Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia дар шакли ҷадид баргузор мешавад

Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia дар шакли ҷадид баргузор мешавад

127
(Таҷдидшуда 12:14 07.09.2020)
WorldSkills Russia VIII-умин Қаҳрамонии миллиро дар формати ҷадид яъне дистансионӣ баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Даври ниҳоии VIII-умин Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia аз 6 то 21 сентябри соли 2020 нахустин бор пурра ба таври дистансионӣ баргузор мешавад.

Ҳамагирии коронавирус ба зиндагии муқаррарӣ дар саросари ҷаҳон дигаргуниҳо ворид кард. Дар баробари ин марзҳои дигар боз шуданд: майдонҳои рақамӣ ин замон дар авҷи кор аст. Ҷаласаҳо, варзиш, вохӯрӣ бо дӯстон, тиҷорат, мактаб, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо ҳама ба фаъолияти онлайнӣ гузаштанд.

WorldSkills Russia низ аз навгониҳои технологӣ ақиб намонд. Барои он, ки рӯзи баргузории даври ниҳоии қаҳрамонии миллӣ ба таърих наафтад, дар низоми WorldSkills тарзи дистансионӣ коркард карда шуд. Дар ин низом барномаҳои тозатарини технологӣ ворид шудааст, ки баъдан дигар кишварҳо дар тарбияи кадрҳо ва баргузории қаҳрамониҳо ба кор хоҳанд бурд.

Фаъолияти мунтазас оид ба рушди WorldSkills дар Тоҷикистон низоми омода намудани мутахассисонро ба сатҳи нав мебардорад
WorldSkills Russia
Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia дар шакли нав баргузор мешавад

Дар чорчӯби даври ниҳоии қаҳрамонии миллӣ, сабқатҳо аз рӯи 130 намуд (барои наврасон то 71 намуд) баргузор мешавад. Дар мусобиқа беш аз 2800 кас, миёни онҳо наврасон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ хоҳанд буд. Барои муқоиса: соли 2018 – 700 кас ва соли 2019 – 1500 нафар ширкат карда буд. Ҷомеаи коршиносонро 700 кас намояндагӣ мекунанд. Формати ҷадид, ки аз ҷониби WorldSkills Russia коркард шудааст, имкон дод, то шумораи бештари иштироккунандагон аз тамоми гӯшаю канори кишвар ба сабқат роҳ ёбанд. Ҳамин тавр, даври ниҳоии VIII –умин Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia, дар 8 соли баргузории ин сабқат дар Русия, бузургтарин хоҳад буд. Хоҳишмандон аз тамоми гӯшаю канори дунё метавонанд, тариқи пахши мустақим сабқатро тамошо кунанд.

Сабқат дар доираи 7 касб баргузор мешавад: сохтмон ва технологияи сохтмонӣ; технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; эҷодкорӣ ва тарроҳӣ; технологияи истеҳсолӣ ва муҳандисӣ; бахши хизматрасонӣ; нақлиёт ва логистика; Future Skills (Малакаҳои оянда).

Даври ниҳоӣ дар коллеҷҳо ва ҳамчунин марказҳои байналмилалии баланд бардоштани салоҳият баргузор мешаванд. Саркоршиносон дар замони воқеъӣ тарзи баргузории сабқатро мушоҳида ва мувофиқи қоида гузаронидани онро идора мекунанд.

Баромади ширкаткунандагон тариқи барномаи вижаи технологӣ баҳогузорӣ мешавад. Низоми баҳогузориро ба чанд бахш тақсим мекунанд. Кори ширкаткунандагон аз ҷониби коршиносон дар минтақаи баргузории сабқат ё тариқи онлайн арзёбӣ мешавад. Он озмунҳое, ки баҳогузориашон тариқи онлайн ғайри имкон аст, ба воситаи эскпресс-почта ба Маркази идораи сабқатҳо дар Новокузнетск ё марказҳо дар Маскав ва Қазон равон карда мешаванд.

Дар баробари ин, барои меҳмонони барномаи «Билет в будущее» (Чипта барои оянда), барномаи вижаи дистансионӣ Try-a-- skill – «Попробуй себя в профессии» (Касби худро бисанҷ) роҳандозӣ мешавад. Ҳар хоҳишманд метавонад, дар сайёҳати маҷозӣ ва бо истифода аз фаъолиятҳои муосири онлайн қувваи худро бо ёрии бозиҳо ва вазифаҳои интерактивӣ аз ҷониби мураббиён, санҷад.

