Вакцина

Эрон ҳам ба зудӣ эмгузарониро оғоз мекунад

131
(Таҷдидшуда 12:15 25.01.2021)
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гуфт, эмгузаронӣ бо ваксини зидди вируси корона дар Эрон ба зудӣ оғоз мешавад

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik.  Саиди Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ахиран  бо ишора ба талош барои сохти ваксинаи коронаии Эрон афзуд, ки воридоти ваксинаи зидди корона ба кишвар ба зудӣ оғоз мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Намакӣ афзуд, ки бо воридоти ваксинаи зииди вируси корона, эмгузаронӣ барои гурӯҳҳои ҳассосу пурхатар оғоз мешавад.

СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст

Ҳамчунин Ҳуҷҷатуллоҳи Некии Маликӣ, раиси маркази итилоърасонии ситоди иҷроии фармони ҳазрати Имом (р) гуфт: “Пас аз баррасии саломати 21 довталабе, ки ваксинаи корони тавлидшуда дар Эрон ба онҳо тазриқ шуда аст,  муҷаввизи тазриқ барои 14 довталаби дигар содир шуд”.

Марҳилаи аввали тазриқи инсонии мутолиъоти болинии нахустин ваксинаи коронаи сохти муҳаққиқони эронӣ бо номи  "Кув Эрон баракат" 29 декабри 2020 рӯй довталабон оғоз шуд.

131
Барчаспҳо:
беҳдошт, вазир, вируси корона, эмгузаронӣ, Эрон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

647
(Таҷдидшуда 20:26 04.03.2021)
Қазоқистон санаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Алмааторо эълон кард. Парвозҳоро ширкати "Эйр Астана" ва "Сомон Эйр" анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.

Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.

Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.

Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.

Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.

647
Барчаспҳо:
парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев в Самарканде

Самарқанд ва Саратов бародаршаҳр шуданд

154
(Таҷдидшуда 12:00 04.03.2021)
Шаҳрдори Самарқанд ва муовини шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародаршаҳрӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Гуфта шудааст, ки дар қарордоди мазкур ҷалби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.

Қайд карда шудааст, ки дар вилояти Саратови Русия беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат мекунад.

154
Барчаспҳо:
шаҳрдор, равобит, бародаршаҳрӣ, бародаршаҳр, вилояти Саратови Русия, Самарқанд

Кай ҳамагирии коронавирус анҷом меёбад: пешгӯии навбатии СҶБ

0
(Таҷдидшуда 18:53 06.03.2021)
Намояндаи Созмони ҷаҳонии Беҳдошт дар масъалаи ваксина ба сабру таҳаммул даъват кард, зеро эм кардани ҳамаи сокинони сайёра якбора ғайриимкон аст

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Ҳамагирии коронавирус дар соли 2021 хотима намеёбад. Дар ин бора сардори шӯъбаи урупоии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) Ҳанс Клюге дар мусоҳиба бо Die Welt  гуфт.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2021 "як соли дигари COVID хоҳад буд", аммо агар дар соли 2020 мардум дар бораи бемории нав каме иттилоъ дошта будандд, ҳоло пандемия "пешгӯишаванда ва идорашаванда аст".

"Соли 2020 terra incognita, номуайянии илмӣ ва сиёсӣ буд. Пас аз як сол, мо чизҳои бештареро медонем. Мо асбобҳо, барномаҳои ташхисӣ дорем, ваксина дорем. Барои ман, дар кори худ нақшаи пешакӣ муҳим аст. Пандемия то аввали соли 2022 хотима хоҳад ёфт", - гуфт ӯ дар мусоҳиба.

Ба ақидаи ӯ, муҳим аст, ки чӣ гуна кишварҳо маҳдудиятҳоро бекор мекунанд: агар зуд ба амал ояд, вазъ ба тасвири аввала бармегардад.

Клуге инчунин даъват кард, ки дар масъалаи ваксина мардум сабур бошанд, зеро эм кардани ҳамаи сокинони сайёра якбора ғайриимкон аст.

0
Барчаспҳо:
пешгӯӣ, вируси корона, хатм, СҶБ