Ташкент, архивное фото

Чаро раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон истеъфо дод

331
(Таҷдидшуда 21:35 30.01.2021)
Шоир, олими ва файласуф Ҷаъфари Муҳаммад бештар аз ду сол дар ин мақом вазифа анҷом дод. Вай устоди Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд мебошад

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Ҷаъфари Муҳаммад истеъфо дод.

Дар шаҳри Тошканд ҷамъомади аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар он масъалаи истеъфои Ҷаъфари Муҳаммад аз мақоми раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон баррасӣ гардид, гузориш додааст "Фараж".

Баъди муҳокимаҳои зиёд аъзои раёсат истеъфои Ҷаъфари Муҳаммадро пазируфтанд.

Гуфта мешавад, ба ҷои ӯ муваққатан, яъне то баргузории конфронси ғайринавбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон узви ҳамин раёсат ва ноиби аввали раис Гуландом Субҳонова ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раис интихоб карда шуд.

Шоир ва файласуф Ҷаъфари Муҳаммад бештар аз ду сол дар ин мақом вазифа анҷом дод. Вай устоди Донишгоҳи ховаршиносии Тошканд мебошад.

Интизор меравад, ки то охири моҳи феврали соли равон ҷамъомади навбатии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд. Дар он вакилони шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишини ҷумҳурӣ  раиси нави марказро интихоб мекунанд.

Дар ин ҷамъомад ҳамчунин ойинномаи Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия ва таълиф шудааст, ба тасвиб хоҳад расид ва баъдан ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ барои тасдиқ ироа хоҳад шуд.

331
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла

Вокуниши мақомоти афғон ба тарҳи сулҳи нави Амрико

254
(Таҷдидшуда 19:13 08.03.2021)
Тарҳи нави давлати Амрико дар бораи ташкили давлати муваққат ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон дар Афғонистон вокуниши шадиди мақомоти ин кишварро дар пай доштаву давлати Афғонистон таъкид кардааст, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik.  Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.

Тарҳи нави Амрико барои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.

254
Барчаспҳо:
сулҳ, Кобул, Толибон, вокуниш, Амрико, Афғонистон
Архитектурный комплекс Регистан в Самарканде, архивное фото

Ифтитоҳи сарконсулгарии Туркия дар Самарқанд

73
(Таҷдидшуда 17:29 08.03.2021)
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човуш Уғлу дар ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Самарқанд ширкат варзид

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Сарконсулгарии Туркия дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо ҳузури вазири умури хориҷаи он кишвар ифтитоҳ шуд.

Мавлуд Човуш Уғлу  дар маросими ифтитоҳи сарконсулгарии Туркия дар Самарқанд гуфт, ки хабари гушоиши ин сарконсулгарииро соли гузашта Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев раисони ҷумҳури Туркия ва Узбакистон эълом карданд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия. 

 Вай афзуд, ки Туркия нахустин кишваре буд, ки Ӯзбекистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишвари хориҷӣ буд, ки сафорати худро дар Тошканд ифтитоҳ кард.

Вай ҳамчунин дидори худ бо Раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро нишондиҳандаи аҳамияти равобити ду кишвар барои Анкара донист.

73
Барчаспҳо:
Самарқанд, консулгарӣ, Ӯзбекистон, Туркия
Ливень, архивное фото

Ҳавошиносон дар Тоҷикистон аз раъду барқ ​​ва боришоти шадид ҳушдор медиҳанд

0
(Таҷдидшуда 11:57 09.03.2021)
Се рӯзи оянда дар саросари ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор боқӣ мемонад, офтоб бо раъду барқи шадид иваз мешавад

ДУШАНБЕ, 9 март - Sputnik. Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз раъду барқ ​​огоҳ мекунанд, ва баъзан боридани жоларо имконпазир медонанд, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар Душанбе имрӯз ҳаво абрист, бориш намешавад, аммо пагоҳ ва то 11 март борон меборад ва раъду барқ ​​мешавад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона + 17  дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ боришот дар шакли барф, инчунин дар баъзе ҷойҳои раъд барқ шуда, дар кӯҳҳо шабона 1-6 ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.

Дар шимоли кишвар, вилояти Суғд, дар баъзе ҷойҳо туман мефарояд, имрӯз бошад бебориш мешавад ва аллакай 10 март дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.

Дар водиҳо шабона тақрибан 3-8 ва рӯзона то 17 дараҷа гармӣ, аммо дар кӯҳҳо шабона то аз 1 то 6 дараҷа хунук мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 10 то 13 март барф меборад, раъду барқ мешавад ​​ва рӯзона борон меборад. Дар ғарби ВМКБ шабона 3-8 ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм, дар шарқи Помир шабона то -31 дараҷа сард мешавад.

Дар ҷануби Тоҷикистон, вилояти Хатлон туман мефарояд, аммо бориш танҳо рӯзи чоршанбе пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат дар водиҳо шабона аз 4-9  ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.

0