Ташкентский аэропорт

Ӯзбекистон марзбандиро бо 8 кишвар тамдид кард: рӯйхат

844
(Таҷдидшуда 11:06 30.01.2021)
Ӯзбекистон то 1 март марзбандиро ба рӯи 8 кишвар, ки вазъи ҳамагирии нохуб доранду навъи нави вируси корона дар онҳо паҳн шудааст, тамдид кард

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Ӯзбекистон ба далели бад шудани вазъи ҳамагирӣ, марзро ба рӯи шаҳрвандони 8 кишвар, мебандад, хабар медиҳад Вазорати тандурустии кишвар.

Қайд мешавад, ки марзбандӣ то 1 март идома мекунад.

Ёдовар мешавем, ки аз 21 декабр вуруди Ӯзбекистон аз ҳашт кишвар: Бритониёи Кабир, Италия, Олмон, Дания, Австрия, Австралия, Ҳолланд ва Африқои Ҷанубӣ манъ карда шудааст. Ин тасмим пас аз кашфи навъи нави коронавируси COVID-19 дар ин кишварҳо гирифта шудааст.

"Бо назардошти вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар кишварҳои болозикр, марзбандии то 1 феврали соли 2021 то 1 марти соли ҷорӣ тамдид карда шуд ", - гуфта мешавад дар канали Telegram-и вазорат.

Инчунин, дар ин давра ҳама парвозҳои байналмилалӣ (воридшавӣ ба ҷумҳурӣ тавассути вуруд, баромад ва транзит) аз ин кишварҳо боздошта мешавад.

Мақомот инчунин хотиррасон карданд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки тайи ду ҳафтаи охир ба кишварҳои номбаршуда ташриф овардаанд, пас аз расидан ба ҷумҳурӣ тавассути кишварҳои сеюм, дар карантини ҳатмии дуҳафтаина ҷойгир карда мешаванд.

Ҳар чи зудтар: Дастури Раҳмон барои барқарорсозии парвозҳо ва ташкили хатсайрҳои нав

Замони мӯътадил шудани вазъи эпидемиологӣ маҳдудиятҳо бекор карда мешаванд.

Тибқи омори расмии Созмони ҷаҳонии беҳдошт то 29 январ, дар ҷаҳон беш аз 102 200,542 нафар гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 2204232 бемор қурбони ин маризӣ шуданд.

844
Барчаспҳо:
тамдид, марзбандӣ, Ӯзбекистон
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев в Самарканде

Самарқанд ва Саратов бародаршаҳр шуданд

24
(Таҷдидшуда 10:13 04.03.2021)
Шаҳрдори Самарқанд ва муовини шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародаршаҳрӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Гуфта шудааст, ки дар қарордоди мазкур ҷалби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.

Қайд карда шудааст, ки дар вилояти Саратови Русия беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат мекунад.

24
Барчаспҳо:
равобит, бародаршаҳрӣ, бародаршаҳр, вилояти Саратови Русия, Самарқанд
Линии электропередачи, архивное фото

Шабакаи барқи Эрон, Русия ва Озарбойҷон ба ҳам мепайвандад

133
(Таҷдидшуда 13:31 03.03.2021)
Сафири Эрон дар Озарбойҷон эълон кард тавофуқ шудааст, ки то ба зудӣ шабакаи барқи Эрон, Озарбойҷон ва Русия ба якдигар пайваст шаванд

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Саидаббоси Мусавӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории  Trend гуфтааст, ки бо муттасил шудани шабакаи барқи Эрон, Озарбойҷон ва Русия имкони баҳрабардорӣ аз барқи афзун бар ниёзи ин кишварҳо барои тарафҳои дигар фароҳам мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Сафири Эрон дар Озарбойҷон ҳамчунин бо ибрози норизоятӣ аз ҳаҷми 500 миллион доллари равобити тиҷории ду кишвар гуфт: “Муътақидам бо ҳамкориҳои наздик ва иҷрои проектҳои муштараки бештар, қодир хоҳем буд то ҳаҷми равобитро то 5 миллиард доллар афзоиш диҳем” .

Мусавӣ ҳамчунин гуфт, ки Эрон ба унвони ҳамсояи Озарбойҷон, аз фурсатҳои зиёде бархӯрдор аст ва метавонад ба давлат ва мардуми ин кишвар дар заминаи бозсозии Қарабоғ кӯмак кунад.

133
Барчаспҳо:
энергетика, барқ, Русия, Эрон
Ссора, архивное фото

Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷудошавии оилаҳо кам шуд

8
(Таҷдидшуда 10:02 04.03.2021)
Мақомоти ноҳияи Ҷайҳун ахиран эълон доштанд, ки дар ноҳия дар ду моҳи ахир нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷудашавии оилаҳо коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Дар ноҳияи Ҷайҳун давоми ду моҳи соли 2021-ум 28 оила ақди никоҳи худро бекор кардаанд, ки ин шумора нисбат ба ду моҳи соли 2020-ум шаш ҳолат кам аст.

Мудири бахши САҲШ-и ноҳияи мазкур Ализода Мойнисо ба рӯзномаи “Фараж” гуфтааст, ки баъди ҷудо шудани ин оилаҳо 11 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гаштаанд.

Афзоиши ҷудошавии оилаҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун

Сабҳои ҷудошавии оилаҳоро ин шахси масъул бефарзандӣ, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ, дахолати шахсони сеюм ба зиндагии навхонадорон ва ғайра арзёбӣ кард.

“Омили кам шудани ҷудошавии оилаҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, ба хусус ҷавонон, мебошад”, — илова кард ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2020-ум дар ноҳияи Ҷайҳун  103 оила ақди никоҳи худро бекор карда буданд, ки ин рақам дар қиёс ба соли 2019-уи шаш ҳолат зиёд аст.

8
Барчаспҳо:
коҳиш, оила, ҷудошавӣ, ноҳияи Ҷайҳун, Тоҷикистон