Дар Хуҷанд дар 70 нуқта суманак таҳия мекунанд

© Sputnik / Марина Маковецкая / Гузариш ба медиабонкСокинони ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон барои Наврӯз суманак омода мекунанд
Сокинони ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон барои Наврӯз суманак омода мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати шаҳри Хуҷанд баргузории чорабиниҳои идонаро дар 22 маҳалла ба нақша гирифтааст. Барои омода кардани “суманак” ғизои асосии Наврӯз 70 дег гузошта мешавад.

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Дар маркази устони Суғд, шаҳри Хуҷанд дар рӯзҳои баргузории иди "Наврӯз" 70 деги бузурги суманак гузошта мешавад, менависад ОИ Авеста.

Ба иттилои маъмурияти ҳукумати шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи 22 маҳалла чорабиниҳои идона бахшида ба Наврӯз ба нақша гирифта шудааст.

Гуфтанист, ҷиҳати омода кардани суманак тамоми маҳсулот ва ашёи заруриро ҳукумати шаҳр ҷудо кардааст.

Чорабиниҳои идонаи Наврӯзӣ шурӯъ аз 21 март дар кулли муассиса ва идораҳои шаҳр сурат мепазиранд.

Лентаи хабарҳо
0