Эрон: хати тавлиди ваксинаи "Спутник V" дар кишвар эҷод мешавад

60
(Таҷдидшуда 18:33 20.02.2021)
Раиси дафтари Президенти Эрон аз роҳандозии хати тавлиди ваксинаи “Спутник V”-ро дар ҷумҳурии исломӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Маҳмуди Воизӣ бо ишора ба хариди ваксинаи корона аз Русия ва ҳамоҳангии ду кишвар барои тавлиди муштараки ваксинаи корона дар Эрон афзуд, ки дар сафари раиси Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ба Русия тавофуқ шуд то хати тавлиди ваксинаи русӣ дар Эрон роҳандозӣ шавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.

Воизӣ бо ишора ба талош барои тавлиди ваксинаи эронии корона гуфт, ки Ваксинаи “Пастер” мароҳили хуберо тай кардааст ва дар Куба бо ҳамин ваксина эмгузаронии умумии худро оғоз кардаанд ва қарор аст хати тавлиди ин ваксина ҳам дар Эрон эҷод шавад.

Раиси дафтари Президенти Эрон аз хариди 250 ҳазор воя ваксинаи чинӣ ва воридоти он ба Эрон низ хабар дод ва гуфт, ки илова бар ин, қарордоди Эрон бо Ҳинд барои дарёфти ваксинаи ҳиндӣ, ки дар чанд кишвари дигар монанди Шветсия ҳам дар ҳоли сохт ва тавлид аст ва дар Оксфорд таҳқиқоти он анҷом шудааст, дар мароҳили ниҳоӣ шудан аст.

Ҳамчунин Ҳомиди Ҳусайнӣ, мудири маркази корозмоии болинии Донишгоҳи улуми пизишкии Теҳрон рӯзи ҷумъа гуфт: Мутолеаи фази як тести инсонии ваксинаи коронаи “Ков Эрон баракат” поён ёфтааст.

60
Барчаспҳо:
Спутник, ҷумҳурии исломӣ, ваксина, тавлид, Эрон
Вакцина

Оғози озмоиши инсонии дувумин ваксинаи эронӣ бар зидди коронавирус

33
(Таҷдидшуда 18:43 02.03.2021)
Озмоиши инсонии ваксинаи зидди коронаи тавлиди ширкати Розии Эрони мавсӯм ба "Розӣ Куу Порс" оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik.  Ваксинаи ширкати Розӣ, ки нахустин ваксинаи тазриқӣ - истиншоқии корона аст, рӯзи якшанбе бо тазриқи марҳалаи аввали озмоиши инсонӣ ба ду довталаб оғоз шуд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Бино бар иттилои манбаъ, Муҳаммадҳасани Фаллоҳии Меҳрободӣ, муовини таҳқиқоту фанноварии муассисаи таҳқиқотии Розӣ дар ин маросим шумори довталабони марҳалаи аввали озмоиши инсонии ин ваксинаро 133 нафар эълом кард ва гуфт, ки 13 нафар дар гурӯҳи аввал ва бақия ҳам дар чаҳор гурӯҳи 30 нафараи вориди ин тарҳи мутолиъотӣ хоҳанд шуд.

Гуфта шудааст, ки ваксинаи "Розӣ Куу Порс"  мутобиқ бо дастуруламали Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавлид шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Эрон бо дастури Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии ин кишвар эмгузаронии сартосарӣ бар зидди коронавирус бо истифода аз ваксинаи "Спутник V" - и сохти Русия оғоз шуд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Созмони ғизо ва доруи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар маросими оғози ваксинатсияи корона дар Эрон гуфт, ки нахустин ҳазор нафар бо ваксинаи русӣ эмгузаронӣ шуданд ва сипас бо тавваҷуҳ ба арзёбии муҷаддад ин кор афзоиш меёбад то ба ҳадди аксар бирасад, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Вай изофа кард, эмгузаронии умумӣ ва ҳамагонӣ бар зидди вируси корона дар Эрон соли 2021 такмил мешавад ва "умедворем ҷузви аввалин кишварҳое бошем, ки ваксинатсияи умумиро ба итмом мерасонад".

Нахусти маҳмӯлаи ваксинаи русӣ бар зидди вируси корона мавсӯм ба "Спутник V" рӯзи панҷшанбе ба Эрон ирсол шуд.

