Ҳаводорони “Левиафан” ба ин филм беш аз 1 миллион рубл интиқол карданд

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкНаворе аз филми "Левиафан"-и А.Звягинтсев
Наворе аз филми Левиафан-и А.Звягинтсев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаводорони филми “Левиафан”-и Андрей Звягинтсев ба фоидаи ин филм беш аз 1 миллион рубл интиқол кардаанд ва ҷамъоварии маблағ 5 феврал, замоне, ки ин филм ба намоиш гузошта мешавад, анҷом меёбад.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ҳаводорони филми Андрей Звягинтсев "Левиафан" тавассути сойти вижа ба суди ин филм беш аз як миллион рубл интиқол кардаанд ва ҷамъоварии маблағ 5 феврал — рӯзи оғози намоиши ин филм анҷом меёбад, хабар медиҳад РИА Новости.

Қаблан расонаҳо гузориш дода буданд, ки сармоягузори мустақил Вячеслав Смирнов ба далели тавзеъи ғайримуҷози ин филм дар шабакаҳои интернетӣ, ки як моҳ қабл аз намоиши расмии он рух дод, ҷамъоварии маблағ барои тими таҳиягарони ин филмро эълом карда, алайҳи сирқати он изҳори назар кард.

Феълан, тибқи ҳисобкунаки ин сомона, бештар аз 1 миллион рубл барои филм ҷамъоварӣ шудааст. Ҳар сония ин маблағ афзоиш меёбад. Ҷамъоварии он 5 феврал, замоне ки филми "Левиафан" ба намоиши расмӣ мебарояд, анҷом меёбад.

Дар навбати худ таҳиягарони филм изҳор доштанд, ки барои ин иқдоми Смирнов сипосгузоранд ва маболиғи ҷамъоваришударо дар ниҳоят ба сандуқи "Ҳаётро ҳадя кун" тақдим мекунанд.

Ҷоизадори ҷашнвораи Канн- филми "Левиафан" миқдори қобили тавваҷӯҳи ҷашнвораҳои аврупоиро ҷамъ кардааст, аз ҷумла, "Гран-при" ё "Шоҳҷоиза"-и ҷашнвораи 58-уми Лондон, Гран-прии ҷашнвора дар Мюнхен, ҷоизаи аслии ҷашнвораи филмҳо дар Паличеи Сербистон, ҷоизаи "Золотой глобус"-ро соҳиб шудааст.

"Левиафан" барои ҷоизаи бритониёии BAFTA ва ҷоизаи Оскар низ пешниҳод шудааст.

Лентаи хабарҳо
0