Дар Давҳа даври дувуми музокироти сулҳи Афғонистон оғоз меёбад

88
(Таҷдидшуда 00:57 11.01.2021)
Даври дувуми музокироти сулҳи Афғонистон имрӯз шанбе дар Давҳа, пойтахти кишвари Қатар оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории Садои афғон, Ноҷия Анварӣ, сухангӯи вазорати давлати Афғонистон дар умури сулҳ дар паёме эълом кард, ки дархости пайдарпаи барқарории оташбас дар Афғонистон хостаи асосии мардум асту ҳайати музокиракунанда ин дархостро дар музокира бо Толибон матраҳ карда аст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

 Ҳамакнун тими музокиракунандаи сулҳи давлати Афғонистон дар Қатар ба сар мебарад.

 Даври аввали музокироти сулҳи Афғонистон дар 12 сентябр баргузор шуд ва баъд аз танаффуси 20 рӯза имрӯз шанбе даври дувуми музокирот оғоз мешавад.

Даври дувуми музокироти Қатар бо дархости пайдарпаи оташбас ва коҳиши хушунатҳо ҳамроҳ шуда аст ва Комиссиюни ҳуқуқи башар, Арги раёсати ҷумҳурӣ, Шӯроии олии мусолиҳа ва Созмони милал низ ҳамвора бар ин мавориди муҳим таъкид кардаанд.

 Толибон низ эълом карда аст, ки мавзӯи оташбас метавонад дар ин музокирот матраҳ шавад, аммо ҳануз онҳо тасмиме дар ин бора нагирифтаанд.

88
Барчаспҳо:
оғоз, Толибон, Қатар, музокирот, сулҳ, Афғонистон
Президент Кыргызстана Сооронбай Жээнбеков прибыл с официальным визитом в Таджикистан

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

1357
Содир Ҷабборов мегӯяд, маросими савгандёдкунии ӯ бидуни кортежу банкет доир мешавад, зеро намехоҳад беҳуда пули зиёд сарф шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Кишвардори тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборов тасмим гирифт аз кортежи махсус даст кашад ва мехоҳад маросими савгандёдкунӣ хоксорона доир шавад, хабар медиҳад, котиботи президент.

Чанде пеш дар шаҳри Бишкек, хиёбони Чингиз Айтматовро бинобар тамрини баргузории маросими савгандёдкунӣ бастанд.

Ҳамчунин маълум гардид, ки маблағи умумии масрафи маросими адои савганди президенти феълӣ 15 миллион сомро ташкил медиҳад, ки аз ин миён 10 миллион сом сарф мешавад.

Пас аз ифшои ҳаҷми маблағ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум аз сарфи зиёди маблағ ва роҳбандиҳо изҳори нигаронӣ намуданд.

Раҳмон ба Ҷабборов барқия фиристоду ба мардуми қирғиз сулҳу субот таманно кард

Содир Ҷабборов шояд нигаронии мардумро пай бурда, аз кортежу банкет ва дигар чорабиниҳо даст кашид.

"Ман фикр мекунам, ки мардум моро мефаҳманд ва дастгирӣ мекунанд. Ман қарор додам, ки аз кортежи махсус, зиёфат ва дигар чорабиниҳои ташкилӣ, ки хароҷоти калони молиявиро талаб мекунанд, даст кашам.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири он кишвар таъйин гардид.

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Ҳоло маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

1357
Барчаспҳо:
президент, маросими савгандёдкунӣ, Қирғизистон
Вакцина

Тасмими ширкатҳои эронӣ барои тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси корона

118
(Таҷдидшуда 15:15 21.01.2021)
Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон гуфт, ки ин кишвар барномаи тавлиди 25,5 миллион воя воксинаи зидди вируси коронаро дар ширкатҳои воксинасозии дохилӣ иҷро мекунад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik.  Мустафо Қонеӣ, раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон ахиран афзуд, ки дар пойгоҳи ЮНИСЕФ Эрон ба унвони яке аз кишварҳои тавлидкунандаи воксинаи корона муаррифӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Қонеӣ изҳор дошт, ки аз 9 ширкати эронии дар ҳоли тавлиди ваксинаи корона, се воксина дар марҳалаи болинӣ қарор дорад ва ҳамчунин сохти ваксинаи муштараки Куба ва Институти Пастери Эрон низ дар дастури кор аст.