Ин табадуллот, ки баёнгари дигаргуниҳо дар низоми кори ҷаҳонӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ, натиҷаи фаъолияти якҷоя мебошад. WorldSkills Russia аз кай боз дар пажӯҳиш ва коркарди методҳои нави баргузории қаҳрамонии миллӣ ба таври дистансионӣ буда, аллакай аз ҷониби Вазорати маорифи ФР, мақомоти Кузбасс, Ожонси ташаббусҳои стратегӣ ва шарикон аз 50 ширкатҳои бонуффузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.

Даври ниҳоии Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia дар шакли дистансионӣ баргузор мешавад
WorldSkills Russia
Даври ниҳоии Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia дар шакли дистансионӣ баргузор мешавад

Кузбасс – яке аз майдонҳои бузургтарини истеҳсоли ангишт – маркази баргузории даври ниҳоии VIII-умин Қаҳрамонии миллӣ хоҳад шуд. Ин ҷо корхонаҳои бузурги саноатӣ ва металлургӣ мавҷуданд. Имрӯзҳо Кузбасс босуръат рушд мекунад ва дар заводҳо охирин технологияи замонавии сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ин минтақа мутахассисони сатҳи баланд лозиманд. Барои ҳамин баргузории даври ниҳоии Қаҳрамонии миллӣ – имконияти хубе барои муаррифӣ ба ҷавонон маҷмӯи пурраи ихтисосҳои корӣ хоҳад буд.

Ширкаткунандагони хориҷӣ чун анъана имкон доранд ба қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia ҳамроҳ шаванд, омӯзанд ва дар бархе аз озмунҳо ширкат кунанд. Дар доираи қаҳрамонӣ барои ширкаткунандагон аз кишварҳои Уросиё “имтиҳони уросиёӣ” баргузор мешавад.

"WorldSkills Russia дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои шарик дар сохтани низоми омӯзиши босалоҳият, ташкили қаҳрамониҳои малакаҳои касбӣ, инчунин эҷод ва таҳияи қарорҳои рақамӣ барои омӯзиш дорои таҷрибаи бой мебошад, - гуфт Роберт Уразов, директори кулли WorldSkills Russia. – Дар ҳоли ҳозир мо чунин низоми омода намудани мутахассисонро дар кишварҳои УрОсиё аз ҷумла ИДМ роҳандозӣ мекунем. Дар доираи ин корҳо мо тамринҳои муштараки пайваст ба марказҳои дистансионии русиягӣ ва захираҳои WorldSkills Russia ва муассисаҳои таълимӣ пайваст мебошанд. Ин равиш ба мо имкон медиҳад, ки технологияҳои таҳияшударо такмил диҳем, ба афзоиши муштарак ва минбаъд таъмин намудани бозори меҳнати маъмул бо кишварҳои ИДМ бо мутахассисони баландихтисос мусоидат намоем".

Тоҷикистон низоми таҳсилоти касбиро рушд медиҳад ва дар оянда нақша дорад ба WorldSkills пайваст шавад.  Феълан WorldSkills Russia бо ҳамкорони тоҷикаш таҷрибаи беҳтарини ҷорӣ намудани стандартҳои WorldSkills дар низоми таълими кадрҳоро, ки таҳияи он барои кишвар дар заминаи афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ аз вазифаҳои муҳим мебошад, роҳандозӣ мекунад. Дар нақша ҳаст, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони WorldSkills Russia тарҳи баргузории чорабиниҳо: ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-техникӣ ба роҳ монда шавад.

Формати нави баргузории сабқатҳо ва омӯзиш, ки аз ҷониби WorldSkills Russia коркард шудааст, ба баъзе аз дигаргуниҳои глобалӣ нигоҳ накарда, имкон медиҳад, бо Тоҷикистон ҳамкориҳои муассир идома дода шавад. Дар доираи даври ниҳоии VIII-умин Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia технологияҳои навтаъсисёфтаи рақамиро на танҳо дар сайтҳои худ, балки дар сайтҳои кишварҳои шарик низ месанҷад ва ба ин васила онҳоро такмил медиҳад ва ба ин ё он системаи миллии омӯзишӣ мутобиқ менамояд.

