Выборы президента Узбекистана

Санаи дақиқи интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон эълон шуд

549
(Таҷдидшуда 13:06 02.02.2021)
Мақомоти Ӯзбекистон санаи дақиқи интихоботи навбатии президентиро эълон карданд

ДУШАНБЕ, 2 феврал - Sputnik. Дар Ӯзбекистон санаи интихоботи навбатии президентиро ба 24 октябри соли 2021 гузоштаанд, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба изҳороти муовини аввали раиси палатаи қонунгузорӣ (поёнӣ) парлумони Ӯзбекистон Акмал Саидов.

"Интизор меравад, ки 5 феврал лоиҳаи қонуни аз ҷониби Палатаи қонунгузорӣ омодашуда аз ҷониби Сенати парлумон тасдиқ карда шавад", - илова кард Саидов.

Пештар хабар дода шуда буд, ки интихоботи президентӣ бояд рӯзи якшанбеи аввали даҳаи сеюми моҳи ноябри соли 2021 баргузор шавад.

Интихоботи президентӣ дар Ӯзбекистон дар панҷ сол як маротиба баргузор мешавад.

Овозхони ӯзбек Ҷаҳонгир Отаҷонов мехоҳад президент шавад: аз сурудхонӣ даст кашид

Санаи 4 декабри соли 2016 дар ҷумҳурӣ интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ баргузор шуд, ки дар он Шавкат Мирзиёев, ки қаблан вазифаи сарвазирро бар ӯҳда дошт, пирӯз шуда буд. 88,61% интихобкунандагон ба ӯ овоз доданд.

549
Барчаспҳо:
интихобот, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон, Интихоботи президентӣ
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла

Вокуниши мақомоти афғон ба тарҳи сулҳи нави Амрико

132
(Таҷдидшуда 19:13 08.03.2021)
Тарҳи нави давлати Амрико дар бораи ташкили давлати муваққат ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон дар Афғонистон вокуниши шадиди мақомоти ин кишварро дар пай доштаву давлати Афғонистон таъкид кардааст, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik.  Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.

Тарҳи нави Амрико барои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.

132
Барчаспҳо:
сулҳ, Кобул, Толибон, вокуниш, Амрико, Афғонистон
Архитектурный комплекс Регистан в Самарканде, архивное фото

Ифтитоҳи сарконсулгарии Туркия дар Самарқанд

51
(Таҷдидшуда 17:29 08.03.2021)
Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човуш Уғлу дар ифтитоҳи консулгарии генералӣ дар Самарқанд ширкат варзид

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Сарконсулгарии Туркия дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо ҳузури вазири умури хориҷаи он кишвар ифтитоҳ шуд.

Мавлуд Човуш Уғлу  дар маросими ифтитоҳи сарконсулгарии Туркия дар Самарқанд гуфт, ки хабари гушоиши ин сарконсулгарииро соли гузашта Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев раисони ҷумҳури Туркия ва Узбакистон эълом карданд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия. 

 Вай афзуд, ки Туркия нахустин кишваре буд, ки Ӯзбекистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишвари хориҷӣ буд, ки сафорати худро дар Тошканд ифтитоҳ кард.

Вай ҳамчунин дидори худ бо Раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро нишондиҳандаи аҳамияти равобити ду кишвар барои Анкара донист.

51
Барчаспҳо:
Самарқанд, консулгарӣ, Ӯзбекистон, Туркия