудшавӣ ба беморхона интиқол ёфтанд.

Ҳалокати кӯдаки шашсола пас аз "арақхӯрӣ"

Гуфта мешавад, новобаста аз кӯшишҳои пизишкон барои наҷоти ҷони ҳар 12 нафар, ду тан аз онҳо фавтиданд.

Арақ бо тамғаи Русия аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид шудааст.

Манбаъ меафзояд, прокуратура феълан дар робита ба заҳролудшавии оммавӣ аз машрубот парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

416
Барчаспҳо:
ӯзбекон, заҳролуд, шароб, Қирғизистон
Табличка на столе представителей движения Талибан, архивное фото

Ҳадаф поёни ҷанг дар Афғонистон: музокироти Эрон бо намояндагони Толибон дар Теҳрон

50
(Таҷдидшуда 15:02 28.01.2021)
Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо ҳайати сиёсии "Толибон" дар Теҳрон таъкид кард, ки роҳбурди Амрико дар Афғонистон идомаи ҷангу хунрезӣ аст

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Ба гузориши дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, Алии Шамхонӣ дар ин дидоре, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шудааст, бо ишора ба собиқаи шарорату ҷангафрӯзии Амрико дар минтақа гуфт, ки ИМА намоиши музокироти сулҳро бо ҳадафи эҷоди бунбаст дар музокироти миёни тарафҳои мухталифи афғонистонӣ дунбол мекунад то онҳоро муқассири ноамнӣ ва бесаботӣ нишон диҳад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон ҳечгоҳ ҷараёнеро, ки бихоҳад бо ҷанг дар Афғонистон ба ҳокимият бирасад, ба расмият нахоҳад шинохт, бар зарурати мушорикати ҳамаи ақвом дар таъйини сарнавишти Афғонистон дар раванде комилан мусолиматомез таъкид кард.

Шамхонӣ амнияти Афғонистон, ба вижа дар устонҳои ҳаммарз бо Эронро амре ғайриқобили чашмпӯшӣ барои Эрон донист ва бар ҳамкории Толибон бо давлати Афғонистон барои мубориза бо ҳар гуна ноамнӣ ва муқобила бо таҳаррукоти ДИИШ таъкид кард.

Ёдрас мешавем, ки ахиран вазорати умури хориҷаи Афғонистон дар баёнияе эълом кард: "давлати Эрон дар мавриди сафари ҳайати Толибон ба Эрон давлати Афғонистонро огоҳ намуда ва дар ин маврид назариёти давлати Афғонистонро қаблан мутолиба ва дарёфт кардааст".

Бар асоси ин эълом, ҳадаф аз танзими сафари ҳайати Толибон ба Эрон ин аст то Эрон, афзун бар шарҳи дидгоҳҳои худ, "Толибон" - ро дар мавриди иҷмоъи минтақаӣ дар бораи таъмини оташбаси фаврӣ, дастёбӣ ба як тавофуқи ҷомеъи сулҳ дар чорчӯби низоми ҷумҳурӣ ва ҳифзи арзишҳои қонӯни асосии Афғонистон, огоҳ созад.

Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳамчунин таъкид кард, Эрон мехоҳад итминон ҳосил кунад, ки Афғонистон пасомунозиа бори дигар ба пойгоҳи амни гурӯҳҳои террористӣ табдил нахоҳад шуд ва ҳамчун маркази иттифоқ ва ҳамкориҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ боқӣ хоҳад монд.

50
Барчаспҳо:
сулҳ, Теҳрон, музокирот, Толибон, Эрон, Афғонистон
 Избранный президент Кыргызстана Садыр Жапаров. Архивное фото

Содир Ҷабборов расман президенти Қирғизистон шуд

208
(Таҷдидшуда 12:35 28.01.2021)
Дар толори Филармонияи милли Қирғизичстон маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik.  Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов расман ба иҷрои вазифа сар кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, маросими савгандёдкунии Ҷабборов дар толори Филармонияи милли ин кишвар бо ҳузури беш аз ҳазор меҳмон сурат гирифт.

Гуфта мешавад, миёни меҳмонон ҳамчунин собиқ кишвардор Сооронбой Жээнбеков, ки бо хоҳиши худ истеъфо дода буд, низ ҳузур дорад.

Манбаъ меафзояд, ҳамаи меҳмонон қабл аз иштирок дар маросими мазкур, аз ташхиси коронавирус гузаштанд.

Ҷабборов пас аз адои савганд дар муроҷиат ба тамоми шаҳрвандони Қирғизистон ваъда дод, ки софдилона ба халқу ватан хизмат мекунад.

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

Ёдовар мешавем, дар Қирғизистон рӯзи 10 январи соли ҷорӣ интихоботи фаврии президентӣ баргузор шуд ва Содир Ҷабборов бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.

Ҷабборов моҳи декабр дар паи нотинҷ шудани вазъият дар Қирғизистон аз зиндон баромад ва сарвазир таъин шуда буд.

208
Барчаспҳо:
президент, савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Взятка медику, архивное фото

Transparency International сатҳи фасодзадагии Тоҷикистонро эълон кард

0
(Таҷдидшуда 16:16 28.01.2021)
Рутбаи Тоҷикистон аз нигоҳи вуҷуди ришвахорӣ дар охирин радабандии ҷаҳонӣ дар соли 2020 дар муқоиса бо соли 2019 бетағйир боқӣ монд

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Дар гузориши ҷадиди Созмони шафофияти байналмилалӣ (Transparency International) дар бораи радабандии кишварҳо аз нигоҳи фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2020, Тоҷикистон аз миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 149 қарор гирифта, ки ҷойгоҳаш нисбат ба соли 2019 тағйир накардааст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳурии Туркманистон фасодзадатарин ва Қазоқистон камфасодтарин кишвар муаррифӣ шудаанд.

Ӯзбекистон бо як пилла беҳбуди ҷойгоҳи хеш дар муқоиса бо соли 2019 дар радаи 146 ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Эълони ҳукми зиндони Баҳром Иноятзода, собиқ раиси шаҳри Кӯлоб

Пешсафҳои ин радабандӣ – Зеландияи нав, Дания - 88 холӣ, Финляндия – 85 хол, Швейтсария, Сингапур ва Шветсия - 85 хол мебошанд.

Дар феҳристи фасодзадатаринҳо Сомалӣ – 12 хол, Судони ҷанубӣ – 12 ва Сурия бо 14 хол шомил шудаанд.

0
Барчаспҳо:
радабандӣ, ришва, сатҳи фасодзадагӣ, фасод, Тоҷикистон