В рамках финала VIII Национального чемпионата WorldSkills Russia апробирует вновь разработанные цифровые технологии не только на своих площадках, но и на площадках стран-партнеров
WorldSkills Russia
Дар доираи Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia навгониҳои технологиро на танҳо дар майдонҳои худӣ, балки дар кишварҳои шарик низ озмоиш мекунанд.

Чун анъана кишварҳо ба иштирок дар қаҳрамониҳои миллии Русия оид ба малакаҳои касбӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, барномаҳои тозаеро, ки дар пажӯҳишгоҳҳои WorldSkills Russia омода мешаванд, дар низоми миллии омода намудани мутахассисон, роҳандозӣ кунанд. Ҳамин тавр, WorldSkills Russia таҷрибаҳои худро ҷаҳонӣ мекунад.

Имсол барномаи вижаи онлайн, ки аз ҷониби намояндагони WorldSkills Russia барои шарикони хориҷӣ муаррифӣ мешавад, ба баргузории сабқатҳои онлайн бахшида мешавад. Ширкаткунандагон аз 40 кишвари дунё чун нозирон ва коршиносони мустақил аб барнома пайваст карда мешаванд. Дар доираи ин барнома: сессияҳо бахшида ба формати нави баргузории қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia, бо истифода аз технологияи навтарин, тренинг оид ба баҳогузории мустақил бо стандартҳои WorldSkills дар шакли дистансионӣ; business talk дар бораи ҳамкориҳои ва муносибат бо шарикони саноатӣ ва ширкатҳо барои ташкил ва гузаронидани тренингҳо ва озмунҳои онлайн; сессия оид ба роҳандозии сабқатҳои дистансонӣ аз рӯи 7 гузаронида мешавад.

Шарту шароити замон низоми таълими касбиро зери шубҳа қарор дод. Ин шароитҳо марҳилаи нави беназири рушди онро муайян кард. Натанҳо баргузории қаҳрамониҳо ба таври дистансионӣ мегузарад, балки фаъолияти корӣ ва омӯзиш низ ва дар замина мудели нави фаъолият ва ҷои корро дар бозори меҳнат ба вуҷуд ме03,орад.

Кори мураттаб дар самти рушди WorldSkills дар Тоҷикистон низоми миллии омода намудани мутахассисонро ба сатҳи нав мебарорад ва ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисони ҷавон, ки барои таҳкими иқтисодиёти кишвар муҳиманд, мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, воситаҳои WorldSkills ба кишвар имкон медиҳанд, ки дар рушди захираҳои инсонӣ дар кишварҳои ИДМ ва фазои Иқтисодии УрОсиё дар ҳоли рушд қарор гиранд ва ба навгониҳо ҳамқадам шаванд.

Мусобиқот бо дастгирии ширкатҳои KNAUF, IEK, 1С, Элфорт баргузор мешавад.

Маълумоти бештарро аз торномаи  https://wsr.online  дарёфт кунед.

Шарики лоиҳа

127
Барчаспҳо:
қаҳрамонӣ, сабқат, Русия, ҷаҳон
Ронандаи фирорӣ Менглиев Журабек

Ронандаи фирорие, ки сабаби марги чаҳор нафар гардид, боздошт шуд

3269
(Таҷдидшуда 20:03 17.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи 32-сола, ки чаҳор пиёдагардро пахш намуда, сипас аз ҷои ҳодиса ёрӣ нарасонда фирор кардааст, боздошт шуд

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ин ҳодисаи мудҳиш санаи 6-уми августи соли равон, тахминан соатҳои 19:50-дақиқа, дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон сурат гирифтааст.

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки Менглиев Журабек, соли таваллудаш 1988, ҳангоми харакат дар ҳудуди роҳи автомобилгарди маҳаллаи аҳолинишини деҳаи Чинор, ҷамоати деҳоти Холматов, дар ҳолати мастӣ бо  автомашинаи “Опел-Астра”, суръати ҳаракати воситаи нақлиётро аз меъёри муқарраргардида зиёд намуда, бо қисми пеши автомобил сараввал ба як сар чорвои калони шохдор бармехӯрад, ва пас аз бархӯрд ба қисмати канори рости роҳ баромада, чор нафар аз пиёдагардон, сокинони деҳаи Чинорро бо қисми пеши автомобилаш зада пахш менамояд.

Гуфта шудааст, ки ин нафарон бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Дар ҳамин ҳол, ронанда Менглиев Журабек баъди рух додани садамаи нақлётии марговар нақлиёташро партофта ва ба ҷароҳатгирифтагон ёрӣ нарасонида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

ВУД Қайд кардааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур барои муайян намудани ронандаи фирорӣ аз ҷониби кормандони ШВКД корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳритуз як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуд.

