Глава политического совета движения Талибан , архивное фото

Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунад

232
(Таҷдидшуда 02:10 14.02.2021)
Вазорати дифои Амрико аз бознигарии ин кишвар дар тавофуқ бо гурӯҳи Толибон хабар дод

ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Вазорати дифои Амрико ахиран эълом кардааст, ки Ҷо Байден, раисиҷумҳури ин кишвар тавофуқеро, ки Доналд Трамп собиқ президенти Амрико бо гурӯҳи Толибон имзо карда буд дубораи бознигарӣ хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории Садо ва симо.

Бино бар иттилои манбаъ, мақомоти Амрико ҳанӯз дар бораи навъи ин бознигарӣ тасмим нагирифтааст.

Истеъфои Ашраф Ғанӣ ва хуруҷи нируҳои хориҷӣ: Толибон барои расидан ба сулҳ шарт гузоштанд

Бар асоси тавофуқномаи Амрико бо гурӯҳи Толибон дар 29 феврали 2020 дар Давҳаи Қатар Толибон бояд хушунат ва ҳамалотро дар Афғонистон мутаваққиф кунад ва низомиёни амрикоӣ низ бояд аз ин кишвар хориҷ шаванд.

Ба дасти Толибон супориданд: Амрико Афғонистонро тарк мекунад

Ин тавофуқ дар ҳоле ба имзои ду тараф расидааст, ки аъзои Толибон ҳамчунон ба ҳамалоти худ дар манотиқи Афғонистон идома медиҳанд ва аз хурӯҷи низомиёни террористи амрикоӣ аз Афғонистон ҳам хабаре нест.

232
Барчаспҳо:
сиёсат, тавофуқнома, тавофуқ, бознигарӣ, Амрико, Афғонистон
Вид на город Ташкент

Собиқ вакил раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон интихоб шуд

652
Дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангони тоҷиконро аз нав интихоб карданд. Пештар раиси марказ истеъфо дода буд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Гуландом Субҳонова, собиқ вакил дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии фарҳангии тоҷикони кишвар интихоб гардид. Дар ин бора расонаҳои кишвар хабар медиҳанд.

Пештар раиси ин марказ шоир, олим ва файласуф Ҷаъфари Муҳаммад истеъфо дода буд.

"Гуландом Субҳонова раиси нави Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон интихоб карда шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин оинномаи нави Маркази миллӣ-фарҳангӣ низ, ки ба тозагӣ таҳия шудааст,  қабул гардид ва барои тасдиқ ба Вазорати адлияи ҶӮ ирсол хоҳад шуд.

Гуландом Субҳонова зодаи вилояти Сирдарё аст. Маълумоташ олӣ, миллаташ – тоҷик. Соли 1971 донишкадаи омӯзгориро дар риштаи забон ва адабиёти рус хатм кардааст.

Борҳо вакили шӯрои вилояти Ҷиззах ва чанде аз ноҳияҳои он интихоб шудааст. Дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ кор кардааст. Соҳиби мукофотҳои давлатӣ мебошад. Муддати ду соли охир муовини якуми раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон буд.

Маркази миллӣ-фарҳангии Ӯзбекистон соли 2008 таъсис ёфтааст. Феълан сохтори он ба ҷуз идораи марказӣ аз шаш шуъбаи вилоятӣ, аз ҷумла дар вилоятҳои Қашкадарё, Сирдарё, Намангон, Фарғона, Бухоро, ва Самарқанд ва ду шуъбаи шаҳрӣ – "Ориёно" дар Тошканд ва "Суғдиён" дар Чирчиқ иборат аст.

Дар қатори лоиҳаҳои калоне, ки ин марказ амалӣ намудааст, метавон  роҳандозии ҷашнвораҳоро бахшида ба  2700-солагии Авасто, 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, ҳаёт ва эҷодиёти Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯалӣ Ибни Сино, Ҷалолиддини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ ном бурд.

Масъуди Мирзо дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии тоҷикон интихоб шуд-акс

Марказ ҳар сол Рӯзи забони тоҷикӣ, мушоираҳо, мулоқот бо адибони тоҷик,  озмуни донандагони беҳтарини таъриху фарҳанги тоҷик, мусобиқаи фарогир оид ба бозии қадимаи ниёгони мо – шоҳмот доир менамояд, дар таҷлили ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон ва ғайра ҳиссаи муносиб мегузорад.

Бо Марказ бисёр шахсиятҳои маъруфи Ӯзбекистон – фарзандони миллати тоҷик, амсоли академики Академияи илмҳои Ӯзбекистон, поягузори Мактаби байналмилалии кайҳоннавардони наврас Шавкат Воҳидов, Қаҳрамони Ӯзбекистон, меъмори самарқандӣ Мирумар Асадов ва дигарон ҳамкорӣ доранд.

652
Барчаспҳо:
вакил, раис, Ӯзбекистон, тоҷик
Город Ташкент, архивное фото

Содиқ Сафоев: ҳамкориҳои Маскаву Тошканд дар соли 2021 боз ҳам хубтар мешавад

105
(Таҷдидшуда 18:15 21.02.2021)
Мақомоти порлумонии Русияу Узбекистон дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, муҳоҷирати корӣ, тавсеаи гардишгарӣ, иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар нишасти онлайнӣ ба тавофуқ расиданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Панҷумин нишасти комиссиюни ҳамкориҳои байнипорлумонии маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Русия бо ҳузури Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва  Илёс Умахонов, муовини раиси Шӯрои федерасиюни маҷлиси федералии Русия ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.

Дар ин нишаст эълом шуд ҳамкориҳои муассир байни маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Шӯрои федерасиюни Русия барои тавсеъа ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби сохторҳои порлумонии муътабари байналмиллалӣ кумак мекунад.

Тарафҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи муҷтамаъи зироъӣ ва саноъатӣ дар шароити коронаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард

Тибқи баррасиҳои анҷомшуда дар соли 2020  мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар нисбат ба соли 2019, 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

105
Барчаспҳо:
иқтисод, тавсеа, муҳоҷират, ҳамкорӣ, Русия, Ӯзбекистон

Сабти боз як заминларзаи дигар дар Тоҷикистон

2
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза бо шиддати 4,1 балл ба қайд гирифта шуд, ки субҳи имрӯз рух дод

ДУШАНБЕ, 25 феврал - Sputnik. Дар Тоҷикистон субҳи барвақт заминларза рух дод, хабар медиҳад Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон.

Ларзиш соати 07: 11-и вақти Душанбе ба қайд гирифта шудаанд.

Қувваи заминҷунбӣ 4,1 баллро ташкил дод, он дар умқи 151 километр рӯй додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар бораи заминларзаи навбатӣ ҳоло шарҳ надодааст.

Ҳамзамон дар бораи хисорот ва ё талафот хабаре нест.

Инчунин маълум аст, ки қувваи заминларза дар қаламрави Ӯзбекистон эҳсос нашудааст, масофа аз маркази зилзила то Тошканд дар самти ҷанубу шарқ 497 километрро ташкил додааст.

35 километр дуртар аз Мурғоб: тафсилоти заминларзаи шоми дирӯз дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки ин аввалин заминларзае нест, ки дар давоми ин моҳ аз ҷониби пойгоҳҳои сейсмикӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ, дар моҳи феврал тақрибан 10 чунин ларзиш рух дод.

2