Kremlin Gala Ситораҳои балети асри XXI

Намоиши солистони “Кремлевский балет” дар Душанбе сурат мепазирад

18
Дар толори Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ асари Пётр Илич Чайковский “Маликаи хуфта ” ба намоиш гузошта мешавад.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар толори Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ асари Пётр Илич Чайковский "Маликаи хуфта " ба намоиш гузошта мешавад, иттилоъ медиҳад Авеста.

Ин барнома бо иштироки солистони опера ва балети "Кремлевский балет"- шаҳри Маскав, Михаил Евгенов ва Ирина Аблитсова, Дирижери Театри давлатии академии опера ва балети шаҳри Челябинск ба номи М. Глинка Губанов Вячеслав Вячеславович баргузор мегардад.

"Барномаро дирижёри оркестр Вячеслав Губанов, дирижёри театри давлатии академии шаҳри Челябинск роҳбарӣ хоҳад кард",- афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, намоишнома рӯзҳои 27 ва 28-уми феврали соли ҷорӣ дар толори театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ баргузор мешавад.

18
Барчаспҳо:
намоишнома, Маликаи хуфта, Кремлёвский балет, театри опера ва балети ба номи Айнӣ, Михаил Евгенов, Губанов Вячеслав, Маскав, Челябинск, Душанбе, Тоҷикистон
Паломничество в Мекку

Сафари Ҳаҷҷи умра боз ба таъхир гузошта шуд: то моҳи март

564
(Таҷдидшуда 20:44 14.01.2021)
Хуруҷи каронавируси навъи нав ё “вируси бритонӣ” дар як қатор аз кишварҳои ҷаҳон, сабаби мутаваққиф шудани сафари шаҳрвандон барои адои Ҳаҷҷи умра шудааст

ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Қарор буд, дар нимаҳои дуюми моҳи январи соли ҷорӣ аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ҳаҷҷи умра раванд, аммо бо сабаби хуруҷи каронавируси навъи нав ё “бритонӣ” сафар ба таъхир монда шудааст.

Абдулмаҷид Зокиров, масъули ширкати сайёҳии "Расулсохтмон", рӯзи 14 январ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, кишвари Арабистони Саудӣ дар бораи чунин таъхиргузорӣ дар қабули зиёраткунандагон, рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳои ахбори умум эълон кардааст.

“Хуруҷи “вируси бритонӣ” масъулини кишвари Арабистони Саудиро андаке ба ташвиш гузоштааст, онҳо аз нав дарҳоро бастаанд. Ҷониби Арабистон тавассути расонаҳои ахбори умум иттилоъ нашр кардаанд, ки аз охирҳои моҳи март ба қабули зиёраткунандагон шурӯъ хоҳанд кард”,-гуфт намояндаи “Расулсохтмон”.

Масъулони Вазорати Ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ баъди таъхири чандвақта, моҳи декабри соли гузашта эълон намуда буданд, ки сар аз моҳи 6 уми солшумории қамарӣ, ки ба нимаҳои дуюми моҳи январи соли 2021 рост меояд, ба қабули шаҳрвандони Тоҷикистон, барои зиёрати шаҳрҳои муқаддаси Ислом - Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шурӯъ мекунанд.

Абдулмаҷид Зокиров иброз намуд, ки сафарбаршавии сокинон барои Ҳаҷҷи умра аз қабули масъулини Арабистони Саудӣ вобаста аст, бо сабаби вазъи беҳдоштӣ мутафаққиф мешавад.

“Мо танҳо аз беҳтаршавии вазъи саросарии беҳдоштӣ умедвор буда, то он рӯз сабр мекунем.  Агар дар ин миён то охирҳои моҳи март, ягон хабари хуш расад, ҳатман мардумро огоҳ мекунем”, - зикр кард Зикров.

Сафарбаршавии сокинони кишвар барои Ҳаҷҷи умра аз суи ширкатҳои сайёҳии "Расулсохтмон" ва "Ормон" роҳандозӣ мешавад. Вазорати Ҳаҷҷи кишвари Арабистон синну соли зиёраткунандаҳоро бо сабаби хуруҷи бемории ҳамагири COVID-19, маҳдуд намуда эълон намуд, ки танҳо, барои аз 18 то 50 - солаҳо барои сафар ба ин кишвар иҷозат дода мешавад.

Дар пайи хуруҷи бемории ҳамагирии коронавирус ва сабти он дар Арабистони Саудӣ, ин кишвар баҳори соли гузашта сафари зоирин ба шаҳрҳои муқаддаси Исломро манъ намуд ва барои аввалин бор, соли 2020 маросими Ҳаҷ баргузор нагардид. Моҳи ноябри соли 2020 баъди таваққуфи чандмоҳа Арабистони Саудӣ феҳрасти кишварҳоро нашр кард, ки сафари шаҳрвандони онҳо дар ин кишвар рухсат шудааст.

Дар ин руйхат кишварҳои қораи Осиё, мисли Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Озарбойҷон ва давлати Белорус шомил буданд.

