ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Қирғизистон хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта фавти боз 6 дардманди ин вирус ба қайд гирифта шуд.
Дар Қирғизистон 93 ҳолати сироятшавию дар Тоҷикистон 0: омори нави коронавирус
Ба иттилои манбаъ, 5 бемор дар шаҳри Бишкек ва 1- и дигар дар вилояти Ҷалолобод ҷон аз даст доданд. Гуфта мешавад, давоми моҳи ҷорӣ ин калонтарин нишондиҳандаи фавт аст. Қаблан, рӯзи 8 феврал 5 бемори коронавирус ба ҳалокат расида буданд. Ҷамъан дар Қирғизистон 85 855 гирифтори коронавирус шуданд.
Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон низ 6 бемори коронавирус ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад Вазорати беҳдошти ин кишвар.
Манбаъ меафзояд, ҳоло беш аз 21 ҳазор маризи коронавирус дар Қазоцистон табобат мегиранд, ки вазъи 54 бемор ниҳоят вазнин буда, ҳамчунин 45 нафар аз тариқи дастгоҳи нафасдиҳиӣ сунъӣ нафас мекашанд.
Дар умум вируси COVID - 19 дар Қазоқистон беш аз 207 ҳазор нафарро домангир кард, ки зиёда аз 2,5 ҳазор бемор ҷони худро аз даст доданд.
Дар Тоҷикистон бошад, беш аз 1 моҳ ягон мавориди строятшавии сокинон ба коронавирус сабт нагардидааст ва масъулони соҳаи беҳдошт орӣ шудани ҷумҳурӣ аз вирус хабар медиҳанд.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".
Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.
Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.
Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.
Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.
Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.
Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.
ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik. Сарконсулгарии Туркия дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон бо ҳузури вазири умури хориҷаи он кишвар ифтитоҳ шуд.
Мавлуд Човуш Уғлу дар маросими ифтитоҳи сарконсулгарии Туркия дар Самарқанд гуфт, ки хабари гушоиши ин сарконсулгарииро соли гузашта Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев раисони ҷумҳури Туркия ва Узбакистон эълом карданд, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия.
Вай афзуд, ки Туркия нахустин кишваре буд, ки Ӯзбекистонро ба расмият шинохт ва аввалин кишвари хориҷӣ буд, ки сафорати худро дар Тошканд ифтитоҳ кард.
Вай ҳамчунин дидори худ бо Раиси ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро нишондиҳандаи аҳамияти равобити ду кишвар барои Анкара донист.