Эрон оромгоҳи Абурайҳони Беруниро дар Афғонистон бозсозӣ мекунад

691
(Таҷдидшуда 18:24 31.01.2021)
Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон омодагии ин вазоратхонаро барои кумак ба бозсозии усулии мақбараи Абурайҳони Берунӣ дар Афғонистон эълом кард

ДУШАНБЕ, 31 янв— Sputnik. Алиасғари Мӯнисон, вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноати дастии Эрон аз Муҳаммадҳасани Толибён, муовини мероси фарҳангии ин вазоратхона хост, бо тавваҷуҳ ба инки мақбараи Абурайҳони Берунӣ дар шаҳри Ғазнии Афғонистон вайрон шудааст дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти ин кишвар барои бозсозии оромгоҳи Абурайҳони Берунӣ, донишманд ва риёзидони эронӣ ҳарчӣ сареътар иқдом кунад, иттилоъ додааст ИРНА.

Мӯнисон афзуд, Эрон дониши хубе дар заминаи мариммат ва бозсозии биноҳо ва маконҳои таърихӣ дорад ва коршиносони барҷастае низ дар ин ҳавза фаъолият мекунанд, бар ин асос дар бозсозии усулии мақбараи Абурайҳони Берунӣ ба кишвари Афғонистон кумак мекунем, то шоҳиди мақбарае дар шаъни ин донишманди барҷастаи эронӣ бошем.

Абурайҳони Берунӣ сеюми зилҳиҷаи соли 362 дар рӯстое дар атрофи Хоразм ба дунё омад ва соли 440 дар Ғазнӣ (Афғонистони имрӯзӣ) вафот кард.

Вай афзӯн бар забони форсӣ ба арабӣ, ибрӣ, сурёнӣ ва санскрит ва эҳтимолан юнонӣ низ мусаллат буд ва осори зиёде аз вай дар улуми мухталиф, аз ҷумла дар нуҷум ва илми гоҳшуморӣ ва тақвим барҷой мондааст.

691
Барчаспҳо:
Абӯрайҳон Берунӣ, оромгоҳ, бозсозӣ, Эрон, Афғонистон
Президент Туркменистана Гурбангулы Бердымухамедов, архивное фото

Ашқободҷон ё Пойтахтҷон: Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад

165
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисҷумҳури Туркманистон феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои навзодҳо пешниҳод кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба навзодҳо ном мегузорад.

Тавре "Парс тудей" менависад, раисиҷумҳури Туркманистон барои навзодоне, ки қарор аст 25 майи соли 2021 ва дар 140-умин соли таъсиси Ашқобод мутаваллид шаванд, феҳристе аз номҳоеро пешниҳод кардааст.

 Туркманистон рӯзи шанбе Комиссиюни вижаи давлатиро барои созмондиҳии ин маросим эҷод кард ва Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури ин кишвар низ феҳристе аз номҳои духтар ва писарро барои хонаводаҳое, ки фарзандонашон 25 май ва ҳамзамон бо солгарди таъсиси Ашқобод (Aşgabat) мутаваллид мешаванд, пешниҳод кардааст.

"Раисиҷумҳури Туркманистон гуфта, ки ин иқдоми намодин аст, ки исми писари нахусти хонаводаро, ки 25 майи соли 2021 мутаваллид мешавад "Пойтахт" ё "Ашқобод" ва исми духтари нахустро ҳам " Марҷон" ё "Мая" бигузоранд", - менависад манбаъ.

Раисиҷумҳури Туркманистон ҳамчунин дастур додааст то ҳадяҳое барои ин навзодон, ки дар 25 моҳи май мутаваллид мешаванд, таҳия шавад.

Петар хабар дода шуд, ки раисиҷумҳури Туркманистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов писарашро ба симмати муовини сарвазир таъйин кард.

