Владимир Норов ба таҳкими ҳамкориҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар доираи СҲШ таъкид кард

141
(Таҷдидшуда 01:02 11.01.2021)
Дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай эълом кард, густариши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи ҳамлу нақл дар фазои СҲШ ба эҷоди бузургтарин минтақаи транзитӣ байни Аврупо ва Осиё кӯмак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 11 январ - Sputnik. Владимир Норов, дабири кулли Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавриди нақши СҲШ дар сиёсати ҷаҳонӣ гуфт, ки ин созмон дар 20 соли фаъолияти худ дар системаи равобити байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаеро касб ва худро ба унвони як созмони мӯътабар дар танзиму иҷрои бархурдҳои ҳамаҷониба дар заминаи ҳифзу таҳкими саботи ҷаҳонӣ ва минтақаӣ муаррифӣ кард, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Дабири кулли СҲШ инчунин афзуд, ки муқобила бо ситезаҷӯиҳо ва таҳдидоте монанди тероризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ба унвони таҳдиде барои тамомияти арзи кишварҳо, қочоқи маводи мухаддир ва ҷароими созмонёфта дар конуни тавваҷӯҳи ин созмон қарор дорад. 

Владимир Норов ҳамчунин зарурати таваҷҷӯҳи махсусро ба таҳкими ҳамкориҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар доираи Созмони Шанхай таъкид кард, то дар ташкили минтақаи транзитии калонтарин дар байни Аврупо ва Осиё кӯмак кунад.

Созмони Ҳамкории Шанхай як созмони байналмилалии байнидавлатӣ аст, ки дар торихи 15 июни соли 2001 милодӣ дар Шанхайи Чин таъсис шуд.

Ҷумҳурии исломии Эрон, Афғонистон, Муғулистон ва Беларус аъзои нозири ин созмон ҳастанд.

141
Барчаспҳо:
Аврупо, Осиё, транзит, ҳамкорӣ, густариш, СҲШ
Сотрудники службы безопасности Афганистана осматривают место взрыва бомбы в Кабуле, 20 декабря 2020

Қатли боз як мақомдори афғон дар ҳамлаи террористӣ

390
(Таҷдидшуда 12:50 27.01.2021)
Мақомоти вилоятии Қундузи Афғонистон эълон кардааст, ки дар як ҳамлаи террористӣ муовини раиси шӯрои вилояти Қундуз кушта шуд

ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik.  Муҳаммад Юсуф Аюбӣ, раиси Шӯрои вилоятии Кундуз ахиран хабар додааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ, муовини шӯро ва ду муҳофизи ӯ дар натиҷаи таркиш захмӣ шудаанд.

Гуфта шудааст, ки ҳодиса дар шаҳри Кундуз замоне рух дод, ки Сафиаллоҳ Амирӣ аз хонааш баромада ба мошин савор шуд, иттилоъ сомонаи шабакаи телевизионии tolonews.com.

Ба гуфтаи раиси Шӯрои вилоятии Кундуз, Сафиаллоҳ Амирӣ  ва ду посбонаш ба бемористон интиқол ёфтанд, вале шоми ҳамон рӯз Сафиаллоҳ Амирӣ дар беморхона фавтидааст.

Раббони Раббонӣ, узви Шӯрои вилоятии Кундуз, тасдиқ кард, ки маводи тарканда дар дучарха ҷойсозӣ шуда буд ва ҳангоми убури Сафиаллоҳ Амирӣ аз назди он ба таври фосилавӣ  тарконида шуд.

Мақомоти вилояти Кундуз ин ҳамларо ваҳшиёна номид ва аз ҳукумат марказӣ хостанд, ки ҷинояткоронро муайян ва ҷазо диҳад.

Таъкид шудааст, ки Сафиаллоҳ Амирӣ яке аз ҷавонтарин аъзои шӯрои вилоятӣ дар кишвар буд.

Бояд қайд кард, ки дар чанд моҳи ахир дар Афғонистон ҳамлаҳои террористӣ ба рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ афзоиш ёфтаааст. Мақомот дар ин ҳамлаҳо гурӯҳи Толибонро масъул медонад. Аммо Толибон ин иддаоро комилан рад мекунанд.

390
Барчаспҳо:
Қундуз, террористӣ, ҳамла, Афғонистон
Избранный президент КР Садыр Жапаров и экс-глава государства Сооронбай Жээнбеков. Архивное фото

Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии Содир Ҷабборов даъват шуд

730
(Таҷдидшуда 17:28 26.01.2021)
Ғайр аз президенти ба истеъфорафта - Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии президенти нави Қирғизистон, Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба маснади президентӣ, даъват шудаанд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба маросими савгандёдкунии кишардори навинтихоб Содир Ҷабборов даъват шудааст. Ин хабарро сухангӯи президент Галина Байтерек таъйид кард.

Ба гуфти ӯ, ба маросим савгандёдкунӣ Роза Отунбоева ва чанде аз номзадҳои пешин ба мақоми президентӣ даъват шудаанд.

Жээнбеков, ки се сол дар сари қудрати Қирғизистон буд, пас аз ҳодисоти моҳи октябри соли 2020 ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов, ки он замон иҷрокунандаи вазифаи президент буд, қарор дар бораи собиқ президенти кишвар будани Жээнбековро имзо кард.

Ёдовар мешавем, Содир Ҷабборов зимни ноамниҳои ахир дар Қирғизистон аз маҳбас озод шуд ва нахуствазири ин кишвар таъйин гардид.

Савгандёдкунии хоксорона: Ҷабборов барои масрафоти зиёд аз кортежу банкет даст кашид

Зимнан, дар маракаи интихоботи президентӣ низ ширкат намуда, дастболо шуд. Акнун маросими савгандёдкунии ӯ 28 январ дар толори Филармонияи давлатии Қирғизистон баргузор мегардад.

730
Барчаспҳо:
Қирғизистон, маросими савгандёдкунӣ, савгандёдкунӣ, маросим
Самолет на закате, архивное фото

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

0
Ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди кишвар дар соли 2020, ки имрӯз тақрибан тамоми рӯз идома ёфт, президенти кишвар ба масоили хадамоти ҳавоӣ низ дахл кардааст

ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар маҷлиси  васеи Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини хадамоти ҳавоии кишвар дастур додааст, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд.

“Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Субҳонзода Икром, директорони генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе” Исматулло Абдуллозода ва Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” Қурбони Алимардон дастур доданд, ки ҳар чи зудтар сатҳу сифати хизматрасонӣ дар истиқболу интиқоли мусофирон, барқарорсозӣ ва ташкили хатсайрҳои навро роҳандозӣ намоянд”,-афзудааст, котиботи президент.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта зимни ироаи паёми солона Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Тоҷикистон ба зудӣ парвозҳоро бо дигар кишварҳо барқарор мекунад.
Дар баробари ин, президент санаи дақиқи бозкушоии марзҳоро нагуфт.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон аз саргирии парвозҳо бо шарафи пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус даст медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26 январ аз пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирус эълом кард.

Раҳмон пирӯзии Тоҷикистон бар коронавирусро эълон кард

Дар баробари ин президент қайд кард, ки дар сурати бозкушоии марзҳо, карантини 14 - рӯза низ барқарор мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон аз тобистони соли гузашта инҷониб бо Русия, ки хатсайри маъмул ба шумор меравад, масъалаи барқарор кардани парвозҳоро баррасӣ дорад. Аммо то кунун чизе дар ин самт рушан нашудааст.

0
Барчаспҳо:
дастур, парвозҳо, Эмомалӣ Раҳмон