Толибон хабари марги роҳбарашонро дар Покистон рад карданд

870
(Таҷдидшуда 16:42 14.02.2021)
Сухангӯи Толибон кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳро бар асари инфиҷор дар Покистон такзиб кард

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) эълом кард, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари ин гурӯҳ дар шаҳри Кувайтаи Покистон зиндагӣ намекунад, ки ҳодисаи инфиҷори барояш рух дода бошад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинод хабаргузории Тасним.

 Бархе расонаҳои Афғонистон имрӯз эълом карданд, ки раҳбари Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ба ҳамроҳи чанд нафар аз аъзои аршади ин гурӯҳ дар инфиҷоре дар минтақаи Чолўи боварии шаҳри Кувайтаи Покистон кушта шуд.

Дар ҳамин ҳол, Муҷоҳид афзуд, ки дар чанд моҳ қабл низ хабаре бо ҳамин ҷузъиёт мунташир шуд, ки Толибон дар он замон ҳам ин хабарро рад кард ва ин бор ҳам мегӯем, ки ин хабари нодуруст ва дур аз воқеъият аст.

Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунад

Сухангӯи Толибон интишори ин ахборро кори душманони ин гурӯҳ донист ва муддаӣ шуд, ки мухолифони Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳар гоҳ таҳти фишор қарор мегиранд ва ё эҳсоси хатар мекунанд ба овозахо доман мезананд то зеҳнҳои мардумро норушан кунанд.

Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки дар даврони ҳукуматдории Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) қозиюлқуззот буд пас аз кушта шудани Ахтар Муҳаммади Мансур-раҳбарии Толибонро бар ӯҳда гирифт.

Тағйири сиёсат: Амрико дар тавофуқ бо Толибон бознигарӣ мекунад

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш бархе манобеи хабарӣ дар Кувайтаи Покистон аз кушта шудани мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода- раҳбари гурӯҳи террористии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) хабар доданд.

870
Барчаспҳо:
Мулавӣ Ҳайбатуллоҳ Охунзода, роҳбар, такзиб, рад, Покистон, Толибон, Афғонистон
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото

Рӯзи барқароршавии парвозҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон маълум шуд

114
(Таҷдидшуда 20:26 04.03.2021)
Қазоқистон санаи барқарор шудани парвозҳои мунтазам байни Душанбе ва Алмааторо эълон кард. Парвозҳоро ширкати "Эйр Астана" ва "Сомон Эйр" анҷом медиҳанд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.

Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.

Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.

Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.

Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.

114
Барчаспҳо:
парвоз, Қазоқистон, Тоҷикистон
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев в Самарканде

Самарқанд ва Саратов бародаршаҳр шуданд

125
(Таҷдидшуда 12:00 04.03.2021)
Шаҳрдори Самарқанд ва муовини шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародаршаҳрӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Бобурмирзо Облоқулов, шаҳрдори Самарқанд ва Алексей Никитин, муовини иқтисодии шаҳрдори Саратови Русия дар мавриди барқарории равобити бародархондагӣ қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Гуфта шудааст, ки дар қарордоди мазкур ҷалби сармоягузор, иҷрои тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ, ҳимоят аз ҳамкориҳои мутақобили байни созмонҳои омӯзишии шаҳрҳо ва ҳамчунин заминаҳои фарҳангиву гардишгарӣ мавриди тавваҷуҳ қарор гирифтааст.

Пешниҳоди Панҷакенту Самарқанд барои сабт дар феҳристи ЮНЕСКО

Дар ин қарордод ду тараф ҳамчунин барои рафъи муштараки паёмадҳои ҳамагирии корона низ ба тавофуқ расиданд.

Қайд карда шудааст, ки дар вилояти Саратови Русия беш аз 3 ҳазор нафар ва дар шаҳри Саратов беш аз 1100 шаҳрванди Ӯзбакистон иқомат мекунад.

125
Барчаспҳо:
шаҳрдор, равобит, бародаршаҳрӣ, бародаршаҳр, вилояти Саратови Русия, Самарқанд
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меравад

78
Роҳбари Қирғизистон Содир Ҷаббаров бо сафари расмӣ ба Душанбе сафар карданист ва дар ояндаи наздик ӯ инчунин аз Ӯзбекистон, Чин ва Туркманистон дидан хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов қасд дорад ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад, гуфт вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Руслан Казакбоев дар як нишасти матбуотӣ.

Зимни суханронӣ дар брифинг роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дар бораи сафарҳои ояндаи байналмилалии сарвари давлат сухан гуфт.

"Президент ният дорад сафари навбатии худро ба Ӯзбекистон анҷом диҳад. Тахминан рӯзҳои 11-12 март", -  гуфт сарвари вазорати корҳои хориҷӣ.

Ба гуфтаи Казакбоев, Ҷабборов инчунин қасд дорад ба кишварҳои ҳамсоя - Чин, Тоҷикистон ва Туркманистон сафар кунад.

Ҷабборов ба кишвардори Русия тӯҳфаи ғайриоддӣ дод

Хотиррасон мекунем, ки қаблан Президент ба Русия ва Қазоқистон ташриф оварда буд.

Дар Маскав вай бо Владимиров Путин мулоқот кард. Ҷабборов ба ҳамтои руси худ тӯҳфаи ғайриоддӣ - шамшери қирғизиро тақдим кард.

78
Барчаспҳо:
сафар, Тоҷикистон, раисҷумҳур, Қирғизистон