Китоб. Акс аз бойгонӣ

“Масъуди сипаҳсолор” бо хати форсӣ дар Кобул ба чоп расид

62
(Таҷдидшуда 10:19 08.04.2015)
Романи "Масъуди сипаҳсолор", ки ба қалами рӯзноманигори тоҷик Саид Раҳмон тааллуқ дорад, дар шаҳри Кобул бо расмулхати форсӣ ба нашр расид.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Китоби "Масъуди сипаҳсолор" ба ҳуруфоти форсӣ баргардон ва дар Кобул ба нашр расидааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин китоб дар бораи сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд ва муборизаҳо вай чун сипаҳсолор дар солҳои ҳуҷуми Иттиҳоди Шӯравии пешин ба Афғонистон ва сипас муборизаҳои вай бар зидди ҷунбиши Толибон, ҳикоят мекунад. Китоб ба қалами Саид Раҳмон, рӯзноманигори тоҷик аз шаҳри Кӯлоб тааллуқ дорад.

Саид Раҳмон дар сӯҳбат бо радио гуфтааст, баъд аз мутолиаи романҳои "Восеъ" ва "Фирдавсӣ"-и Сотим Улуғзода дар фикри навиштани романе дар бораи корномаи Аҳмадшоҳи Масъуд афтодааст, зеро ба ақидаи вай, сипаҳсолор Масъуд низ аз чеҳраҳои мондагор дар таърих ба шумор меравад.

"Фикр кардам, ки китобро бо ҳуруфоти форсӣ бояд дар Афғонистон ва дар Эрон нашр кунем. Аҳолии Тоҷикистон 8 миллион нафар аст, вале аҳолии Афғонистону Эрон хеле бештар аз Тоҷикистон аст", — гуфтааст Саид Раҳмон.

Ин нависанда мегӯяд, нашри китоб дар Кобул бо кӯмаки Абдулатифи Пидром, шоир ва сиёсатмадори Афғонистон даст додааст.

Саид Раҳмон қабл аз навиштани китоб ба Кобулу Панҷшер сафар кардааст ва бо афсарони баландрутбаву ҳамсангари Аҳмадшоҳи Масъуд мулоқот кардааст.

Дар Тоҷикистон низ бо шахсоне, ки Масъудро мешинохтаанд, аз ҷумла бо генерал Саидамир Зуҳуров, ки бо сипаҳсолор дӯстӣ дошт, барои гирифтани хотироташ сӯҳбат оростааст.

Ҳоло нусхаҳои дарии китоби "Масъуди сипаҳсолор" ба Тоҷикистон наомадааст, вале Саид Раҳмон, муаллифи ин китоб мегӯяд, ки тавассути дӯстонаш онро рӯзҳои наздик дастрас хоҳад кард.

62
Барчаспҳо:
ҷангсолор, нависанда, ҳуруфи форсӣ, роман, китоб, қаҳрамон, нашр, Саидамир Зуҳуров, Абдулатифи Пидром, Саид Раҳмон, Аҳмадшоҳ Масъуд, Афғонистон, Тоҷикистон
Нигина Амонкулова

"Гуфтиву накардӣ" : нашри суруди ҷадиди Нигина Амонқулова - видео

1090
(Таҷдидшуда 20:12 18.10.2020)
Нигина Амонқулова сарояндаи шинохтаи саҳнаи тоҷик, суруди ҷадиди худро таҳти унвони "Гуфтиву накардӣ" нашр кард

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Нигина Амонқулова овозхони шинохтаи Тоҷикистон, дар саҳифаи Qiam Entertainment дар Ютуб, суруд ва намоҳанги нави худро пешкаши мухлисонаш гардонидааст.

Навори суруд дирӯз, 17 октябр дар шабакаи Youtube нашр шудааст. Дар давоми як рӯз ин сурудро беш аз 84 ҳазор кас тамошо карда ва зиёда аз 2 ҳазор корбар писандидааст.

Ногуфта намонад, ки ин суруди Нигина Амонқулова низ дар доираи тарҳи нави сароянда бо ширкати Qiam Entertainment сабт шудааст.