Ваксинаи русии "Спутник-V" дар беш аз 20 кишвар аз ҷумлаи Эрон сабт шудааст.

33
Барчаспҳо:
озмоишгоҳ, тавлид, ваксина, Эрон
Новоизбранный премьер-министр Садыр Жапаров

Дар Қирғизистон номзадии Содир Ҷабборовро ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ карданиянд

408
(Таҷдидшуда 14:22 01.03.2021)
Тарафдорони президент Қирғизистон Содир Ҷабборов мехоҳанд ӯро ба ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Ин пешниҳодро узви ҳизби "Мекенчил", собиқ вакили парлумон Нуъмонҷон Аркабаев пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, Содир Ҷабборов 15 сол аст, ки бо вуҷуди таъқибот ва мушкилоти зиндагӣ барои волоияти қонун дар кишвар ва ҳифзи ҳуқуқи инсон мубориза мебарад.

"Замоне ба президенти Африқои Ҷанубӣ Нелсон Мандела барои он мукофот дода шуд, ки тамоми ҳаёти худро ба ҳимояи ҳуқуқи инсон бахшидааст. Содир Ҷабборов инчунин барои фаъолияти пурсамар дар ҳимояи ҳуқуқи инсон сазовори ҷоизаи Нобел аст", - гуфт Нуъмонҷон Аркабаев.

Ёдовар мешавем зиндонии собиқ Ҷабборов пас аз гирдиҳамоиҳои сиёсӣ дар Қирғизистон баъди интихоботи парлумонӣ, ки санаи 4 октябри 2020 баргузор шуд, ба қудрат расид. 

Пас аз эълони натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ, дар Бишкек эътирозҳои тарафдорони ҳизбҳое, ки ба парлумон роҳ наёфтанд, оғоз ёфт. Баъдтар, Кумисюни марказии интихоботи Қирғизистон интихоботи гузаштаро беэътибор донист ва овоздиҳии нав эълон кард ва Сооронбой Жээнбеков истеъфо дод.

Дархости Ҷабборов аз мансабдорон: "акси маро дар ҳуҷраҳои корӣ наовезед"

Дар пайи истеъфои Сооронбой Жээнбеков Ҷабборов моҳи декабр сарвазир таъин шуд ва рӯзи 10 январи соли ҷорӣ дар пайи интихоботи фаврии президентӣ бо ба даст овардани 79 дарсади раъйи интихобкунандагон барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон шуд.

408
Барчаспҳо:
Ҷоизаи Нобел, Қирғизистон, Содир Ҷабборов
Акция по выдаче питания лицам без определенного места жительства

Нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфт

0
(Таҷдидшуда 20:31 02.03.2021)
Коршиносони байналмилалӣ ахиран эълон доштанд, ки қиммати ҷаҳонии ғизо ба болотарин сатҳ дар 6 соли гузашта расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Нархи ҷаҳонии ғизо таҳти таъсири афзоиши ҳазинаи маводи ғизоӣ ба болотарин сатҳ дар беш аз 6 соли гузашта расидааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба гузориши шабакаи хабарии "Bloomberg".

Ба гузориши "Bloomberg", ҳамзамон қиммати колоҳои аслӣ афзоиш ёфта ва қимати ҷаҳонии маводи ғизоиро ба болотарин сатҳ дар шаш соли гузашта дар январи 2021 расондааст.

Бо тавваҷуҳ ба таъсири ҳамагирии корона дар раванди рушди иқтисодӣ, нигарониҳо дар бораи гуруснагӣ дар саросари ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

“Ҳама ба ҳоли худ саргардон. Соли вазнин хоҳад буд”: нигарониҳои Раҳмон аз соли 2021

Ин шабакаи хабарӣ бо ишора ба афзоиши 30 то 61 дарсадии қимати ғизо дар кишварҳои мухталиф навишт, ки бозорҳои навзуҳӯр, фишори ношӣ аз афзоиши баҳои маводи хомро эҳсос мекунанд, зеро афзоиши қимати колоҳое ҳамчун нафт, мис ва ғаллот болотар аз ҳадди интизор будааст.

0
Барчаспҳо:
боло, қиммат шудан, ғизо, байналмилалӣ, ҷаҳон