Сафари шаҳрвандони давлатҳои Эрон, Миср, Қатар, Италия Қирғизистон, Кувейт, Русия, Англия ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ба Ҳаҷҷи умра ба таври муваққат манъ гуфта мешуд.

Нимаҳои моҳи декабри соли 2020 табибон дар бораи сирояти навъи ҷадиди коронавирус дар кишварҳои Британия иттилоъ дода гуфтанд, ки вируси мазкур аз COVID-19 наздики 70 дарсад хавфноктар аст ва суръати паҳншавии он низ бамаротиб фарқ мекунад.

Дар гузашта аз Тоҷикистон ҳазорҳо нафар, барои зиёрати маконҳои муқаддаси Ислом ба кишвари Арабистони Саудӣ сафар мекарданд.

564
Барчаспҳо:
ҳоҷиён, Арабистон, ҳаҷҷи умра, Тоҷикистон
Раскопки городища Тахти-сангин (ХРАМ ОКСА)

Пешниҳоди Тоҷикистон ба ЮНЕСКО дар бораи "Тахти Сангин"-и ноҳияи Қубодиён

228
(Таҷдидшуда 19:20 12.01.2021)
Тоҷикистон ба ЮНЕСКО пешниҳод кардааст, ки 2500 - солагии ёдгории Шаҳристони "Тахти Сангин" - и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ворид намояд

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ба ЮНЕСКО пешниҳод намуданд, ки 2500 - солагии ёдгории Шаҳристони "Тахти Сангин" - и ноҳияи Қубодиёнро ба рӯйхати ҷашнҳо ва бузургдоштҳое, ки созмон солҳои 2022 - 2023  дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мекунад, ворид намояд, иттилоъ додааст рӯзномаи "Ҷумҳурият".

"Ҳуҷҷатҳои лозима, аллакай, ба  ЮНЕСКО пешниҳод шудаанд. Агар дархости мо пазируфта шавад, соли 2022  - ум 2500 - солагии ин ёдгории нодир дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил хоҳад шуд", - иттилоъ додааст Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ.

Гуфта шудааст, ки маҳз ба ҳамин хотир қарор аст, дар соли 2021 калонтарин экспедитсияи бостоншиносӣ дар мавзеи "Тахти Сангин" роҳандозӣ шавад.

Шаҳристони "Тахти Сангин" ёдгории нодири асрҳои lV то милод – III милодӣ буда, дар баробари Қалъаи Ҳисор, Дайри буддоии Аҷинатеппа, мадрасаи Хоҷа Машҳад ва шаҳри Ҳулбук барои ворид шудан ба Феҳристи ҷаҳонии фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.

228
Барчаспҳо:
пешниҳод, рӯйхат, Шаҳристон, Қубодиён, ЮНЕСКО, Тоҷикистон

Эмгузаронии оммавӣ алайҳи COVID-19 дар Русия оғоз мешавад-навор

0
Дар Русия аз ҳафтаи оянда, эмгузаронии оммавӣ алайҳи коронависрус оғоз мешавад. Президенти Русия, Владимир Путин дар ин бора ҳукумати кишварашро муваззаф кардааст

Раисиҷумҳури Русия зимни дастури эмгузаронии оммавии аҳолӣ таъкид карда буд, ки ваксинаи русӣ алайҳи коронавирус шароити хоси интиқолро талаб намекунад ва зарур хонд, ки инфрасохтори зарурӣ ҳарчӣ зудтар фароҳам шавад.

Ваксинаи “Sputnik V” аллакай дар бисёр кишварҳои ҳамсоя истифода мешавад. Аз ҷумла дар як пойгоҳи низомии Русия дар Арманистон, ҳайати шахсӣ бо ин ваксина эмгузаронӣ шуданд.

Таъкид мешавад, ки дар ваксинагузаронӣ ҳама чиз ихтиёрӣ, бо розигии хаттии ҳайати низомӣ ва ҳам дигар гуруҳи шаҳрвандон сурат мегирад.

Дар Беларус "Sputnik V"-ро аввалин шуда, табибон гирифтанд.  Баъдтар, дар саросари ҷумҳурӣ беш аз 5,5 миллион нафар эм карда мешаванд.

Дар Қазоқистон ваксинагузаронӣ ҳанӯз оғоз нашудааст, аммо дар Караганда истеҳсоли доруи Русия аллакай дар авҷ аст. 

Дар Украина низ ба "Sputnik V" таваҷҷуҳ доранд. Онҳо аллакай ба ҷамъоварии имзоҳо барои сабти ном ва истеҳсоли ваксинаи Русия шурӯъ кардаанд.

Bloomberg самаранокии ваксинаи русии "Спутник V" -ро тасдиқ кард

Барои онҳое, ки имкони эмгузаронӣ ҳанӯз ба даст наомадааст, хабари хуш низ ҳаст: Озмоишҳои иловагии пӯсти тӯс барои пешгирии коронавирус ба анҷом расиданд. Даво аз ҷониби олимони ёқутистонӣ сохта шудааст. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки он хавфи бемориҳоро кам мекунад ва инчунин раванди барқарорсозиро осон месозад.

0
Барчаспҳо:
вируси корона, беморӣ, навор, Русия, Русия