Маллифи суханони суруд Орзу Исоев буда, оҳангашро Даврони Раҳматзод эҷод кардааст. Ин суруд дар бораи ошиқест, ки маъшуқаашро қадр намекунад. 

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сароянда тарҳи нави худ -  "Legends live forever" оғоз кард, ки дар доираи он сурудҳои машҳури ситораҳои номдори шарқро бозхонӣ мекунад. Ба гуфти Нигина ин тарҳро ба ӯ ширкати  Qiam Entertainment, ки сароянда аз оғози соли 2020 бо он ҳамкорӣ дорад, пешниҳод кардааст.

То ҳол Нигина сурудҳои сарояндаҳои шодравон  - Аҳмад Зоҳир, Муқаддас Набиева, Зафар Нозим, Муҳаммадрафеъ ва Аминҷон Сабуриро, ки ба гуфти худаш аз ҳама бештар писандаш ҳастанд, иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова суруди Муқаддас Набиеваро бозхонӣ кард

Нигина Амонқулова дар доираи ин тарҳи ҷадид, нахустин бор ба забони ҳиндӣ сароид. Ҳамчунин дар баробари зинда кардани ёди ҳунармандони қадимӣ, Нигина дар доираи ин тарҳ, се суруди ҷадиди худро низ месарояд.

1090
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, нав, ҷадид, нашр, Нигина Амонқулова
Младенец, архивное фото

Машҳуртарин номҳои кӯдакона дар Ӯзбекистон маълум шуд

515
(Таҷдидшуда 09:25 18.10.2020)
Соли 2020 Муҳаммадалӣ ва Солиҳа номҳои маъмулӣ шуданд. Соли гузашта низ ба онҳо шумораи бештари волидон бартарӣ додаанд

ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Агентии хизматрасонии давлатии назди Вазорати адлия маълумотро дар бораи номҳои маъмул дар Ӯзбекистон, ки волидон барои кӯдакони навзод интихоб кардаанд, нашр кард.

Изабелла, Сензора, Имран: Кумитаи забон 217 номи нав илова ва 223 номи аҷнабиро рад кард

Тибқи маълумоти ин ниҳоди давлатӣ, дар соли 2020 маъмултарин номҳо Муҳаммадалӣ ва Солиҳа буданд: 1582 писар ва 1601 духтар ба ин ном гузошта шудаанд.

Тибқи омори соли гузашта, ин номҳо инчунин мавқеи аввалро ишғол мекарданд.

Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Дар соли гузашта, 12 461 шаҳрванд ба фарзандони худ Солиҳа ва 11 305 шаҳрванди Ӯзбекистон ба фарзандонашон Муҳаммадалӣ ном гузоштанд.

515
Встреча Посла Республики Таджикистан в Королевстве Саудовская Аравия Акрама Карими с Государственным министром иностранных дел Королевства Саудовская Аравия Аделем Аль-Джубейром

Ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудӣ тақвият меёбад

0
(Таҷдидшуда 15:43 20.10.2020)
Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр дидору мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Рӯзи 19 октябр  дар шаҳри Риёз мулоқоти сафири  Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Одил Ал-Ҷубайр баргузор гардид.

Дар ин бора Сафорати тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин дидор, ҳамкриҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Арабистони Саудиро баррасӣ кардаанд.

Хатмкардаи “Ал-азҳар”, донандаи 5 забон: сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ кист?

"Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ ёфтанд", - омадааст дар хабарнома.

Маросими ҳаҷҷи умра дар Арабистони Саудӣ аз сар гирифта шуд

Ёдрас мешавем, ки Акрам Каримӣ ба тозагӣ - моҳи августи соли равон, сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, яке аз кишварҳои калидии олами ислом таъин шуд.

Каримӣ Акрам Муҳаммадрасул соли 1978 дар деҳаи Овчии ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ба дунё омада, хатмкардаи бахши забони арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дипоматияро дар Донишгоҳи “Ал – азҳар” – и Мисри Араб омӯхтааст.

0
Барчаспҳо:
гуфтугӯ, дидор, сафорат, Ар-Риёз