Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020

Таркиш дар Кобул: боз як мақомдори афғон террор шуд

526
(Таҷдидшуда 10:36 11.01.2021)
Дар Афғонистон боз як мақомдори дигар кушта шуд. Яке аз сухангӯёни давлати Афғонистон ахиран дар Кобул террор шуд

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik.  Вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, худрави Зиё Вадон, сухангӯи Идораи ҳифозати умумии давлати Кобул ва ду тан аз ҳамкоронаш ахиран дар минтақаи Корти нав дар ҷануби шаҳри Кобул ҳадафи инфиҷори бомби магнитӣ қарор гирифт, иттилоъ додааст ИРНА.

Манбаъ қайд кард, ки дар ин ҳодиса Зиё Вадон кушта шуд.

Ториқ Ориян, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон гурӯҳи Толибонро масъули террорҳои ҳадафманд дар Афғонистон муаррифӣ карду гуфт, террористҳое, ки дар ҳаводиси мушобеҳ боздошт шудаанд ба сароҳат эътироф кардаанд, ки узви гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Ҳарчанд Толибон дар баёнияҳое даст доштан дар террорҳои ҳадафманди ахир дар шаҳрҳои Афғонистон, аз ҷумла Кобулро рад карда ва онро маҳкум карданд, аммо давлати Афғонистон ва ниҳодҳои амниятӣ таъкид мекунанд, ки афроди боздошт шуда ва омилони ин террорҳо эътироф кардаанд, ки аз аъзои гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Дирӯз низ як худрав дар ҷодаи фурӯдгоҳи Кобул ҳадафи инфиҷори бомби магнитӣ қарор гирифт, ки ин ҳодиса низ як кушта бар ҷо гузошт.

526
Барчаспҳо:
Кобул, террор, куштор, таркиш, Афғонистон
Самолет авиакомпании Uzbekistan Airways

Ӯзбекистон ҷадвали парвозҳо миёни Тошканд Душанберо дақиқ кард

416
(Таҷдидшуда 12:31 17.01.2021)
Ширкати ҳавонавардии Ӯзбекистон аллакай рӯз ва соати парвозҳо дар масири Тошканд – Душанберо  эълон намудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. "Uzbekistan Airways" пас аз эълони ҷорӣ шудани парвозҳои мунтазам миёни Тошканду Душанбе, рӯз ва соати парвозҳоро низ дақиқ намуд.

Бар хабари котиботи ширкати мазкур, ҳавопаймои Ӯзбекистон парвоз самти Тоҷикистонро рӯзҳои чоршанбе анҷом медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, парвоз дар масири  Душанбе – Тошканд – Душанбе рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки парвоз аз Тошканд ба Душанбе соати 8 субҳ сурат гирифта, ҳавопаймо соати 11 – и ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ба Тошканд бармегардад.

Гуфта мешавад, ҳавопаймо мусофиронро давоми як соат ба Ӯзбекистон мерасонад.

Парвозҳои мунтазам миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барқарор шуданд

Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мудири Агентии авиатсияи граждании назди Тоҷикистон Икром Субҳонзода аз барқарор шудани парвозҳои мунтазам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хабар дод.

Ба гуфти Икром Субҳонзода, "тибқи қарори қабулнамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ парвозҳо миёни пойтахтҳои ду мамлакат ҳафтае як маротибагӣ аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии "Ӯзбекистон ҳаво йуллари" ва ширкати ҳавопаймоии ҶДММ "Сомон Эйр" анҷом дода мешаванд".

416
Барчаспҳо:
парвоз, ҷадвал, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Девушка в маске на автовокзале в Нур-Султане накануне карантина

Афзоиши фавт аз коронавирус дар Қазоқистон: 12 марг дар як рӯз

122
(Таҷдидшуда 03:21 17.01.2021)
Феълан дар Қазоқистон дасти кам 24 ҳазор мубталоёни маризии коронавирус зери муолиҷа ва назорати табибон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 12 нафар аз маризии коронавирус ва илтиҳоби шадиди шуш ҷон аз даст доданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.

Ба иттилои манбаъ, 11 нафар қурбони коронавирус шуда, як бемори дигар аз илтиҳоби шадиди шуш фавтидааст.  Ҳамзамон дар қаламрави ин ҷумҳурӣ 972 мавриди нави сироятёбӣ ба вируси COVID -19  сабт гардидааст.

Манбаъ меафзояд, дар дармонгоҳҳои Қазоқистон феълан 12 284 бемор мавриди табобат қарор доранд.

Бояд гуфт, ки сар аз 1 августи соли гузашта дар Қазоқистон 47 ҳазор ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин миён 534 мариз ҷон бохта, 11 781 нафар ҳоло аз илтиҳоби шуш табобат гирифта истодаанд.

Вазорати тандурустӣ: омори шабонарӯзи ахири коронавирус ба сифр баробар аст

Афзоиши фавту ҳолатҳои нави беморшавӣ дар Қазоқистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз беҳ ёфтани вазъи коронавирус хабар медиҳад.

Наздики ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон ягон мавриди беморшавии шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст ва теъдоди сироятшудагон низ ба сифр баробар шудааст.

122
Барчаспҳо:
маризӣ, омор, Қазоқистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Медицинские работники в отделении реанимации и интенсивной терапии в госпитале для больных COVID-19

Ҳафта бе COVID-19: Вазорат мегӯяд, дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтор нест

0
(Таҷдидшуда 19:18 17.01.2021)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ як ҳафтаи охир ягон ҳолати гирифторӣ ба бемории коронавирус сабт нашудааст. Расман бори охир дар Тоҷикистон рӯзи 10 январ ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус сабт шуда буд, ки се ададро ташкил дод.

Дар маҷмуъ Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, аз охири апрели соли гузашта то ҳол дар ҷумҳурӣ 13 ҳазору 308 нафар гирифтори коронавирус шудааст.

Манбаъ таъкид кард, ки то ҳол 13 ҳазору 218 нафар шифо ёфта, аз беморхонаҳо мураххас шудаанд.  Инчунин 90 нафар бар асари ин беморӣ ҷон додаанд.

Бар асоси омори ироакардаи Вазорати тандурустӣ, айни ҳол дар ҷумҳурӣ ягон кас гирифтори COVID-19 нест.

Бо вуҷуд мақомоти тандурустии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват доранд, ки дар ғафлат намонанд, қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

0
Барчаспҳо:
вируси нав, беморӣ, Тоҷикистон