Яке аз майдонҳои Ал-Кувайт. Акс аз бойгонӣ

Дар Кувайт бори аввал Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд

21
Рӯзҳои фарҳанг дар чаҳорчӯби 20-умин солгард аз барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар доир гардид.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnuk. Рӯзҳои фарҳанг дар чаҳорчӯби 20-умин солгард аз барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар доир гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ "Ховар".

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар яке аз бузургтарин театрҳои пойтахти Кувайт гузашт ва дар он тақрибан 600 нафар, аз ҷумла, раиси Шӯрои илму фарҳанг Кувайт Алӣ Юбҳа, муовини вазири тиҷорат Самира Ғариб, вакилони парлумон, дипломатҳои маҳалливу сафирони аксари кишварҳо ҳузур доштанд.

Ба иттилоъи Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, дар чаҳорчӯби Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллии тоҷикӣ ба шумули таомҳои наврӯзӣ, аз қабили сумалаку нонҳову ҳалвоҳои тоҷикӣҳам сурат гирифт ва бештари меҳмонҳо ҳатто нонҳои тоҷикиро бо худ чун армуғон бурданд.

Ҳамчунин, дар макони баргузории Рӯзҳои фарҳанг намоиши асарҳои рассоми шинохтаи тоҷик Фаррух Неъматзода ҳам доир шуд. Меҳмонон бо либосу пироҳанҳои тоҷик ҳам ошно шуда, аз намоишгоҳи китобҳои тоҷикӣ дидан карданд.

Манбаъ афзуд, дар интиҳо консерти ҳунарманди гурӯҳи "Дарё" Нигина Амонқулова ва гурӯҳи рақсии "Базморо" сурат пазируфт.  

21
Барчаспҳо:
барои аввалин бор, рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Кувайт, ансамбли "Дарё", Шӯрои илму фарҳанги Кувайт, Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт, парлумон, Фаррух Неъматзода, Алӣ Юбҳа, Самира Ғариб, Нигина Амонқулова, Кувайт, Тоҷикистон