Раиси Кумитаи илмии Ситоди миллии муқобила бо корона дар Эрон дар бораи далели ҳамкории Эрон бо Куба барои тавлиди воксинаи корона низ изофа кард: Низоми саломати Куба аз ҷиҳати адолат рутбаи аввали ҷаҳонро дорост ва ин кишвар дар ҳавзаи пизишкӣ яке аз кишварҳои матраҳи ҷаҳон ба шумор меравад.

Ҳамчунин Қонеӣ гуфт, ки дар гузашта низ Куба бо Эрон барои тавлиди ваксинаи "Гипатити Б" ҳамкорӣ доштааст.

118
Барчаспҳо:
вируси корона, вирус, барнома, Эрон
Далер Назаров дал интервью

Аз писари вазир то домоди Президент ва дороӣ: ногуфтаҳои Далер Назаров-видео

572
(Таҷдидшуда 21:26 22.01.2021)
Далер Назаров, овозхони шинохтаи тоҷик, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ чун писари вазир, домоди президент, дороӣ ва хушбахтияш суҳбат кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Далер Назаров дар ин суҳбат бархе аз ҷанбаҳои ҳаёту эҷодиёташро гуфтааст, ки қаблан оммавӣ изҳор надошта бу.

Навори суҳбат дар саҳифаи расмии Daler Nazarov Studio дар Youtube нашр шудааст.

Ӯ гуфт, замоне, ки бори аввал сурудҳои The Beatles-ро шунидааст, майли овозхонияшро дарк кардааст.

Далер Назаров афзуд, талабаи хуб набуд ва аз ягон фан дониши фавқулодае надоштааст. Дар мактаб вохӯрӣ бо дӯстонро хуш медоштааст. Ба суол дар мавриди писари вазир буданаш, Далер Назаров изҳор дошт, ки бо вуҷуд мулоқот бо дӯстон аз қишрҳои гуногунро ҳамеша хуш медошт.

“Ман ҳамеша ҷамъ овардани одамонро дӯст медоштам ва то ҳол ин корро мекунам. Ҳар қадаре одамон гуногунтар бошанд, ҳамон қадар руҳияам роҳат мекунад. Агар одамони миллату табақаҳои гуногун ҷамъ омада бошанд”, - изҳор дошт Далер.

Ӯ инчунин аз солҳои мактабию ишқи наврасияш гуфтааст.

“Бисёри онҳое, ки ошиқашон шудаам, то ҳол ҳам инро намедонанд. Ин ишқе буд, ки наметавонистӣ бо он мухолифат нишон диҳӣ ва наметавонистӣ онро баён кунию наздик шавӣ”, - изҳор дошт овозхон.

Дар суҳбат инчунин аз издивоҷ бо Мунаввара Набиева, духтари нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон Набиев гуфта шудааст, ки дар мактаб шинос шудаанд. Ӯ гуфт, ин хонадорӣ се сол давом кардааст.

“Раҳмон Набиев инсони бисёр нек буд, ки дар чеҳраи ӯ ман падари дуюми худро пайдо кардам. Ӯ маро хеле зуд худӣ қабул кард”, - афзуд Назаров.

Маҳз дар суҳбату муошират бо ин сиёсатмадор, Далер Назаров дарк кардааст, ки чӣ гуна вазнин аст, президент будан, сарфи назар аз бартариятҳое, ки ба назар мерасанд.

Овозхон дар мавриди он ки дар 62-солагияш худро чӣ гуна эҳсос мекунад, изҳор дошт, ки касе нест, варақи тоза аст.

“Ман касе нестам, ҳеч гуна, варақи сафедеям, ки дар он ҳар замон метавонад чизи дигаре навишта шавад”, - илова намуд ӯ.

Овозхон гуфт, тайи ин қадар сол ҳеч дороиеро ҷамъ накардааст. Ӯ мегӯяд, мошин дорад, ки барои ҳаракати роҳаташ миёни Душанбе ва Хоруғ зарур аст. Ба гуфтаи овозхон, наметарсад, ки бе чиз мемонад, зеро дӯстони зиёд дорад.

Вай таъкид кард, ки ягона нишонаи муваффақияти инсон ин хушбахтии ӯст ва илова намуд, ки хушбахт аст.

Ӯ мегӯяд, баъди зиндагияш мехоҳад мусиқияш боқӣ монад, мехоҳад сурудҳояш чун беному халқӣ садо диҳанд.

572