ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Панҷумин нишасти комиссиюни ҳамкориҳои байнипорлумонии маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Русия бо ҳузури Содиқ Сафоев, муовини аввали раиси маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Илёс Умахонов, муовини раиси Шӯрои федерасиюни маҷлиси федералии Русия ба сурати видеоконфронс баргузор шуд, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Дар ин нишаст эълом шуд ҳамкориҳои муассир байни маҷлиси Сенати Ӯзбекистон ва Шӯрои федерасиюни Русия барои тавсеъа ва таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар чорчуби сохторҳои порлумонии муътабари байналмиллалӣ кумак мекунад.
Тарафҳо ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобил дар заминаи муҷтамаъи зироъӣ ва саноъатӣ дар шароити коронаро низ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ӯзбекистон ваксинаи Sputnik V -ро барои истифодаи оммавӣ тасдиқ кард
Тибқи баррасиҳои анҷомшуда дар соли 2020 мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар нисбат ба соли 2019, 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, ахиран аз сар гирифта шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Парстудей”, вазорати омӯзиши олии Афғонистон ахиран эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.
Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард
Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.
Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд.
Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд
Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Қазоқистон санаи азсаргирии парвозҳои мунтазам аз Алмаато ба Душанберо эълон кард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори ҷумҳурӣ, аз 14 марти соли 2021 ширкати "Эйр Астана" ба нақша гирифтааст, ки парвозҳои мунтазамро байни пойтахтҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон оғоз кунад.
Ин тасмим бар асоси вазъи эпидемиологии коронавирус дар Тоҷикистон ва Қазоқистон гирифта шудааст. Парвозҳо дар масири Алмаато - Душанбе - Алмаато ҳафтае як маротиба анҷом меёбанд. Тибқи ҷадвал, парвоз рӯзҳои якшанбе сурат мегирад", - омадааст дар хабари вазорати Қазоқистон.
Қарор аст, аз ҷониби Тоҷикистон парвози аввал рӯзи 18 март сурат гирад. Парвозҳо ҳафтае як маротиба рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Ин масирро ширкати миллии "Сомон Эйр" иҷро мекунад.
Раиси фурудгоҳи Внуково гуфт, кай парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия барқарор мешавад
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз 20 марти соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус парвози мунтазамро бо тамоми кишварҳо қатъ карда буд.
Истисноҳо парвозҳои махсус барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ буданд.
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.
Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст.
Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд.
Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард.
Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам муттаҳид мекунад.
Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст.
Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.