Расонаҳо: мутахассисин аз супоридани санҷиши забони русӣ озод мешаванд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСанҷиш барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Санҷиш барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мутахассисини варзида, кормандони арсаи илм ва эҷодиётро эҳтимолан аз супоридани имтиҳони донистани забони русӣ, таърих ва ҳуқуқ озод мекунанд.

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Озод намудан аз санҷиши забони русиро вазорати фарҳанги Русия ба шахсиятҳои фарҳангии хориҷӣ пешниҳод мекунад, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Известия".

Аз соли ҷадиди мелодӣ муҳоҷирони корӣ муваззафанд аз забони русӣ, асосҳои таърих ва ҳуқуқ имтиҳон супоранд. Вале эҳтимол дорад, барои мутахассисини варзида, кормандони бахшҳои фаннии манотиқи озоди иқтисодӣ гузаштҳо ироа шавад.

Тағйирот дар қавонин имкон медиҳанд, ки кормандони эҷодкори хориҷӣ баробари мутахассисони варзида дониста шаванд.

Дар вазорати фарҳанг зикр карданд, ки муқаррароти феълӣ дар ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ дар мавриди даъвати коргардонҳои ҳирфаӣ, дирежерҳо ва мутахассисони дигари арсаи санъат ва эҷодиёт барои анҷоми корҳои муввақатӣ дар муаассисаҳои Русия душвориҳо эҷод мекард.

"Барои мо зарур нест, ки афроде ки барои ба саҳна гузоштани балет ба Русия меоянд, имтиҳони забони русӣ супоранд, ин ҳадафманд ва мантиқӣ нест", — мегӯяд мудири бахши фаъолияти қонунгузории вазорати фарҳанг Нигина Умарова.

Вай умедвор аст, ки ин тағйирот аллакай дар соли ҷорӣ тасвиб хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0