Витрина с сотовыми телефонами. Архивное фото

Ошкоршавии миқдори зиёди қочоқи телефон аз Қирғизистон ба Тоҷикистон

215
(Таҷдидшуда 18:27 12.02.2021)
Мутобиқи хулосаи ташхиси Агентии мубориза бо фасод, арзиши умумии телефонҳои мобилии болозикр 345 640 сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон миқдори зиёди қочоқи телефони мобилӣ аз Қирғизистон ошкор шуд, гузориш медиҳад Ожонси мубориза бо фасоди кишвар.

Тавре манбаъ менависад, бо ин далел нисбати як нафар гумонбар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Гумонбар Абдурауф Саидов бо маслиҳати пешакӣ бо "Шолочо" ном шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон вориди телефонҳои вурудашон ғайриқонуниро ташкил кардааст.

Ҷинояти мазкур соли 2020 содир шуда, кормандони агентӣ акнун дар бораи ошкор шудани он хабар додаанд.

Ҳамин тавр, Саидов 1 июли соли 2020 ба миқдори 20 адад телефонҳои мобилии тамғаи "Samsung Galaxy A10S", 20 адад "Samsung Galaxy A51", 20 адад "Redmi Note 8", 80 адад "Redmi Note 9" ва 20 адад "Redmi Note 9S"-ро бо роҳи кочоқ, яъне бидуни назорати гумрукӣ аз вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.

Қирғизистон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ корхонаҳо созадМутобиқи хулосаи ташхис, арзиши умумии телефонҳои мобилии болозикр 345 640 сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин нисбат ба Саидов А.П. бо моддаи 289 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

215
Барчаспҳо:
телефон, қочоқ, Қирғизистон, Тоҷикистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

647
(Таҷдидшуда 20:26 04.03.2021)
Қазоқистон санаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Алмааторо эълон кард. Парвозҳоро ширкати "Эйр Астана" ва "Сомон Эйр" анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.

Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.

Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.

Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.

Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.

647
Барчаспҳо:
парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев в Самарканде

Самарқанд ва Саратов бародаршаҳр шуданд

154
(Таҷдидшуда 12:00 04.03.2021)
Шаҳрдори Самарқанд ва муовини шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародаршаҳрӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Гуфта шудааст, ки дар қарордоди мазкур ҷалби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.

Қайд карда шудааст, ки дар вилояти Саратови Русия беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат мекунад.

154
Барчаспҳо:
шаҳрдор, равобит, бародаршаҳрӣ, бародаршаҳр, вилояти Саратови Русия, Самарқанд
Крокодил, архивное фото

Дар Индонезия тимсоҳ кӯдакро фурӯ бурд: шикамашро чок карда, ӯро бароварданд

0
(Таҷдидшуда 19:16 06.03.2021)
Ҳарчанд падари кӯдак зуб бохабар шуд ва хост фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро ба даруни об андохта нопадид шуд

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Дар рӯдхонаи Темпакули Индонезия як фоҷиаи мудҳиш рух дод. Ба ҳангоми моҳидории падару писар, пимсоҳ ба кӯдак ҳамла намуда, ӯро комилан фурӯ бурд, менависад The ​​Sun.

Ба иттилои манбаъ, хазандаи шаш метра ҳангоми аз соҳил дур шудани падар ба фарзанди 8 - солаи ӯ ҳамла кард.

Вақте ки мард баргашт, ӯ кӯшиш кард, ки даррандаро набард кунаду фарзандашро наҷот диҳад, вале тимсоҳ зуд худро дар об нопадид  кард.

Манбаъ меафзояд, сокинони маҳаллӣ танҳо рӯзи дигар тимсоҳро дастгир намуданд. Онҳо шиками хазандаро чок карда, аз меъдаи ӯ кӯдакро берун оварданд.

Ҳарчанд ба кӯдак осебе нарасидааст, аммо ӯ мурда буд.

Ҳамин гуна ҳолат дар Филиппин соли 2019 рух дод. Хазанда ба наврас дар ҳоле ҳамла кард, ки ӯ ва бародари хурдиаш дар дарёи маҳаллӣ шиноварӣ мекарданд.

Даҳшат: тимсоҳи азимҷусса сагро дар пеши соҳибаш фурӯ бурд - видео

Он замон тимсоҳ аз дасти чапи кӯдак газида, ӯро ба қаъри дарё кашиданӣ буд, аммо падараш тавонист фарзанди худро наҷот диҳад.

Мард барои наҷоти фарзанд, тимсоҳро аз чанд ҷо газид, ки дар натиҷа ӯ кӯдакро раҳо кард ва худ зери об рафт.

0
Барчаспҳо:
кӯдак, тимсоҳ, Индонезия