Қолини “Рекордҳои Гиннес” дар Душанбе намоиш дода шуд

15
(Таҷдидшуда 15:29 15.12.2014)

ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Бузургтарин қолини дастбофи эронӣ, ки шомили китоби "Рекордҳои Гиннес" аст, дар Душанбе ба маърази тамошо гузошта шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Ин қолин дар намоишгоҳи қолинҳои дастбофи эронӣ, ки рӯзҳои 13-14 декабр дар шаҳри Душанбе барпо гардид, ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Намоишгоҳ бо ибтикори "Persian carpets" (Қолинҳои форсӣ") дар толори меҳмонхонаи "Тоҷикистон"-и шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Тавҳиди Халидманд, масъули ширкати "Persian carpets" ба Озодӣ гуфтааст, дар намоишгоҳ, ки бори аввал сурат мегирад, ҳамроҳ бо бузургтарин қолини дастбофи эронӣ ҳудуди 200 қолини дигар намоиш дода мешавад.

"Дарозӣ ва паҳноии қолин 10 бар 16 метр аст,  ки дар маҷмӯъ 160 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин қолинро 50 тан аз қолинбофони дастбофи эронӣ муддати 15 сол дуруст кардаанд", — гуфтааст Халидманд.

Вазни ин қолин ним тонна ё 500 килограм аст, ки он ба китоби "Рекордҳои Гиннес" ҳамчун бузургтарин қолини дастбоф шомил шудааст.

15
Барчаспҳо:
намоиш, "Рекордҳои Гиннес", Persian carpets, Тавҳид Халидманд, Эрон, Душанбе, Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1276
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1276
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

528
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

528
Хабиб Нурмагомедов

Хабиб зидди Гетҷи: навори пурраи муҳориба

0
(Таҷдидшуда 03:27 25.10.2020)
Ҳабиб Нурмуҳаммадов бори дигар дар майдон пирӯзӣ ба даст овард ва ба Ҷастин Гетҷи имкон надод, ки бар ӯ дастболо шавад

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Мубориза миёни ду варзишгар хеле шадид оғоз шуд ва Нурмуҳаммадо бошад аз усулҳои маъмулаш кор мегирифт. Гетҷи низ аз худ маҳорат нишон дода, ба ҳамлаҳои Ҳабиб ҷавоб медода ва ҳатто як-ду лаҳзаи хатарнокро низ ба вуҷуд овард.

Дар даври аввал Ҳабиб аз рақибаш бартарӣ дош.

Марҳилаи дувуми панҷ дақиқагӣ низ ба ҳамин монанд оғоз ёфт - Нурмагомедов рақиби худро фишор дод, аммо табодули шадиди муштзанӣ ба вуқӯъ наомад

Паҳлавони Доғистон кӯшиш кард, ки рақиби худро бо услуби ғайриоддӣ зарба зада, аммо дар охир аз усули анъанавияш кор гирифт.

Пас аз 1,5 дақиқаи даври дуюм, Хабиб Гетҷиро ба кунҷи майдон афтонид ва ҳангоми талоши раҳоӣ кардани ҳарифаш ӯро буғӣ кард. Дар натиҷа Гетҷи мағлубиятро пазируфт ва ғолибият насиби Ҳабиб гашт.

Пас аз анҷоми муҳориба ӯ гуфт ғалабаашро ба падари марҳумаш мебахшад ва аз внҷоми корномаи варзишияш хабар дод.

Уқоб боз болои қулла аст: Ҳабиб Гетҷиро бо усули "буғӣ" шикаст дод-видео

Ӯ гуфт, ба модараш ваъда додааст, ки ин охирин муҳорибааш хоҳад буд.

0