Сардор Бердимуҳаммадов ба вазифаи муовини сарвазир ва раиси Палатаи олии назорат таъйин гардид. Гузашта аз ин, узви Шӯрои амнияти миллӣ низ интихоб шуд.

"Дунёи маънавии туркманҳо": нашри китоби дигари Бердимуҳаммадов, раҳбари Туркманистон

Кишвардори Туркманистон гуфтаст, ки тасмим гирифт, ба кабинаи вазирон боз як вазифаи муовини раисро ворид кунад. Ба гуфтаи ӯ, муовини нави раиси ҳукумат, Палатаи олии назоратро низ сарварӣ карда, узви Шӯрои амният хоҳад буд.

Вазифаҳои муовини сарвазир, рақамисозӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар системаи ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, тандурустӣ, маориф, молия ва иқтисодро дарбар мегиранд.

Ҳамзамон, Сардор Бердимуҳаммадов аз вазифаи вазири саноат ва истеҳсолоти сохтмон озод карда шуд.

165
Барчаспҳо:
номгузорӣ, навзод, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Туркманистон
Линии электропередач в мороз, архивное фото

Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон афзоиш медиҳад

171
(Таҷдидшуда 13:45 27.02.2021)
Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Афғонистони ҳамсояро афзоиш диҳад, хабар медиҳад бахши энержии ҷумҳурӣ.

Мақомоти Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ ​​барои соли ҷорӣ гуфтушунид кардаанд, аммо ҳаҷми дақиқи он аз ҷараёни об ба дарёи Вахш вобаста хоҳад буд.

Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки дар соли 2021 ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 3 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​содир кунад.

Аммо ниҳод таъкид кардааст, ки ҳама чиз аз ҷараёни об дар дарёи Вахш, ки иншооти асосии тавлидкунандаи кишвар дар он ҷойгир аст, вобаста хоҳад буд.

"Агар захираҳои обӣ расанд, ба кишварҳои ҳамсоя содироти беш аз 3 миллиард кВт /соат нерӯи барқ ​​имконпазир аст. Қарор аст, ки дар мавсими тобистон миқдори зиёди нерӯи барқ ​​интиқол дода шавад", - омадааст дар иттилоия.

Қайд карда мешавад, ки содироти нерӯи барқ ​​ба Ӯзбекистон ба миқдори 1,5 миллиард кВт / соат пешбинӣ шудааст.

Инчунин, ҳаҷми таъминот барои Афғонистон афзоиш хоҳад ёфт.

Бахши энержӣ афзудааст, ки арзиши ҳар киловатт энержӣ барои Афғонистон дар соли гузашта 4,5 сент буд. Имсол ин нишондод 3 дар сад афзоиш хоҳад ёфт.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар маҷмӯъ 1,53 миллиард кВт / соат нерӯи барқ ​​ба маблағи беш аз 55,4 миллион доллар содир карда шуд.

Вазир гуфт, барқи қимат аз бебарқӣ арзонтар меғалтад: қарори Ҳукумат дар бораи тарофаҳо

Ин рақам нисбат ба соли 2019 тақрибан 1,4 миллиард кВт / соат камтар аст. Ин вазъ аз он сабаб ба амал омадааст, ки дар Тоҷикистон тобистони соли гузашта сатҳи обанбори Норак якбора - 17 метр коҳиш ёфт. Ҳисобкуниҳо нишон доданд, ки захира беш аз 1,5 километри мукааб кам шудааст, яъне ҳафтяки ҳаҷми обанбор.

Аз ин сабаб, истеҳсоли нерӯи барқ ​​дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфт ва барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ, мақомот маҷбур буданд аз содирот ба кишварҳои ҳамсоя даст кашанд.

Қаблан, ширкати энержии Афғонистон аз Барқи Тоҷик дархост карда буд, ки дар чор моҳ нархи нерӯи барқро коҳиш диҳад.

Душанбе ва Кобул дар бораи интиқоли барқ ​​20 июни соли 2008 созишнома имзо карданд.

171