ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории ОВО, Созмони милал дар гузориши ҷадиде эълом кард, ки ҳудуди ҳазор то 2 ҳазору 200 узви гурӯҳи террористии ДОИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон ҳузур доранд, ки хатари бузургӣ барои ин кишвар ба шумор мераванд ва токунун низ масъуляти бархе аз ҳамалоту инфиҷорҳои ин кишварро бар ӯҳда гирифтаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд
Ин дар ҳолест, ки давлати Афғонистон моҳи гузашта эълом карда буд нерӯҳои амниятии ин кишвар дар амалиёти "Аслам Форуқӣ" аз саркардагони гурӯҳи ДОИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар қаламрави Русия) дар Афғонистон ва 19 тани дигар аз аъзоии ин гурӯҳро дастгир кардаанд.
Додгоҳи Рашт "Ҷулайбӣ"-ро барои таблиғи "ДОИШ" ҷазо дод
Созмон милал ба рағми иӣн мавозеъ, ки токунун гомии амалӣ барои барқарории сулҳ, амният ва поёни ҷанг дар Афғонистон барнадоштааст.
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Саидаббоси Мусавӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Trend гуфтааст, ки бо муттасил шудани шабакаи барқи Эрон, Озарбойҷон ва Русия имкони баҳрабардорӣ аз барқи афзун бар ниёзи ин кишварҳо барои тарафҳои дигар фароҳам мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Сафири Эрон дар Озарбойҷон ҳамчунин бо ибрози норизоятӣ аз ҳаҷми 500 миллион доллари равобити тиҷории ду кишвар гуфт: “Муътақидам бо ҳамкориҳои наздик ва иҷрои проектҳои муштараки бештар, қодир хоҳем буд то ҳаҷми равобитро то 5 миллиард доллар афзоиш диҳем” .
Мусавӣ ҳамчунин гуфт, ки Эрон ба унвони ҳамсояи Озарбойҷон, аз фурсатҳои зиёде бархӯрдор аст ва метавонад ба давлат ва мардуми ин кишвар дар заминаи бозсозии Қарабоғ кӯмак кунад.
ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways дар ҷашни Наврӯз барои тамоми парвозҳои дохили Ӯзбекистон то 50% тахфиф ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ширкат.
Ҳамин тавр, аз 20 то 22 марти соли равон ҳамаи мусофирони инфиродӣ метавонанд бо имтиёзҳои 30% ё бештар аз он дар саросари кишвар гардиш кунанд.
Барои гурӯҳҳои калони сайёҳии иборат аз панҷ ва ё зиёда нафар - мактаббачагон, донишҷӯёни коллеҷҳо, литсейҳо, донишгоҳҳо, донишҷӯён ва донишҷӯёни як қатор муассисаҳои махсуси таълимӣ тахфифи 40% -ро ташкил хоҳад дод.
Тахфифи калонтарин 50% -ро дар парвозҳо нафақахӯрон, он оилаҳое, ки аз ду ва зиёда нафар ва кӯдакони то 18 - сола иборатанд, мегиранд.
Ғайр аз ин ба маъюбон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин онҳое, ки барои меҳнати фидокорона ва хидмати содиқонаи ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон бо ордену медалҳо мукофотонида шудаанд, коҳиши парвоз бо 50% пешниҳод мешавад.
Ҳамзамон иштирокчиёни рафъи оқибатҳои офат дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро низ метавонанд бо чунин тахфиф парвоз кунанд.
Санаи парвоз миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон эълон шуд
Ҳамзамон, қаблан дар Ӯзбекистон тартиби истифодаи имтиёзҳо, субсидияҳо ва ҳаҷми андози сайёҳии маҳаллӣ, ки аз шаҳрвандон барои манзил ситонида мешуданд, тасдиқ карда шуд.
Акнун чиптаҳои парвозҳои нав бо 25% тахфиф фурӯхта мешаванд ва онҳое, ки аз операторони сайёҳӣ харида мешаванд, боз 15% тахфиф хоҳанд гирифт. Ҳамин тариқ, сайёҳон бояд танҳо 60% нархи чиптаро пардохт кунанд.
Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.
Соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.
Соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал- шаҳри Катманду сафар кард.
Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.
Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии «Тоҷикистон-2014» баргузор гардид.
Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.
Соли 2016 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуд.
Соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.
Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.
Соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.
Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ.
Соли 1936 - рӯзноманигор Тулфор Қадамов.
Соли 1947 - доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.
Соли 1949 - ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.
Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.