Празднование Навруза. Архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон рамзи “Наврӯз”- ро тасдиқ кард

242
(Таҷдидшуда 11:05 05.02.2015)
Ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ҷашн аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода шавад.

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ангора ё рамзи Наврӯз аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тасдиқ шуд ва минбаъд ҳамчун рамзи ин ҷашн кор бурда мешавад, менависад сомонаи расмии президент.

Ангораи наврӯзӣ дар айёми тантанаҳои наврӯзӣ метавонад чун рамзи ҷашн аз ороишоти асосии наврӯзгоҳҳо ва ба сифати нишонҳои сарисинагӣ истифода шавад.

"Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами кишвар, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли курраи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст", — навиштааст сомона дар тавсифи рамз.

Символ Навруз - 2015
Официальный сайт Президента РТ
Символ Навруз - 2015
242
Барчаспҳо:
ангора, рамз, Наврӯз, тасдиқ, таҷлил, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176

Тоҷикистон аз ҷиҳати нерӯи барқи арзон минёи кишварҳои ИДМ яке аз пешсафон эълон шуд

0
Ҳукумати Қирғизистон арзиши миёнаи тарифҳои барқро дар кишварҳои ИДМ ҳисоб кардааст, ки пастаринаш дар ин кишвар ва баландтаринаш дар Русия ва Белорус будааст

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Омори нархҳои барқ ​​дар кишварҳои ИДМ дар гузориши ҳукумати Қирғизистон ҷамъбаст карда шуд.

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Дар иттилоияи ин ниҳод гуфта мешавад, ки дар кишварҳои ИДМ таносуби манбаъҳои истеҳсоли нерӯи барқ ​​гуногун аст, ки ин ба арзиши истеҳсоли он бевосита таъсир мерасонад.

Фармони Раҳмон: нархи неруи барқ, об ва алоқа то охири соли 2020 баланд намешавад

Гуфта мешавад, то санаи 19 сентябри соли 2020 бо доллари ИМА, тарифи барқ ​​дар Қирғизистон аз ҳама пасттарин - 0,01 доллар барои 1 кВт / соат аст.

Тоҷикистон ва Узбакистон низ аз рӯи нархномаҳо миёни пешсафон қарор доранд, ки барои 1 кВт / соат 0,02 доллар пардохт мекунанд.

Аммо Русия ва Беларус дар байни кишварҳои ИДМ ба кишварҳое табдил ёфтанд, ки тарифҳои гаронтарин доранд: дар он ҷо сокинон бояд барои як киловатт дар як соат то 0,1 доллар пардохт кунед.

Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт

Ин аз он сабаб аст, ки дар Русия ва Беларус нерӯи барқ ​​асосан дар нерӯгоҳҳои ҳароратӣ тавлид мешавад, ки нисбат ба гидроэнергетика хеле гаронтар аст.

0
Барчаспҳо:
нарх, барқ, Қирғизистон, Тоҷикистон