Акбарали Сатторов. Архивное фото

Акбаралӣ Сатторов: Матбуоти тоҷик рисолати касбияшро иҷро менамояд

16
(Таҷдидшуда 12:04 11.03.2015)
Вай дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳамкасбон, ҳамқаламон, шарикон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно кардааст.

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар паёми табрикие тамоми рӯзноманигорон ва кормандони ВАО-и кишварро ба Рӯзи матбуоти тоҷик шодбош гуфтааст.

Дар матни ин табрикот аз ҷумла гуфта мешавад, ки дунёи зудтағйирпазири пуртазод имрӯз дучори буҳрони шадиди маънавист. Иттилоот чун манбаи асосии ташаккули тафаккур ва инкишофи ҷомеа қимати худро аз пештара бештар афзун намудааст.

"Даргириҳои минтақавӣ, авҷи ҷудоихоҳӣ ва аз самти муқобил томгароии комил рӯз аз рӯз ба кору фаъолияти Васоити ахбори умум таъсири амиқ мегузоранд. Дар чунин ҳолат кормандони ВАО бо мушкилиҳои хатарзо рисолати хешро иҷро менамоянд. Боиси таассуф аст, ки қатл ва таҳдиди журналистон аз ҷониби гуруҳу шабакаҳои тундгаро ва экстремистӣ пайваста сурат мегиранд. Ин боиси коҳиши озодии виҷдон, сухан ва дастрасии ВАО ба иттилооти муътамад мегардад", —  мегӯяд Акбаралӣ Сатторов.

Ҳамзамон, буҳрони иқтисодӣ, афзоиши қимати маводи чопӣ, таҳоҷуми иттилоотӣ ба матбуоти катбӣ Васоити ахбори умумро барои адои хизмати касбӣ сади роҳ гаштааст. Ин равандҳо аз кормандони ВАО ваҳдати касбӣ, ҳамраъйӣ, ҷасорату шуҷоат, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти баланди ҳирфаиро тақозо менамоянд, афзудааст раиси Иттифоқи журналистон.

"Боиси хушнудист, ки матбуоти тоҷик сарфи назар аз чунин мушкилот ва монеаҳо рисолати касбияшро сарбаландона иҷро менамояд", — боварӣ дорад Сатторов.

Вай дар Рӯзи матбуоти тоҷик барои ҳамкасбон, ҳамқаламон, шарикон ва кулли ҳаводорони матбуот пирӯзиҳои касбӣ, сарбаландӣ, тансиҳатӣ ва эҷоди созанда таманно кардааст.

Дар ин рӯзҳо 103 муқаддам нахустин нашрияи тоҷикӣ дар Бухоро бо номи "Бухорои шариф" ба нашр расид. Баъд аз соҳиб шудан ба истиқлолият, Иттифоқи рӯзноманигорон ин рӯзро ба ҳайси рӯзи матбуоти тоҷик интихоб кард. Ҳамасола дар ин сана аз кормандони ВАО қадр мешавад. Иттифоқи рӯзноманигорон ба кормандони пешгом ва ҷасур ҷоиза тақдим менамояд. Баландтарин ҷоиза дар Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ҷоизаи "Лоҳутӣ" аст, ки он ҳам дар ин рӯз тақдим мешавад.

16
Барчаспҳо:
103 солагӣ, ҷашн, табрикот, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Акбаралӣ Сатторов, Тоҷикистон