ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Намоишномаи "Хотироти як девона", ки аз ҷониби коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов дар Бишкек ба маъраз гузошта шуда буд, ҷоизаи "ЭРГУУ" дар бахши "Беҳтарин намоиш" ва "Беҳтарин нақши мардона"-ро соҳиб гардид, иттилоъ медиҳад сайти Вазорати фарҳанги Қирғизистон.
Маросими эътои ҷоиза 27 март дар рӯзи ҷаҳонии театр дар пойтахти Қирғизистон сурат пазируфт.
"Барзу- яке аз беҳтарин ва саршиностарин таҳиягарони муосир аст. Ӯ андешагаро ва меҳвари театри имрӯз аст. Мо ҳамеша бо ӯ фахр мекунем, эҷодиёти ӯро қадр менамоем",- гуфтааст коргардони қирғиз Темир Бирназаров.
Бояд қайд кард, ки соли гузашта Вазорати фарҳанг ва Анҷумани фаъолони театри Қирғизистон барои беҳтарин ҳунари коргардонӣ дар 5 соли охир ба Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик ҷоиза дода буд.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Филми "Парвонаҳо" ("Мотыльки") - и коргардони ҷавон Дилшод Авазов дар шаҳри Қазони Русия сазовори ҷоизаи Кинофестивали байналмилалии "Зилант" шуд, иттилоъ додааст сомонаи расмии Кинофестивали байналмилалӣ.
Филм дар бораи духтаре қисса мекунад, ки дигарон барояш роҳу равиши зиндагиро таъйин мекунанд ва ин ба сарнавишти ӯ бетаъсир намемонад.
Наворбардори ин филм Пайрав Шарифов будаааст.
Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.Дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон "Зиланд" ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.
Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯсташ ба навор гирифтааст.
ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Суннатулло Ҷонбобоев, роҳбари марказ, иттилоъ додааст, ки ҷилд бахшеро дар бар мегирад, ки дар илми тиб бо номи "Карободин" (фармакопия) машҳур аст.
"Китоб аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисми аввал оид ба доруҳои мураккаб сухан меравад. Дар қисми дуюм доруҳои мураккаб аз рӯи навъашон тақсим шуда, таркиб, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифодаи дурусти онҳо нишон дода шудааст. Қисми сеюм, доруҳои мураккаби санҷидашударо фаро мегирад", - таъкид доштааст Суннатулло Ҷонбобоев.
Дар китоб бемориҳо, сабаб ва зиёне, ки ба бадани инсон мерасонанд, шарҳи комил ёфтаанд, - гуфт Ҷонбобоев.
Дар асар мавриди бисёр бемориҳо андешаҳои илман асоснок ҷой шудаанд, ки то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд.
Кормандони марказ, ҳамчунин, бори аввал рисолаҳои "Китоб - уш – шифо", "Ҷадал", "Хитоба", "Суфастоӣ" ва "Фанни шеър" - и Абуалӣ ибни Синоро аз арабӣ ба забони русӣ тарҷумаву нашр намуданд.
Тарҷумаи тоҷикии онҳо рӯзҳои наздик дастраси хонандагон мегардад.
Соли 1665 дар Лондон аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон маҷаллаи "Асарҳои файласуфонаи ҷомеаи шоҳигарӣ" нашр шуд.
Соли 1834 дар Канада шаҳри Йорк ба Торонто тағйири ном кард.
Соли 1902 клуби футболи "Реал" (Мадрид) таъсис дода шуд.
Соли 1960 дар Швейтсария ба занон ҳуқуқи дар интихоботи мунитсипалӣ иштирок намудан дода шуд.
Соли 1994 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Молдова барои ба даст овардани истиқлолияти мамлакат овоз доданд.
Соли 2009 ВАО хабар доданд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Равзанаи ягона» оид ба тартиби раванди воридоту содирот сохта шуд.
Соли 2010 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръакашии мусобиқоти Ҷоми президенти КФО баргузор гардид, ки дастаи "Вахш"-и Тоҷикистон ба гурӯҳи "В" шомил шуд.
Соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулода ва мухтори Туркманистон, Куба, Ҷумҳурии Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Словакия, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Судон, Ҷумҳурии Кипр ва Гурҷистон эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон бинои нави сохтмонаш анҷомёфтаи Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактикаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба сохтмони бинои нави маъмурии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва се хобгоҳи иловагӣ барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
Соли 1928 - доктори илмҳои филология, профессор Расул Ҳодизода.
Соли 1938 - шоир Одина Мирак.
Соли 1945 - иқтисодшинос Муртазо Қаҳҳоров.
Соли 1969 - сорояндаи маъруфи тоҷик Парвин Юсуфӣ.