“Дар натиҷа гумонбаршуда боздошт ва нисбаташ дар Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 212 қисми 5 ва 127 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии ҶТ оғоз карда шуд”, - зикр намудаст ВУД.

Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон тафтишоти ин ҳодисаро идома доранд.

3269
Барчаспҳо:
боздошт, пиёдагард, ёрӣ, фирор, ҳодиса, ронанда, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, Тоҷикистон
Бинои истиқоматӣ дар ноҳияи Ишкошим

Барои хизматчиёни давлатии Ишкошим бинои 12-миллионӣ сохта шуд - аксҳо

444
(Таҷдидшуда 18:13 16.08.2020)
Бино барои кормандони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардидааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар остонаи 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бинои нави истиқоматӣ, ба истифода дода мешавад.

Дар ин бора аз бахши таҳлилӣ-иттилоотии дастгоҳи раиси вилоят хабар медиҳад.

"Бинои мазкур барои кормандони мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ ҷудо гардида, аз 24 ҳуҷра иборат аст ва бо маблағи 11 миллиону 774 ҳазор сомонӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодааст", - омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, хонаҳои истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ ва тамоми таҷҳизоти зарурии рӯзгор сохта шуда, фармоишгари сохтмони мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Вахон ном ниҳоданд: ҳимояти Ҳукумат аз тағйири ном дар Ишкошим

Манбаъ афзуда, ки  Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон  сарпарасти соҳаи иқтисодӣ-иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Насрулло Маҳмудзода зимни сафари кории хеш дар вилоят ҳамроҳ бо муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Умедҷон Носирзода аз иншооти ҷашнии ноҳияи Ишкошим дидан намудааст.

444
Барчаспҳо:
хизматчиёни давлатӣ, бинои истиқоматӣ, ВМКБ, Ишкошим
Река Кофарниган, архивное фото

Наврӯз нагуфт, ки ӯро Шаҳзода оташ зад: ҷузъиёти ишқи сӯзон дар Ваҳдат-видео

458
(Таҷдидшуда 21:13 23.09.2020)
Наврӯз Раҷабов ба Шаҳзода Шамсиева зарфи сӯзишворӣ дода, гуфтааст, ҳар коре бихоҳад бо ӯ анҷом диҳад, то дилаш ором шавад

ДУШАНБЕ, 23 сен – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, 26 - уми августи соли ҷорӣ, дар деҳаи Шаҳдбори шаҳри Ваҳдат, дар соҳили дарёи Кофарниҳон Шамсиева Шаҳзодаи 21-сола, дӯстдоштааш Наврӯз Раҷабови 25-соларо оташ задааст.

Наврӯз худаш ба Шаҳзода сӯзишворӣ дода гуфтаст, ҳар коре хоҳад бо ӯ бикунад

“Аз пушти мошин, бақлашкаи бензинро қатии зажигалка гирифта, дар дастам доду гуфт ин марҳамат чӣ кореям кунӣ, бикун, то дилат хунук шудана. Росто истода ин марҳамат гуфт. Ман ҳам бақлажка дар дастам, аз тори санг истода, болояш рехтам. Басай фиреб гуфтам, то кай фиреб мекунӣ, гуфтам, ин сӯ нигоҳ кун, ки зажигалкаро гирён кардаму оташ сӯяш давид”, - тавзеҳ дод Шаҳзода ҳодисаро.

ВУД мегӯяд, ҷабрдида содиркунандаи ин ҷиноятро пинҳон медошт, аммо кормандони милиса муайян кардаанд, ки ин корро Шаҳзода кардааст.

Наврӯз баъди сӯхтан ба Шаҳзода гуфтаст, ки ба касе чизе нагӯяд-видео

Шаҳзода дар гузориши ВУД изҳор дошт, ки Наврӯз дар роҳ ба ӯ гуфт, “рост ба хона рав, ба телефони ҳеч кас ҷавоб надеҳ, маро надидаӣ, намедонӣ”.

Шаҳзода изҳор доштааст, ки Наврӯз Раҷабов ба зиндагии осоиштаи ӯ дахл карда, сабабгори вайрон шудани оилааш шудааст.

Ба иттилои ВУД феълан аз рӯи ин ҳодиса алайҳи Шаҳзода парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

458