Партовгоҳ. Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Хуҷанд то Наврӯз шаҳрро тозаву озода мекунад

49
(Таҷдидшуда 17:21 17.03.2015)
Кормандони коммуналии шаҳр бо реҷаи изтирорӣ фаъолият мекунанд. Ҳар рӯз аз маркази маъмурии устони Суғд ҳудуди 300 мукааб партов берун бароварда мешавад.

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Ҳукумати Хуҷанд тасмим дорад то Наврӯз шаҳрро тозаву озода карда партовҳоро аз он ҷо ба куллӣ берун барад, менависад ОИ Авеста.

Аз ин рӯ, ба ҳисоби миёна ҳар рӯз аз маркази маъмурии вилояти Суғд ҳудуди 300 мукааб партов берун бароварда мешавад. Кормандони бахши коммуналӣ бошанд дар ҳолати изтирорӣ фаъолият доранд.

Партовҳои маишӣ аз шаҳр ба беруни он интиқол ёфта, дар 17 километрии дуртар аз Хуҷанд нобуд карда мешаванд. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳр 83 нуқтаи партовпартоӣ насб шудааст.

"Дар арафаи таҷлили Наврӯз шаҳр комилан аз партов ва дигар ашёи нозарур тоза карда мешавад",- иброз доштанд дар ҳукумати Хуҷанд.

Ба қавли масъулини ҳукумати вилояти Суғд ҷашни байналмилалии Наврӯзи бостон дар Хуҷанд дар сатҳи баланд баргузор хоҳад шуд.

 

49
Барчаспҳо:
шаҳрро тоза мекунанд, партовҳо, таҷлили Наврӯз, шаҳри Хуҷанд, ҳукумати вилояти Суғд, Хуҷанд, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

125
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

125
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176

Дар Чин дояи боғчаро барои заҳролуд кардани кӯдакон эъдом карданд

0
(Таҷдидшуда 15:59 29.09.2020)
Додгоҳи халқии музофоти Хенан, тарбиятдиҳандаи яке аз боғчаҳои кӯдакона дар шаҳри Сзяосзоро ба қатл маҳкур кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Ван Юн сокини музофоти Хенан мебошад, ки дар яке аз боғчаҳои кӯдакона ба ҳайси муррабӣ кор мекард.

Ӯро бо ҷурми заҳролудкардани як гурӯҳ тарбиятгирандаҳои боғҷа ба қатл маҳкум намуданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Миёни Ван Юн ва Сун ном мурабии дигари боғча нофаҳмие сар зад ва якумӣ баро қасд гирифтан аз ҳамтои худ кӯдакони гурӯҳи ӯро заҳролуд кард.

Парвиз Мушарраф ба ҳукми қатл маҳкум шуд

Юн дар хӯроки кӯдакон нитрити натрийро илова кард, ки дар натиҷа ҳамаи 25 тарбиятгиранда заҳролуд шуда, фавран ба бемористон интиқол ёфтанд.

Манбаъ менависад, пизишкон ҷони як кӯдакро наҷот дода натавонистанд.

Дар робита ба ҳамин қазия, додгоҳ Юнро бо роҳи маҳрум намудан аз зиндагӣ ҷазо дод.

0
Барчаспҳо:
эъдом, боғча, Чин