ДУШАНБЕ, 3 фев - Sputnik. Кишвардори собиқи Қирғизистон, Алмосбек Отмабоевро ба толори додгоҳ наоварданд, хабар медиҳад котиботи Додгоҳи ноҳияи Первомай.
Бар хабари манбаъ, собиқ раисҷумҳур мариз аст ва феълан дар муассисаи ислоҳии рақами 47 табобат мегирад.
Ҳамин тариқ мурофиаи навбатӣ ба рӯзи 17 феврал гузаронда шуд. Ин аллакай маротибаи чандум мешавад, ки бинобар бад будани вазъи саломатии Отамбоев мурофиаи ӯ баргузор намегардад ва ба таъхир меафтад.
Алмосбек Отамбоев ҳоло дар колонияи ислоҳии рақами 47 нигаҳдорӣ мешавад, ки дар он маҳбусон ё маҳкумшудагон табобат мегиранд.
Ӯро бинобар бад шудани вазъи саломатияш охири соли 2020 аз боздоштгоҳи муваққатии КДАМ интиқол доданд.
Президенти собиқ барои раҳоии Батукаев ба 11 солу 2 моҳи зиндон маҳкум шуд. Суди олӣ ин ҳукмро бекор кард ва парвандаро барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Первомайск ирсол кард.
Эътирози пайвандон ва ҷонибдорони Отамбоев назди бинои суд - навор
Бояд гуфт, ки Отамбоев ҳамчунин дар дигар парвандаҳои ҷиноӣ низ айбдор мешавад. Қаблан суд қарор кард, ки ҳамаи парвандаҳояшро дар як мурофиа якҷоя баррасӣ кунад.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.
Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.
Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.
Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.
Гуфта шудааст, ки дар қарордоди мазкур ҷалби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.
Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО
Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.
Қайд карда шудааст, ки дар вилояти Саратови Русия беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат мекунад.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.
Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.
"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", - гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.
Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.
Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод
Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.
Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.