Астана-Байтерекв Астане.

Дар Қазоқистон 13 нерӯгоҳи обӣ ва 39 обанборро сохта мешавад

82
Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки то соли 2030, 13 нерӯгоҳи обӣ ва 39 обанборро сохта ба истифода диҳад

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазири экологӣ Маъзум Мирзогулӣ, заминшиносӣ ва манобеи табии Қазоқистон дар нишасти давлати ин кишвар дар мавриди эҳдоси 39 обанбор дар саросари ин кишвар то соли 2030 хабар дод, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.

Вазири экологӣ зикр кардааст, ки ҳудуди 2 ҳазор километр аз каналҳои аслӣ бозсозӣ мешаванду илова бар ин 8 махзани ҷадид бо ҳаҷми куллӣ 885 миллион метри мукааб об дар манотиқи мухталифи ин кишвар эҳдос ва маврид баҳрабардорӣ қарор мегиранд. 

Гуфта шудафст, ки Норлан Нагаев, вазири энержии Қазоқистон низ дар ин замина гуфт: “ҳам акнун гурӯҳи корӣ барои таҳияи пешниҳодоти ҷиҳати тақвияти шабакаҳои барқии минтақаи ҷанубии ин кишварро эҷод кардааст”.

Вай афзуд, ки дар чорчӯби тақвияти шабакаҳои барқии минтақаи ғарбӣ дар соли ҷорӣ корҳои тақвиятии шабакаҳои барқӣ бо зарфияти 220 киловатт дар масири “Тангиз - Кулсари - Атирау - Индер – Уралск” оғоз мешаванд.

Ҳамчунин, бинобар суханони вазири энержии Қазоқистон, қарор аст то соли 2025 милодӣ дар минтақаи ҷанубии ин кишвар ҳудуди 1300 мегаватт генератори газӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

82
Барчаспҳо:
истифода, НБО, обанбор, Қазоқистон
В учебной аудитории Кабульского политехнического института

Фаъолияти донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шуд

70
(Таҷдидшуда 00:17 08.03.2021)
Пас аз се моҳ таътилӣ ба хотири маҳдудиятҳои ворид шуда ба хотири паҳншавии вируси корона донишгоҳҳои Афғонистон дубора дарҳои худро барои донишҷӯён боз карданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, ахиран аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Парстудей”, вазорати омӯзиши олии Афғонистон ахиран эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.

Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.

70
Барчаспҳо:
таътил, донишҷӯён, донишгоҳ, вируси корона, вирус, Афғонистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

705
(Таҷдидшуда 20:26 04.03.2021)
Қазоқистон санаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Алмааторо эълон кард. Парвозҳоро ширкати "Эйр Астана" ва "Сомон Эйр" анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.

Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.

Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.

Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.

Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.

705
Барчаспҳо:
парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мардҳо ғамгину занҳо дар интизори гул Боку дар арафаи ҷашни 8 март

0
(Таҷдидшуда 10:04 08.03.2021)
Мардҳо дар Озарбойҷон ба занҳои худ дар ҷашни 8 март чӣ туҳфа мекунанд? Sputnik Озарбойҷон дақиқи кард, ки мардон ба занони худ чӣ гуна тӯҳфаҳо тақдим мекунанд. Муфассалтар дар навор тамошо кунед

Тиҷорати гул дар 8 март дар авҷ аст.

Дар ин рӯзҳо нархи гулҳо ба осмон мерасанд. Дар ин рӯз ҳар як мард мехоҳад гулдастаи беҳтаринро интихоб кунад. Ҳамин тавр, дар ин рӯзҳо арзиши як лола ба 5 (3 доллар) манат ва садбарг ба 6 (3,5 доллар)манат мерасад. Ҳамин тариқ, арзиши миёнаи як даста гули хоксорона тақрибан 25-30 манат (наздик ба 18 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, нархномаҳо танҳо табъи мардонро хира мекунанд, дар ҳоле ки занон ба иди дӯстдоштаи худ омодагӣ мегиранд. Тавре ки маълум шуд, занон дар ин рӯз интизори тӯҳфаҳо ҳастанд. Онҳо интизори як даста гул ё атр мебошанд. Дар баробари ин, худи занҳо барои оила ва дӯстон тӯҳфаҳо омода мекунанд.

Дар ин рӯзҳо мардон кушиш мекунанд занон, модарон ва хоҳарони худро бо як даста гул табрик намоянд. Мисли ҳамеша, мардон дар ин рӯз то лаҳзаи охир пушти хариди тӯҳфаҳо мераванд.

0
Барчаспҳо:
мард, тӯҳфа, занон, дақиқ, туҳфа, Озарбойҷон